Мактуб навиштан, ба он ҷавоб фиристодан аз нишонаҳои инсони бофарҳангу бомаърифат аст, Чанд мактубе, ки ба унвони фарзанди як дӯсти зиндаёдам, ки ҳоло ба қавле «тадбиркори машҳур» шудааст, навиштаам, беҷавоб монд.
Садҳазорон дафтари маънӣ навиштам солҳо,
Хат ғалат, маъно ғалат, имло ғалат, иншо ғалат.
(Фигории Самарқандӣ).
Мактуб навиштан, ба он ҷавоб фиристодан аз нишонаҳои инсони бофарҳангу бомаърифат аст, Чанд мактубе, ки ба унвони фарзанди як дӯсти зиндаёдам, ки ҳоло ба қавле «тадбиркори машҳур» шудааст, навиштаам, беҷавоб монд. Ин дар ҳоле ки вай қобилияти баланди номанависӣ ҳам дораду имконияти ба ҳар намуд ба мо ирсол кардан ҳам. Танҳо фаҳмида наметавонам, ки ин аз беэътиноӣ бошад, ё беҳавсалагӣ ва ё ягон сабаби дигар? Мактуб низ мисли «салом» – «алейк» мехоҳад, он ҷавобашро мунтазир аст, дӯстони азиз! Маҳз ҳамин чиз моро ба навиштани ин мақола водор намуд.
Пайдоиши мактуб таърихи дуру дарозе дорад. Агар ба ривояту афсонаҳо истинод оварем, ба чӣ андоза ҳақ будани ин гуфтаҳо собит мегардад. Инак, яке аз онҳо: деҳқоне дар саҳро бо киштукор машғул буд. Ҳамсараш барои хӯроки нисфирӯзӣ оши угро тайёр карду онро пури ғелак ба зарфе кашида, дар як тарафи таом аз рӯйи таомул ҷурғоти баста ва дар болои зарф як фатир ҳам гузошту онро ба дастархоне печонида ба дасти хизматкор дода, гуфт:
– Ин бастаро бигиру ба саҳро назди шавҳарам бар ва ба вай гӯй, ки “Моҳ пурра, ситораҳо зич ва дар як гӯшаи осмон абр ҳам ҳаст”. Худат баъд аз баргаштан таом мехӯрӣ...
Аз хона то саҳро хеле роҳ буд. Хизматгор, ки гурусна буд, сари роҳ лаби ҷӯйе андаке истироҳат карданӣ шуда нишаст. Вай дастархонро кушод. Нонро шикасту ними онро бо нисфи ош тановул кард. Албатта, ними ғелакҳои гӯшт, нисфи ҷурғот ҳам ба угрои зарф омехт...
Пас аз ин хизматгор назди деҳқон расиду дастархонро бо зарфи таом ба вай дода, пайғоми занашро расонид. Деҳқон дастархонро кушода, нонро нима, ғелакҳои гӯштро ягон-ягон ва ҷурғотро низ кам дид. Пас аз таомро хӯрдан ӯ зарфи холиро ба дастархон печонида ба хизматгор доду ба янгаат гӯй:
– Абр парешон, моҳ нима ва ситораҳо ягон-ягон буданд, – гуфт.
Хизматгор аз саҳро баргашта, ба зани деҳқон ҷавоби вайро расониду барои хӯрдани таом нишастанд. Ҳамсари деҳқон гуфт, ки вай дар роҳ таом хӯрдааст ва ҳоло бояд аз пайи кори худ шавад...
Ин аст намунае аз “мактубҳо” дар он замоне, ки на хат буду на қаламу коғаз...
Пас аз он ки барои инсон хат ва алифбо ҳамчун муъҷиза пайдо шуд, баробари навиштани ҳар гуна ҳуҷҷату васиқа, солномаю воқеа, таъриху китобҳои бадеию илмӣ ва ғайра дар байни мардум мактуб низ ҳамчун яке аз воситаҳои робитаю алоқа мавқеи хосаро пайдо намуд. Сипас номгӯйи мактубҳо аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа ва доираи хизматашон хеле афзуданд ва дар муомилаи байни мардум намудҳои гуногуни он пайдо шуданд. Мактубҳои ҳасбиҳолӣ, дӯстона, ошиқӣ, сафарномаҳо, аскарӣ, байни адибон, маслиҳатӣ, арзиҳолӣ, шикоятӣ, кушод ва монанди инҳо.
Замоне дар адабиёти бадеӣ ба мактуб ҳамчун ба як жанри алоҳида низ баҳо додаанд. Ҳатто доир ба ин мавӯъ рисолаҳои номзадӣ навишта, китобҳо нашр шудаанд. Дар таърихи адабиёти мумтози Шарқ мактубҳои Хоҷа Аҳрори Валӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Алишери Навоӣ, дар адабиёти рус мактубҳои Лев Толстой ба духтараш, инчунин дар эҷодиёти адиби немис Степан Тсвейг китоби “Мактуби зани ношинос”, дар эҷодиёти адиби тотор Одил Қутуй китоби “Мактубҳои ирсолнашуда”, дар эҷодиёти адиби тоҷик Болта Ортиқзода ҳикояи “Мактуби таги бӯрё”, қиссаи “Мактуби секунҷа” ва монанди инҳо аз дурдонаҳои ин жанр ба шумор мераванд. Дар бисёр маврид мактубҳо гиреҳкушои воқеаҳои таърихӣ ҳам шуда метавонанд.
Дар давоми зиндагӣ мо низ барои рушду нумӯи фарҳангу маърифат ва пос доштани забони модарии тоҷикӣ ба бисёр идораҳои давлатӣ, рӯзномаҳо бо мактубҳои хоса муроҷиат кардаем, бо бисёр олимону адибон дар мукотиба шудаем. Ин аст, ки ҳоло дар бойгонии камина мактубҳои зиёде аз идораҳои давлатӣ, иттифоқҳои эҷодӣ, идораҳои рӯзнома ва маҷаллаҳо, шарқшиноси чех Иржи Бечка, шарқшиноси маъруфи рус Александр Болдирев, нависандагони халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода, Фотеҳ Ниёзӣ, нависандагони халқии Ӯзбекистон Ойбек ва Абдулло Қаҳҳор, адиби маъруфи қазоқ Собит Муқанов ва ғайра ҳастанд, ки мазмуну мундариҷаи онҳо мавзӯи як тадқиқоти пурарзиши илмӣ шуда метавонанд.
Ҷолиби диққат аст, ки дар гузашта ба аксари мактубҳо бояд ҷавоб навишта мешуд. Беҷавоб мондани мактубҳои шахсӣ мисли «алейк» нагирифтан ба «салом» буд. Махсусан, аксар мактубҳои саломатӣ ва шахсӣ, мактубҳои аскарӣ, мактубҳои дӯстона, мактубҳои ошиқона бо суханони “Ассалому алайкум ба фалонию фалонӣ...”оғоз ёфта, бо ҷумлаҳои “аз номи ман ба фалонию фалониҳо... салом расонед” поён меёфт. Мактубҳо мувофиқи шароити навиштан, доираи мавзӯъ ва изҳори матлаб низ мухтасар ва ё муфассал мешуданд.
Замоне навиштани мактубҳои беимзо авҷ гирифта, онҳо бештар аз тӯҳмату иғво иборат буда, боиси нохушиҳои зиёде мешуданд.
Бояд гуфт, ки дар гузашта мактубҳо ба воситаи хизматгорон, шахсони махсус, ки бо расонидани мактуб ва ҷавоби он машғул буданд, ба коғазҳои дароз навишта, лӯла печонида шуда, бо чопарҳо, корвонҳо ва баъзан ба воситаи кабӯтарон ба манзилҳо расонида мешуданд. Сонитар хидмати почта ва хаткашонҳо ба роҳ монда шуд. Мактубҳо тавассути поездҳо ва автомобилҳои махсус, киштиҳо аз як шаҳр ба шаҳри дигар, аз як кишвар ба кишвари дигар фиристода мешуданд. Минбаъд барои ҳар чи тезтар расонидани мактуб аз хидмати почтаи ҳавоӣ истифода мебурдагӣ шуданд. Нуқтаи охирини ба манзил ва ба дасти соҳибаш расонидани мактубҳоро хаткашонҳо ба ҷой меоваранд, ки бо сумкаҳои хосаи пур аз газетаву маҷалла ва мактубҳо пиёда ё велосипедсавор, дар маҳаллаву деҳот бошанд, асп ё харсавор ин хидматро ба ҷой меоварданд. Камина низ баъди хатми мактаби миёна қариб як сол дар почтаи деҳа велосипедсавор хаткашонӣ кардаам. Дар ин кор Тошпӯлод Юнусов ном устоде доштам, ки вай иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ буда, харсавор хаткашонӣ мекард. Азбаски ҳамон солҳо нархи рӯзномаю журналҳо хеле ночиз буд, ҳар як оила ба рӯзномаю журналҳо обуна мешуд, илова бар ин ба бошишгоҳҳои саҳроӣ, мактабу чойхонаи маҳаллаҳо низ миқдори зиёди онҳоро расонидан лозим буд. Аз аскарбачаҳо низ мактубҳои зиёд меомаданд, ки ин кор ба як худи Тошпӯлодбобо вазнинӣ карду маро ба шогирдӣ гирифт. Ман ба ними зиёди аҳолии Даштакиболои ноҳияи Самарқанд хаткашонӣ мекардам. Мавридҳое мешуд, ки бо супориши падару модар мактубҳои аскарбачаҳоро барояшон хонда медодам ва аз номи онҳо ба фарзандонашон мактуби саломатӣ ҳам навишта равон мекардам.
Минбаъд, баробари инкишофи мактубнависӣ ва хидмат барои ба манзил ва дасти соҳибаш расонидани мактуб лифофа (конверт) ва маркаҳои почта ҳам бештар бароварда шуданд.
Интишори маркаҳои почта ва лифофаю откриткаҳои ранга низ вусъат пайдо кард. Ҳар кадоми онҳо низ қимати худро доштанд.
Телеграф кашф шуду мактубҳои хоса, ки онро “телеграмма” ва ё “барқия” мегӯянд, пайдо шуданд. Фарқи байни мактуб ва барқия дар он аст, ки ҳар як ҳарфи барқия ба воситаи радиосигналҳо ва ё тавассути тилфон аз ҷониби ходими махсуси он ба манзили дигар расонида шуда, дар дастгоҳи махсуси хатнависӣ ба ҳарфҳои чопӣ баргардонида, баъд ба соҳибаш мерасониданд.
Ман чанд муддат боз дар шаҳри Ню-Йорк, ки сераҳолитарин шаҳри Амрико ба шумор меравад, дар як бинои биступанҷошёна, ки дар он беш аз ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунанд, истиқомат дорам. Бо вуҷуди он, ки дар ин кишвар санъату саноати тилифонҳои дастӣ, симофону компутерҳо ба дараҷаи баланд тараққӣ кардааст ва ҳар рӯз ҳазорон ахбор тавассути онҳо ба соҳибонашон расонида мешаванд, дар қабати аввали даромадгоҳи бино барои ҳар як хонадон қуттии махсуси почта ҳаст.
Ҳар рӯз ба ин ҷой бо мошини махсуси почта ду маротиба садҳо мактубу навиштаҷотро меоваранд. Чанд номгӯй газета ва журналҳо бошад, дар назди мағозаву дорухонаҳо, бемористонҳо, даромадгоҳи биноҳои истиқоматӣ, идораҳо чида мемонанд, онҳоро ҳар хонанда ройгон гирифта меравад.
Дар мо-чӣ? Хидмати почта то ба дараҷае паст шуда, ба нестӣ расидааст, ки ҳатто рӯзномаҳо ба обуначиён сари вақт намерасанд. Ҷавобҳоро ба мактубҳо ҳафтаҳо мунтазир мешавед. Шояд ҳамин чиз ҳам ба кам шудани теъдоди обуначиёни рӯзномаю маҷаллаҳо ва аз байн рафтани мактубнависӣ сабаб шуда бошад?!
СМС-нависӣ пайдо шуду нахуст баъзеҳо тавассути он менавиштагӣ шуда ба кӯтоҳбаёнӣ гузаштанд. Оҳиста, оҳиста ин кӯтоҳбаёнӣ ба ишораҳои ҳарфӣ гузашт...
Аз ҳама бад он аст, ки аз ҳусни хат ному нишоне намондааст. Канӣ он мактубҳое, ки бо самимияти хоса, бо ҳарфҳои нақшин, ҷо-ҷо бо тасвири гулу булбул ва ғайра навишта мешуданду хонанда ин мактубҳоро бо як шавқу завқи хоса қироат мекард ва ба ҳамон мувофиқ ҷавоб ҳам менавишт?!
Дар ин маврид бояд гуфт, ки замоне тарзи навиштани мактуб ҳамчун яке аз намудҳои коргузорӣ дар дарсҳои таълими забони модарӣ ва забони русӣ омӯзонида мешуд. Дар шакли диктант, нақли хаттӣ ва иншо дараҷаи бехато ва риоя намудан ба мазмуну мундариҷаи мактубҳо, савияи мактубнависии донишомӯзон, ҳусни хати онҳо санҷида мешуданд. Баъзан дар мактабҳо барои беҳтарин иншо дар мавзӯъҳои “Мактуб ба модар”, «Мактуби саломатӣ» ва монанди инҳо озмунҳои иншонависӣ баргузор мегардиданд. Дар ҷойҳо, назди идораҳои давлатӣ шахсони махсус буданд, ки бо навиштани мактуб ва ариза “мирзо” ном бароварда буданд ва аз пайи ҳамин ҳунар рӯзгори худро таъмин ҳам мекарданд.
Ҳоло бошад, баъзеҳо ҳатто ба ҳамин номаҳои электронӣ ҳам ҷавоб наменависанд. Ба назарам, ҳатто қобилияти ду даҳон ҷавоби муносиб гуфтан ҳам надоранд.
Дар гузаштаи наздик ҳатто роҳбарон ва ё ходимони идораҳои рӯзномаву маҷаллаҳо ба оддитарин хабару мақола ва ё дигар мавод мактуби ҷавобӣ менавиштанд. Ҳоло дар поёни аксар воситаҳои ахбори оммавии чопӣ ибораи “Ба мактубҳо ҷавоб навишта намешаванд ва ё мактубҳо ба соҳибонашон пас гардонида намешаванд”-ро мехонед, ки ҳайратовар аст.
Ба назари мо, алҳол дар бисёр идораҳои давлатӣ шахсони нолоиқ нишастаанд. Мо ин гуфтаҳоро дар мисоли мактубҳои ҷавобӣ аз идораҳои давлатӣ, ҳатто қабулхонаҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, вазоратҳо фиристодаанд, дида метавонем. Ҷавобҳо ба мактубҳо ба мақоли “Ман чӣ мегӯяму дуторам чӣ мегӯяд?” монанд буда, бар замми аз мантиқ дур будан пур аз хатои имловию услубӣ низ мебошанд. Чунин тоифа мулозимони идораҳо “на чанги меҳмонхона хӯрдаанду на гарди мактабхона!”
Аслиддин ҚАМАРЗОДА,
Корманди шоистаи фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон.