ЧАРОҒИ ХОНА – МОДАР

Модар шахси мӯътабар, мӯнису мушфиқест, ки он ҳама ғамхориву меҳрубониҳояшро наметавон баён кард.

Гар меҳр бибоядат, зи Модар ҷӯяш,
Гармию сахо зи шамси ховар ҷӯяш.
Дар рӯйи замин агар  ҳақиқат ҷӯйӣ, 
Ҳақбиниву ҳақгӯйӣ зи Модар  ҷӯяш.

Модар шахси мӯътабар, мӯнису мушфиқест, ки он ҳама ғамхориву меҳрубониҳояшро наметавон баён кард. Ин олиҳаи бузург тамоми ҳастӣ, ҳушу зеҳни хешро барои фарзанд адо мекунад. Модар як калимаест, ки аз ҳар як ҳарфаш як ҷаҳон маъно метавон пайдо намуд. Модар, яъне кӣ? Дуррест, нафаси осудаи фарзанд, насимест бар машоми ҷигарбанд, занҷираест, ки аъзои оиларо ба ҳам мепайвандад. Модар, яъне, офариниши зебоиву хурсандиву хушбахтиҳо. Чаро, ки ӯ ягона шахсест, ки мехоҳад дар олами ҳастии фарзанд хушиву хурсандиву бурдбориҳоро бо чашми муҳаббат ва серӣ бинад. Бе шубҳа, мо метавонем Модарро маликаи воқеии хонаамон ҳисобем. Аз ин рӯ мебояд Модарро чароғи хона, файзи дилу дида бишморем. Хонаи бемодар камингаҳи тангу торик аст. Хонаи бемодарро боз аз забони шоир  мебинем.
Хона бе Модар, дар он ҷо хира месӯзад чароғ,
Ёди модар мегузорад дар замини сина доғ.
Мебояд Модарро навозишкору меҳрубон донист ва нисбаташ ғамхор буд.  Албатта ин фариштамисоли хонадон дили бузурге дорад, ки ҳатто дунё бо ин қадар азимӣ пеши ӯ  кӯчак аст. Чи тавре гуфтаанд ва мегӯянд: ,,Модар бо як даст гаҳвора  ва бо дасти дигар дунёро такон медиҳад”. Шахсе, ки ба қадри Модар намерасад ё  меҳри бузурги Модарашро эҳсос намекунад, бе ҳеҷ шакку шубҳа,  хор мешавад. Ба ҳар як инсон амри воҷиб карда шудааст, ки аввало худ ва падару модарашро эҳтиром намояд. Ҷиҳати тақвияти суханони худ аз ,,Қобуснома”-и Унсурулмаолии Кайковус ,,Андар шинохтани ҳаққи модару падар” нигоштаҳои арзишмандеро рӯйи когаз оварданием. Кайковус ба писари худ Гелоншоҳ насиҳат карда мегӯяд, ки ,,...бо падару модари худ чунон бош, ки аз фарзандони худ тамаъ дорӣ, ки бо ту бошанд. Зеро ки он ки аз ту зояд, ҳамон тамаъ дорад, ки ту аз падару модар дорӣ, ки масал одамӣ ҳамчун мева аст ва модару падар ҳамчун дарахт. Ҳарчанд дарахтро тааҳҳуд (нигоҳубин) беш кунӣ, мева аз вай накӯтару беҳтар ёбӣ. Ва чун падару модарро ҳурмату озарм беш дорӣ, дуову офарини эшон дар ту асари бештар кунад ва мустаҷобтар бувад...ва ба хушнудии эшон наздиктар бошӣ. Ва зинҳор, ки аз баҳри мерос марги падару модар нахоҳӣ, ки бе марги падару модар ончи рӯзии ту бошад, ба ту бирасад”. ,,Қобуснома”, нашриёти ,,Маориф”. Душанбе 1979, (саҳифаи 14, 15). Оре, дуои падару модар ва ҳурмати иззати онҳо беҳтарин ганҷина барои фарзанд аст. Чи тавре устод Айнӣ мегӯяд, ки модарам вақти дар бистари беморӣ бо марг мубориза мебурд, ба ман дуо карда ҳазор сола шавӣ гуфт. Имрӯз гарчи Айнӣ нест, вале номи ӯ то ҷаҳон ҳаст, боқист.
Ҳасрати дӯсти гиромиеро ба қалам меорем:    
...ӯ мегӯяд, ки инсон дар зиндагонӣ бояд ба қадри шахсиятҳое, ки барояш арзишманданд, бирасад. Ва инро  ҳам набояд фаромӯш кунад, ки арзишмандтарин шахс барои ҳар як фард, Модар мебошад. Оре, мо ин фикри зеборо ба ҷону дил пазироӣ дорем. Албатта, аз ҳаракатҳои ин дӯстам пайгир мешавам, ки бесабаб дар симояш як пазмониву дар дил як дарде дорад, ки ин ҳама баҳри модари ҷонсӯзу ғамхораш, ки ӯро дар ҷаҳони бевафо дар айни ҷавонӣ тани танҳо гузошта олами фониро ба боқӣ падруд гуфтааст. Марги модарро ба худ як фоҷиае қабул кардааст, ки гӯё гуле шукуфонеро аз бӯстон канда  ба як замини беобу бесабза шинонида бошанд. Яъне ӯ ҷудоӣ аз модарро ба худ чунин қабул кардааст. Ва бо ҳасрати хосса рӯйи забон меорад: – Ба гумонам Модарам дар бистари беморӣ азобу андӯҳи гарони зиёдеро аз сар гузарондааст, ки ман онро ҳис накардам ва имрӯз фироқи модар маро пазмон кардааст, ки он пазмониву сӯзишро касе дарк карда наметавонад. Охир, Модар – Модар аст! Имрӯзҳо, ки дар донишкада таҳсил дорам ва ҳар лаҳза орзу мекунам, ки эй кош, Модари мунису муштипарам, ки ҳар гоҳ маро сарзаниш мекард ва баъдан боз раҳм мекарду навозишам менамуд, аз пеши роҳам мебаромад ва пешвозам мегирифт. Эй кош, модари фариштаам дами дар мебаромаду хурсандӣ мекард ва маро дар оғӯш мегирифту аз пешонаам мебӯсид. Вале, афсӯсу саддареғ, ин давлати бебаҳои ман имрӯз аз чашмҳои интизори ман нопадид аст. Оҳ, ҳарҷо, ки ҳастам ва ҳар вақту даме, ки сипарӣ кардаам ё ки таоме хӯрдаам, лаззате надорад.  Ягона орзӯям ин аст, ки кош мебуд рӯзе ё лаҳзае, ки сарам дар зонуи Модар бошад ё сарҷамъона дар сари дасторхон бошем. Вале, ин як орзу мебошад, ки бо ман то лаҳзаи охирини ҳаётам боқӣ мемонад. Пас ҳар як шахс мебояд дар зиндагонӣ ин ганҷи бебаҳоро бо худ дошта бошад, пос дорад, иззату эҳтиромаш намояд. 
Ҳастии модарро боз дар риштаи назмии устод Шоҳимардони Валимуҳаммад ҷило мебахшем, ки хеле зебову гуворо фармудаанд:
Модар чи накӯ кони сахое будааст, 
Ҳар панду насиҳаташ дуъое будааст.
Гар беадабӣ кардаму танбеҳам дод,
Ҳар танбеҳи ӯ чу сад шифое будааст.

Сабина ДАВРОНОВА,
Насим СОДИҚОВ,
донишҷӯёни Донишкадаи омӯзгории Чирчиқ.  

 

АФСОНАИ БАҲОР
(Тарона)

Баҳор фасли зебоӣ ва шукуфоист. Дар ин фасл дилҳо аз ғам фориғ мешаванду аз фараҳу шодӣ лабрез. Наққоши табиат дар ин фасли сол манзараҳои аҷиб меофарад. Замин қабои сабзу махмалин ба бар мекунад. Аз гулҳои тару тозаи нав аз замин рӯида гулдастае таҳия намуда, ба модари хеш ҳадя месозем...
Бо омадани «арӯси сол» мурғи дил ба парвоз меояд. Шеърҳо, нақшҳо, таронаҳо бештар дар ҳамин айём мисли гулу сабза дар ёлаву пуштаҳои дил мерӯянд. Ба қавли шоир Салими Хатлонӣ:
Баҳор омадани дурӯғи зебо буд,
Ки гоҳе нокомӣ зи бегуноҳии лабҳои пок рӯида.
Баҳор як муаммо буд,
Ҷавоби омаданаш:
Буд, набуд...

Анорбойи ШОДИПУР.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: