ЧАРОҒИ ДИЛУ ДИДА

Домулло Зеҳнӣ фаъолияти илмиву адабиашонро дар солҳои мураккаб ва барои таъриху фарҳанги тоҷикон тақдирсоз дар Самарқанд оғоз кардаанд.

 Омилҳои аслие, ки он солҳо рӯшанфикронро аз тамоми минтақаҳои Осиёи Миёна барои бунёди илму адабиёт, матбуоту нашриёт ва мактабу маорифи нави тоҷикӣ дар Самарқанд гирди ҳам овард, аввалан ҳисси маърифатпарварии  онҳо, сониян муҳити озод ва инсонпарвари ин шаҳр буд. Ба назари банда ҳузури Устод Айнӣ низ василаи таъсиргузоре буд дар раванди муттаҳидшавии рӯшанфикрон ва амалҳои солеҳонаашон дар ин шаҳр. Дар ҳамин гуна муҳит Зеҳнӣ ҳамроҳ бо дигар равшанфикрон дар роҳи ташаккул ва пешрафти илму адабиёт ва фарҳанги нави тоҷикӣ фидокорона хидмат кардааст.
Доираи фаъолияти Зеҳнӣ то ҳабс шудан асосан дар Самарқанд ҷараён гирифтааст. Вай аз нимаи дувуми солҳои бист ҳам муаллимӣ кардааст ва ҳам ба фаъолияти илмиву рӯзноманигорӣ, табъу нашр ва таълифи китобҳои дарсӣ машғул будааст. Ҷӯстуҷӯҳои ӯ дар  соҳаи назарияи адабиёт, бахусус,  илми бадеъ, арӯз, масъалаҳои муҳими забони тоҷикӣ,  забони матбуот, забон ва адабиёти шифоҳӣ, робитаҳои адабӣ, тарҷума ва ғайра ҷузъи муҳими фаъолияти босамари ӯ будааст.
Имрӯз вақте ки мо ба хидматҳои ин марди дониш баҳо доданӣ мешавем, бояд дар назар гирем, ки дар бисёр масъалаҳо дар он рӯзгор ӯ ҳарфи аввалро гуфтааст. Зеҳнӣ муаллифи нахустин китобҳои дарсӣ барои мактабҳои тоҷикӣ буд, ки “Омӯзиш”, “Сарфи забони тоҷикӣ”, “Забони модарӣ”,  “Морфология”, “Китоби кор” ва ғайра аз ин ҷумла буда,  баъзеи онҳоро дар ҳамкорӣ бо В. Маҳмудӣ, Б. Ҳоҷизода, Л. Бузургзода, Ҳ. Бақозода ва Ҳ. Каримов барои синфҳои гуногун таълиф намудааст. Ин китобҳо имрӯз дар истифода нестанд. Вале ман вақте ки баъзеи онҳо, аз ҷумла китоби “Сарфи забони тоҷикӣ” барои синфи сеюмро варақ задам, чизи муҳиме, ки  аз таҷрибаи муаллиф дарёфтам, ин дар шарҳи мисолҳо ба забони осори классикон такя кардани ӯ  мебошад. Дигар ин ки дар интихоб ва корбасти истилоҳоти забоншиносӣ низ ба суннатҳои таърихӣ ва миллӣ такя задааст, ки далели садоқатмандии ӯ ба фарҳанги миллӣ мебошад. Ҳамин ҳисси масъулияти таърихиву миллӣ ӯро водор кардааст, ки аввалин мақоларо дар бораи Рӯдакӣ дар адабиётшиносии навини тоҷик эҷод кунад ва ҳамзамон масъалаи таҷлили 1000-солагии Одамушшуароро ба миён гузорад. 
Зеҳнӣ яке аз бунёдгузорони матбуоти нави тоҷикӣ буд ва дар ташаккули забони аввалин рӯзномаҳову маҷаллаҳои тоҷикӣ саҳми чашмрас доштааст. Бисёре аз мақолаҳояш, ки дар “Овози тоҷик”  ва маҷаллаи “Раҳбари дониш” дар нимаи дувуми солҳои бистум ба чоп расидаанд, далели садоқати ӯ дар назди забони поку беолоиши тоҷикӣ ва ҳифзи унсурҳои муҳими сохтории он мебошад. Дар ин замина мақолаҳои ӯ “Мубоҳиса дар бораи забон ва адабиёт”, “Дар бораи забон”, “Забон ва адабиёти форсии муштарак”, “Забони гуфтугӯии ҳозираи тоҷикон”, “Забони гуфтугӯии ҳозираи тоҷикон ва монанди инҳо”, “Забони овози тоҷик”, “Дар бораи алифбои нав”, “Фикри ман дар бораи забони чопагӣ”, “Маслиҳатҳои ман дар бораи забон”, “Вазифаи матбуоти тоҷик дар бораи забон” ва ғайра масъалаҳои бунёдии забонро дар бар гирифтаанд, ки бисёре аз онҳо имрӯз низ барои ҳифзи покизагии сохтори забон ва истифодаи он пураҳамиятанд.
Домулло Зеҳнӣ солҳои бистуму сиюм ва давраи авҷи пантуркизму “террори сталинӣ” муддате дар Душанбе, ба ифодаи худаш “дар Комитети тоҷикшиносӣ” фаъолият намуд ва ҳамин ки таъқибаш шурӯъ мешаваду бо айби ҳамраъйӣ бо Бектош ҳамроҳи Мирзо Турсунзода ва Сотим Улуғзода аз сафи комсомол хориҷ карда мешавад, ба Самарқанд баргашта дар мактаби миёна ва  Дорулфунуни давлатии Ӯзбекистон аз фанни забону адабиёти тоҷик ва хати форсӣ дарс мегӯяд. Мақолаҳои Зеҳнӣ худ гувоҳи хидмат ва садоқаташ ба арзишҳои мондагори миллӣ буда, ҷиҳати намуна лозим медонам, ки пораи зерро аз як мақолаи ӯ иқтибос кунам. Ӯ солҳои бист навишта буд: “Забон аст тору пуди маънавият, асосу бунёди ирқу маданият, саҷияи (табиат) миллӣ аз забон падидор аст. Ҳатто аз ин ҷиҳат забони сода тамассули  миллият набуда, дар айни замон меъёр, хазина, ҳатто омили асосноку хулосаи вуҷуди миллият аст.” 
Ин андешаи Зеҳнӣ мавқеи ӯро дар ҷараёни барқароркунии, ба қавли худаш – вуҷуди миллият мушаххас месозад. Бинобар ин, гароиши бештари Зеҳнӣ ба суннатҳои илмиву адабии миллӣ ва таҳқиқот дар ин замина дар фаъолияти ӯ тасодуфӣ набуд. Таълифоти ӯ дар бораи илми бадеъ, арӯз, сарнавишти адибону фарҳангиёни тоҷик, эҳёи номҳои таърихӣ, шаклҳои мақбули вожасозӣ ва чанди дигар танҳо ҳадафи ҷалби таваҷҷӯҳи муосирон ба суннатҳои арзишманди адабию фарҳангии миллиро дошт.
Мутаассифона, Зеҳниро дар айни камолоти эҷодӣ ба ҷурми таълими хати форсӣ дар Донишгоҳи Самарқанд 21-уми июни соли 1941 зиндонӣ карданд ва боқӣ беҳтарин даврони зиндагияш дар маҳбас гузашт. Баъди бозгашт муддате дар Самарқанд зиста, баъд ба шаҳодати зиндаёд Муҳаммадҷони Шакурӣ, бо  ёрӣ ва дастгирии бевоситаи раҳбари ҳамонвақтаи Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ Муллоҷон Фозилов  ва мусоидати Бобоҷон Ғафуров дар ин маркази илмӣ ба фаъолият шурӯъ мекунад ва дар таълиф ва танзими “Фарҳанги забони тоҷикӣ” саҳми худро мегузорад. Ба қавли М. Шакурӣ “қариб ними китоби бузурги “Фарҳанги забони тоҷикӣ” чакидаи қалами Зеҳнист”.
Дар ин замина яке аз корҳои дигари муҳиме, ки Зеҳнӣ анҷом дода буд, таълифи  дастурҳои назарӣ оид ба арӯз ва илми бадеъ буд, ки баъдтар бо номи “Санъати сухан” борҳо чоп шудааст. Дар замоне, ки гоҳо аз нофаҳмӣ, гоҳи дигар аз таассуби суннатгурезӣ баъзе шоирон аз суннатҳои сохтории шеъри форсии тоҷикӣ гурез меҷустанд, ин китоби Зеҳнӣ дастури шинохт ва иҷрои муқаддасоти ҳунарии шеъри асили тоҷикӣ буд ва дар муҳити адабӣ таъсири судманде ҳам дошт. Зеҳнӣ тавонист, ки назариёти суннатии шеъри форсии тоҷикиро дар заминаи дастурҳои назарии гузаштагон дар ин китоб дар шакли мухтасар бо диду тафсири нав гирд оварда, хонандаро бо тағйироте, ки дар қоидаҳои арӯзу қофияи суннатӣ дар замонҳои баъд ба вуҷуд омадааст, ошно созад.
Зеҳнӣ ҳеҷ гоҳ пайванди рӯҳонӣ ва ҷисмониашро аз зодгоҳаш наканда, балки ҳамеша дар ёди Самарқанд будааст. Солҳои дар Самарқанд зистану фаъолият карданаш ҳавлии Боғи Майдон ва боғи машҳураш маҳалли дидору мулоқот бо аҳли зиё, аз ҷумла, Айниву Лоҳутӣ барин шахсиятҳо будааст. Беш аз ин таърих ва сарнавишти қаламкашони самарқандӣ дар тӯли солҳо ҷузъи андешаву орояш буда, бинобар ин таълифи мақолаи “Номҳои маҳал дар Самарқанд” ва тазкираи “Суханварони Сайқали рӯйи замин” аз тарафи он кас тасодуфӣ набуд. То он кас ин кор ба ёди ҳеч кас нарасидааст. Зиндаёд дар мақолаи зикршуда аввалин бор  таърихи номҳои маҳаллоти Самарқандро таҳқиқ карда, дар такя ба китобҳои “Самария” ва “Қандия” қиёсан шаклҳои қадимаи исми гузарҳову маҳаллоти зодгоҳашонро, ки имрӯз аз ёдҳо рафтаанд, барқарор кардаанд. Тазкираи зикршуда равиши тозаи ҷустуҷӯ ва бозгӯи саҳми бевоситаи қаламкашони Самарқанд дар тамаддуни форсиву тоҷикист, ки то домулло Зеҳнӣ ин корро касе накардааст.  
Самарқанд дар хотираҳои домулло Зеҳнӣ, ки мутаассифона фақат пораҳое аз онҳо дар китоби он кас “Чанд сухани судманд” ва ёдномаи “Зеҳнӣ дар дилу дидаи дӯстон” чоп шудааст, ҳамчунон зиндаву шукӯҳманд ҷилва мекунад ва пайванди маънавию ҷисмониашонро бо зодгоҳашон равшан таҷассум менамояд.
Чунонки ишора кардем, нақши домулло Зеҳнӣ ва ҳамсафонашон дар ташаккул, ҳифз ва идомати суннатҳои адабиву фарҳангии тоҷикӣ на фақат дар Самарқанд, балки дар ҳудуди Ӯзбекистон  бузург аст ва ин анъана имрӯз низ барҷост. 
Шумо, албатта, огоҳ ҳастед, ки дар Самарқанд ва баъзе минтақаҳои дигари Ӯзбекистон доираҳои адабие, ки  ба муҳокима ва чопи осори шоиру нависандагони тоҷикзабон машғуланд, амал мекунанд ва дар роҳи нашри  ин осор ҳеч гуна монеъае набуду нест.  Умедвор ҳастам, ки равиши мусбати робитаҳои имрӯза, ки асосгузораш раҳбарони ҳар ду кишвар ҳастанд, минбаъд такмил меёбад ва рӯҳи Зеҳнӣ дар ин раванд мададгори мо бошад. 

Ҷумъа ҲАМРОҲ,
мудири кафедраи
 филологияи тоҷик 
ва забонҳои Шарқи
 хориҷаи Донишгоҳи 
давлатии Самарқанд, 
доктори фанҳои филология, профессор.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: