ЧАРОҒБОНИ ҲУНАРИ БОБОӢ

Кулоли машҳури самарқандӣ Илҳомҷон Воҳидӣ – набераи Усто Умар Ҷӯрақулов, дар соли 2002 ба Сармуншии Созмони Милали Муттаҳид Кофи Аннан муҷассамаи композитсиониеро ирсол дошта буд.

Устои машҳурро муяссар гардидааст, ки дар он симои ҷамъбастии даҳшатафканиро дар муҷассама ифода намояд: Махлуқи ваҳшӣ чанголи нугтезашро ба тани нозуки сайёра фурӯ нишонда, тайёр аст, ки ҳама мавҷудоти зиндаро маҳв бисозад. Аммо худи вай дастгир шуда, бо дасти тавоно таҳти фишор чун ҷавоби сазовор аз ҷониби сайёра қарор дорад. Дастҳое, ки кураи замин дар рӯйи онҳост, мероси аҷдод,  мақомоти ҷамоатӣ, давлатӣ ва  байналмилалӣ, ҳаёт ва сулҳро ҳифз мекунанд. Дар пояи муҷассама ситораи шашгӯша – нишони оташпарастӣ ҷойгузин аст. Ёдовар мешавем, ки андешаи асосии китоби осмонии зардуштия – “Авесто” набарди хайру шар аст. Дар поёнтар эпиграфи муаллиф,  ки ҷаҳонбинӣ ва ҷаҳонфаҳмии ӯро инъикос менамояд, оварда шудааст. Он ҳам андарзе барои ҳамзамонон ва насли оянда аст: ”Одам ҳангоми даргузашт аз дунё ҳамаи бадиҳоро бо худ гирифта, дар ҷаҳон хубиҳоро ба ёдгор мегузорад”.
Ба Илҳомҷон Воҳидӣ ҷавоби яке аз роҳбарони сохтори СММ Ҷонсон Бритсон расидааст, ки чунин сатрҳоро дорад: ”Иҷоза фармоед, то сипосро барои лутфу марҳамататон арза дорам. Барои он ки Шумо шамъдони кулолиро, ки ифодагари пирӯзии бани башар бар даҳшатафкании байнимиллӣ мебошад, фиристодед”.  
Илҳомҷон Воҳидӣ ҳадяи фиристодаро ба СММ аз асарҳои беҳтарини худ мешуморад. 
Хуб, устои кулоли машҳури самарқандӣ кай ба ин ҷодаи ҳунар қадам ниҳод?
Ҳанӯз овони наврасӣ, дар понздаҳсолагӣ шавқу ҳаваси Илҳомҷон ба ҳунари кулолӣ бедор гардидааст. Вай кори бобояш Усто Умар Ҷӯрақуловро наззора мекард ва дар дил орзу мепарварид, ки кулоли гулдаст шавад. 
Пас аз он ки ба бобояш устохонаи алоҳида ҷудо карданд, Илҳомҷон ба ҳамон ҷо рафта, санъати кулолиро меомӯхт. Азбаски нерӯяш ба кор дар чархи кулолӣ намерасид, бо машварати устоҳо аз гил ҳар гуна ҳайкалчаҳо месохт. 
Пас аз хатми мактаби миёна ва адои хидмати ҳарбӣ чанде дар комбинати нон кор кард, аммо он ҷо дуру дароз кор карда натавонист. Вай дарк кард, ки ҷойи ӯ дар устохонаи бобояш аст. Шояд садои сулолаи ниёгони кулолаш, ки 400 сол боз бо ин ҳунар сарукор доштанд, вайро ба сӯйи ҳунари аҷдодӣ мехонд. 
Аз соли 1980 ӯ дар ҳар гуна озмуни вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ ширкат дошт ва комёбу пирӯз ҳам мегардид. Соли 1983 кулоли ҷавон ва боистеъдодро ба узвияти Иттиҳоди мусаввирони ИҶШС пазируфтанд. 
Аз ӯ суол кардем, ки ҳунари кулолӣ ба ҷуз нерӯи ҷисмонӣ боз чиҳоро тақозо дорад? 
– Кулол бояд то ҷое мусаввир низ бошад, – посух дод ӯ. 
Усто Илҳомҷон Воҳидӣ дар замони шӯравӣ ба  Белоруссия, Украина,  Ҳуланд,  Юнон ва ғайра сафари ҳунарӣ анҷом додааст. Вай зимни суҳбат гуфт:
– Дар мамлакатҳои хориҷӣ мушоҳида кардаам, ки кулолҳоро бештар майлу хоҳиш ба ҷараёнҳо, услубҳои кубизм ва авангард аст, онҳо технологияи баландро соҳиб мебошанд.  
Дар хусуси мактаби кулолии Мусаввири мардумии Ӯзбекистон Усто Умар Ҷӯрақулов чунин гуфт:
– Имрӯз кори бобоямро академик Худойбердӣ Ҳақбердиев, Устои халқии Ӯзбекистон Азим Шарифов ва Холмамат Исматуллоевҳо идома дода истодаанд. Ман дар яке аз мадрасаҳои Регистон дари устохонаамро боз кардаам ва шогирдони мактаби рақами 2-юмро, ки дар шафати он воқеъ аст, ҳунари кулолӣ меомӯзам. То ҷон дар рамақ дорам, кӯшо дар ҳунару кори бобоям мешавам ва нахоҳам гузошт, ки шӯълаи мактаби кулолии ӯ хомӯш гардад... 
 
Ӯктам ИБРОҲИМ.
САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: