Чаро гирифтани вояи бустерӣ муҳим аст?

Ба ин сардори шуъбаи Хидмати беҳдошти санитарию эпидемиологӣ ва саломатии аҳолӣ Дилором Турсунова посух медиҳад.

«Аз 1 апрели соли 2021 дар кишвари мо эмкунии оммавии аҳолӣ бар зидди коронавирус оғоз гардида, то имрӯз ба кишвари мо дар маҷмӯъ 49,8 миллион вояи ҳафт намуди ваксина бар зидди COVID-19 ворид карда шудааст. Интизор меравад, ки дар моҳҳои наздик ба таври иловагӣ 12 миллион доза интиқол дода шавад.

Маълум аст, ки айни замон сирояти коронавирус аксар вақт мутация шуда, ба муҳити беруна мутобиқ мешавад. Ин боз ҳам такмил додани усулҳои муборизаи зидди онро талаб мекунад.

Аз ҷумла, дар ҳоли ҳозир коршиносони ҷаҳонӣ тавсия медиҳанд, ки шахсоне, ки курси пурраи ваксина гирифтаанд, аз эмкунии  дубора гузаранд. Гап дар сари он аст, ки бо мурури замон миқдори антителоҳое, ки пас аз ваксина ҳосил мешаванд, коҳиш ёфта, ба дараҷае меафтад, ки бадан худро муҳофизат карда наметавонад. Ваксинаи бустерӣ бошад, муқовимати баданро зиёд мекунад.

Бо вояи бустерӣ шахсоне, ки айни замон бар зидди коронавирус 2 ё 3 маротиба эм карда шудаанд (курси пурраи эмкуниро гузаштаанд) метавонанд як маротиба эм карда шаванд. Ин бояд 6 моҳ ё бештар аз он пас аз вояи якуми ваксина бошад, -- қайд мекунад Д.Турсунова.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: