Зинаи вилоятии озмун аз фанҳо миёни муҳассилони синфҳои 9, 10, 11-уми мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар шаҳри Қаршии вилояти Қашқадарё бо шукуҳи хосе баргузор гардид.
Мактаби миёнаи рақами 42-юми шаҳри Қаршӣ мизбони ин чорабинии воло буд. Барои ба даст овардани ҷоизаҳои озмун аз шаҳру навоҳии вилоят даҳҳо нафар донишомӯзон гирдиҳам омаданд. Аз ҷумла, аз мавзеъҳои тоҷикнишини вилояти Қашқадарё чун Деҳқонободу Шаҳрисабз, Китобу Нишон низ хонандагони мактабҳои тоҷикӣ ширкат варзида, дониш ва маҳорати худро аз фанни забон ва адабиёти тоҷик санҷиданд.
Дар сабқат синфи 11-ро 13 нафар муҳассилон (ғолибони озмуни ноҳиявӣ) намояндагӣ карда, аз рӯйи ду бахши озмун вориди мусобиқа гаштанд. Онҳо ба саволномаҳои тест, ки Вазорати таълим тақдим кардааст, посух доданд. Чуноне маълум гашт, саволҳо барои хонандагон ғайриинтизор буданд ва онҳо чашмдор набуданд, ки як қисми бештари онҳо адабиёти ҷаҳонро дарбар мегиранд. Солҳои қаблӣ саволномаи тест дар доираи адабиёти форсию тоҷикӣ матраҳ гашта ва хонандагон низ дар донистани ҳамин қисмати фан тамаркуз гирифтаву посухи хуб медоданд.
– Ҳамин ғафлатгир кардан ҳамаро дар ҳайрат гузошт ва кунун хонандагон мутмаин гаштанд, ки санҷишоти тест метавонад ҳар замон ба самте майл кунад. Бинобар ин, хондани тамоми бахшҳои адабиёт хеле зарур аст, – гуфт Ҳамид Холмӯъминов, узви доварон ва омӯзгори забон ва адабиёти мактаби рақами 10-уми ноҳияи Деҳқонобод. Аммо назар ба гуфтаи ӯ, навиштани эссе дар мавзӯъҳои иҷтимоӣ дар озмуни имсола як падидаи наве буд ва хонандагон дар навишти чунин асари публитсистӣ омодагии хубе надоштанд. Даст кашидан аз мавзӯъҳои қолабии пешин ва рӯ овардан ба мавзуоти иҷтимоие, ки ҳаёти имрӯзи моро фаро мегиранд, боз ҳам хонандагонро шитобзада кард.
– Агар хонанда саводи баланди хаттӣ ва ҷаҳонбинии васеъ дошта бошад, метавонад, дар ҳар мавзӯи пешниҳодшуда фикри худро рӯйи коғаз оварад. Дар ин маврид набояд аз касе домангир шуд, – гуфт Ҳ. Холмӯъминов.
Мавзӯъҳои эссе, ки хонандагон бояд нависанд, замонавӣ буданд. Масалан, аз донишомӯзон талаб мешуд, ки дар бораи «Экотуризм ва ҳифзи табиат: имконот ва хатарҳо», «Тарзи ҳаёти солим: сиёсати давлат бояд ё масъулияти шахсии ҳар фард»... Ва ба ин монанд чандин мавзӯъ пешниҳод шуданд, ки аз хонандаи имрӯза ҷаҳонбинии васеъ ва фикри мустақилро талаб мекунанд. Аммо худи жанри эссе барои донишомӯзон нав будааст ва аксари онҳо аз моҳияти он бехабар буданд. Аз ин ҷост, ки дар навишти эссе дар мавзӯи матлуб ба мушкилӣ гирифтор шудаанд.
Имтиҳони тест ва иҷрои кори хаттӣ (навиштани эссе) дар байни хонандагони синфҳои 11 бо чунин натиҷаҳо ҷамъбаст гардид: Зафар Амонов муҳассили мактаби рақами 10-уми ноҳияи Деҳқонобод аз саволҳои тест 35,1 хол ва аз навишти эссе 45 хол ҷамъ оварда, сазовори ҷойи аввал гардид. Ҷойи дуюм дар байни хонандагони синфи 11 ба донишомӯзи мактаби рақами 52-уми ноҳияи Китоб Райҳон Давлатова дода шуд, ки мавсуф дар маҷмӯъ ба гирифтани 69,2 хол муваффақ гардид. Шоҳҷаҳон Раҳматуллоев аз мактаби рақами 30-юми ноҳияи Китоб бо ҷамъоварии 61,4 хол зинаи 3-юмро аз забон ва адабиёти тоҷик забт намуд. Ин донишомӯзон барои ширкат дар зинаи ҷумҳуриявии сабқат роҳхат гирифтанд.
Натиҷаи озмун дар байни синфҳои 11 нишон дод, ки намояндагони ноҳия-ҳои Нишон ва Миришкор аз фанни забон ва адабиёти тоҷик саводи нисбатан паст доранд ва зинаҳои аз ҳама поёнро ишғол намуданд. Таҳлили ин арқом нишон медиҳанд, ки дар мактабҳои баъзе ноҳияҳо ба таълиму тадриси фанни забон ва адабиёти тоҷик аз паси панҷа менигаранд ва ё дар интихоби беҳтарин хонанда дар зинаи ноҳиявии озмун ба хато роҳ медиҳанд. Дар ҳар ҳолат дониши назариву хаттии муҳассилони ширкатдошта ҳанӯз қонеъкунанда набуда, ҳам аз ҷониби омӯзгорон ва ҳам шогирдони онҳо заҳмати бештаре талаб мекунад.
Омӯзгорони фанни забон ва адабиёт дар он назаранд, ки кам карда шудани соатҳои дарсии забон ва адабиёти тоҷик ягона сабаби паст рафтани дониши муҳассилон мебошад. Масалан, барои хонандагони синфҳои 9-уми мактабҳои тоҷикӣ солҳои қаблӣ дар як ҳафтаи хониш 9 соат дарси забон ва адабиёт ҷудо карда шуда буд. Кунун панҷ соати онро ихтисор намудаву ба 4 соат поин овардаанд.
Таҳлили натиҷаи саволномаҳои тест ва эссе (хаттӣ) дар синфҳои 9 ва 10, ки хонандагон дар озмуни вилоятӣ дониши худро санҷиданд ва доварон ба таври шаффоф баҳогузорӣ намуданд, низ мояи нигарониҳост. Ба саволи «чаро аз байни ғолибони озмуни зинаи вилоят, ки аз Қашқадарё ба сабқати ҷумҳурӣ роҳхат гирифтаанд, солҳои охир касе муваффақ намегардад?» – ҳама китф дарҳам мекашанд ва посухи мушаххасе надоранд. Мо минбаъд ба ин ҷиҳати масъала зиёдтар таваҷҷуҳ хоҳем кард ва омӯхтаву муайян мекунем, ки айб дар ош аст, ё дар мош?!
Вақти он расида, ки бедор шудаву дар пайи тармим ва тамрини забони миллии худ гардем ва ба омӯхтани забон ва адабиёти ғании миллатамон иқдом намоем. Агар дар ин мавзӯъ назаре доранд, аз омӯзгорони арҷманд хоҳиш мекунем, ки лутфан андешаҳои худро нависанд ва дар бартараф сохтани мушкилот дасти ҳам бигиранд.
Шариф Халил,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Қашқадарё.