ЧАРОҒҲО ҲАНӮЗ ФУРӮЗОН

Дар маҷмӯи хотираи «Қабристони бародарӣ» воқеъ дар Тошканд аксияи анъанавии «Чароғи ёдбуд» бо иштироки онҳое, ки ба даҳшатноктарин набард дар таърихи инсоният бефарқ нестанд, баргузор гардид.

Дар маҷмӯи хотираи «Қабристони бародарӣ» воқеъ дар Тошканд аксияи анъанавии «Чароғи ёдбуд» бо иштироки онҳое, ки ба даҳшатноктарин набард дар таърихи инсоният бефарқ нестанд, баргузор гардид.
Дар ин ҷо намояндагони ҳайатҳои дипломатӣ, марказҳои фарҳангӣ, ихтиёриён ва меҳмонони пойтахт гирд омаданд, то хотири қурбониёни ҷангро пос доранд, арзи эҳтиром намоянд.
Инсоният ҷангҳои бисёр дид, аммо ин гуна фоҷиаи мудҳишро аз сар нагузаронда буд. Дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939-1945) 72 давлати хурду бузурги олам иштирок кард, доманаи амалиётҳои ҳарбӣ дар қаламрави 40 давлати ҷаҳон вусъат ёфт. Ҷанг ба хазон шудани умри бештар аз 50 миллион нафар сабаб шуд, садҳо миллион нафар аҳолии мамлакатҳое, ки ба гирдоби ҷанг кашида шуда буданд, ба маҳрумият ва азоби тоқатшикан гирифтор гаштанд.
Ҷанг ба Ӯзбекистон низ соя андохт. Назар ба маълумотҳо, аз Ӯзбекистон якуним миллион нафар ба фронт сафарбар гардиданд. Аз онҳо танҳо ним миллион ба диёр баргашт.
Талафоти калон овард ҷанги хонумонсӯз. Чӣ қадар падару модарон дар доғи фарзанд сӯхта, обу адо шуданд. Чӣ қадар арӯсҳо бева монданд, чӣ қадар фарзандҳо ашки талхи ятимӣ ва маҳрумият рехтанд...
Ба афрӯхта шудани оташи ҷанг дар хоки Иттиҳоди Шӯравӣ 80 сол, ба Ғалабаи бузург бештар аз 76 сол гузашт, вале тавре ба назар мерасад, ҷароҳатҳо ҳанӯз шифо наёфтаанд.
Дар чорабинӣ қабл аз «дақиқаи сукут» мактаббачагон аз достони «Ҷаноза»-и Роберт Рождественский порча хонданд.
Гаштаю баргашта таъкид ёфт: «Мо даҳшатҳои ҷангро фаромӯш накардаем. Намехоҳем, ки он боз такрор ёбад»...
Ба пойи маҷмӯи «Қабристони бародарӣ» гулдастаҳо гузошта шуданд.

Мухбири худамон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: