«ЧАРО НИДОИ МОРО КАСЕ НАМЕШУНАВАД?»

Деҳаҳои Дуоба ва Мингкӯчари ҷамоати шаҳрвандони Ҳисораки ноҳияи Шаҳрисабз аз дусад хоҷагӣ иборат мебошад.

Сокинони он асосан, аз мардуми тоҷиктабор иборатанд. Ба ин деҳот аз ҷойҳои дигар чанд нафар арӯси ӯзбектабор фаровардаанд, ки бо гузашти айём забони онҳо низ тоҷикӣ шудааст. Гулноза Хушназарова аз зумраи ҳаминҳо аст ва дар  ноҳияи Яккабоғ зодаву парварда шудааст. Ба гуфтаи ӯ сӣ сол муқаддам ба як ҷавони маҳаллаи Дуоба ба шавҳар баромадааст ва то кунун бо аъзои хонаводааш дар ин маҳалла зиндагӣ мекунад.
Вай дар мактубаш, ки 54 нафар сокинони ду маҳалла – Дуоба ва Мингкӯчари ҷамоати Ҳисорак  имзо кардаанд ва  рақами шиносномаҳои ҳар кадоми онҳо низ қайд шудааст,  менигорад, ки сокинони ин ду маҳалла муддати дуру дароз аз набудани роҳ барои ҳаракати нақлиёт азоб мекашанд. Онҳо низ бошандаи ҳамин маҳал ҳастанд. Ин матлабро зимни суҳбат Гулноза Хушназарова бори дигар таъкид намуд. Вай афзуд, ки  дар номаи дастҷамъӣ буду шуди гап ва дарду доғи мардуми ин ду маҳалла баён шудааст.
«Ман  маҷбур шудам, ки қалам ба даст гираму аз мушкилоти риққатовари мардуми ин деҳаҳо нависам. Беш аз даҳ сол мешавад, ки мо, мардуми ду деҳа дар бораи таъмири роҳи мошин ба идораву ташкилотҳои мухталиф муроҷиат мекунем, аммо ба он касе вокуниши мусбат нишон намедиҳад», навиштааст Гулноза Хушназарова. 
Зимни суҳбат вай боз такрор намуд, ки муроҷиатҳои чандкаратаи онҳо ба ҳокимияти вилоят ва ноҳияи Шаҳрисабз ҳанӯз натиҷаи мусбат ба бор наоварданд. Гап дар сари ин аст, ки таъмири ҳафт километр  роҳи таъмираш борҳо пешбинишударо ба дарозо мекашанд. Вай гуфт, ки  ин роҳ деҳаҳои ҷамоати Ҳисоракро ба роҳи калони нақлиёти ноҳия васл мекунад. Нуктаи дигаре, ки боиси нигаронист, ба далели мушкили роҳи пурпечутоб ва хатарнок сокинони деҳоти Дуобаву Мингкӯчар  дар фасли зимистон аз истифодаи  мошинҳои шахсӣ низ даст мекашидаанд. 
Дар номаи Гулноза Хушназарова боз омадааст: «Ғайр аз мушкилоти роҳ, дар деҳаҳои тоҷикнишини ҷамоати Ҳисорак ягон муассисаи тиббӣ ва мактаби таълими миёна мавҷуд нест. Дар мактаби деҳаҳои мо то синфи чор таҳсил ба роҳ монда шудааст. Барои ҳамин фарзандони мардум дар чаҳор фасли сол масофаи дурро тай карда, дар мактаби деҳаҳои дигар ё баъзан ба маркази ноҳия рафта таҳсил мекунанд. Равуо сахту сангин аст, аз ин лиҳоз аксари фарзандони мардум аз идомаи таҳсил дар мактабҳои миёна, коллеҷу литсейҳои академӣ ва донишгоҳҳо маҳруманд». 
Аҷабо! Наход дар асри ХХI ин фарзандони мардум аз таҳсил дар мактабҳои миёна ва донишгоҳҳо маҳруманд? 
Ба навиштаи Гулноза Хушназарова ин ҳақиқат аст. Тавре ки аз суҳбат бо вай бармеояд, моҳҳо мегузаранду ба тафтиши номаҳои шикоятии онҳо касе ҷиддан машғул намешавад.
«Риққатовар аст, ки аксари занҳои ҳомила тифлонашонро дар хонаҳо ва шароити ногувор ба дунё меоранд. Зарурат пеш меояд, ки барои таваллуди тифл занҳоро тавассути аспу хар то роҳи калон барем ва аз он ҷо бо мошин ба таваллудхона расонем. Баъзан иттифоқ афтодааст, ки   ин занҳо ба ҳодисаҳои фавқулоддаву машъум дучор шаванд», – омадааст дар ин нома.
Вай ҳамчунин зикр намудааст, ки  аксари занҳои деҳаҳои мазкур аз назорати тиббӣ нагузаштаанд. Ба ин масъала ходимони муассисаҳои тиббии маркази ноҳия низ аз паси панҷа менигаранд. 
Алҳол дар гӯшаву канори дунё тараққиёту пешравиҳо дида  мешавад. Дар  шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурии соҳибистиқлоламон теъдоди соҳибони маълумоти олӣ ва миёнаи махсус беш аз пеш меафзояд. Онҳо, новобаста аз миллату эътиқодашон ба мазҳаб аз тамоми шароит бархурдор ҳастанд. Аммо аз нома бармеояд, ки ин гуна шароит барои фарзандони мардуми деҳаҳои ҷамоати Ҳисорак  фароҳам оварда нашудааст.
Ба навиштаи Гулноза Хушназарова дар ин ду деҳа ягон нафар соҳиби  маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси тиббиро пайдо кардан амри муҳол аст. Дар мактабҳои ибтидоии ду маҳалла низ омӯзгорони соҳиби  маълумоти олӣ кор намекунанд.
«Мардуми мо аз хизмати дӯкону мағозаҳо ва нуқтаҳои хизмати маишӣ маҳруманд. Мардум маводи мавриди эҳтиёҷи худро аз ҷойҳои дигар харида меоранд. Ҷавонон ояндаи мамлакатанд, аммо ҷавонони мо имкони ба варзиш машғул шуданро надоранд», таъкид кардааст Г.Хушназарова.  
Ба гуфтаи ӯ,  бо оила ба боғпарварӣ машғуланд. Дашту даман ва фарозиҳоро ҳамвор намуда, боғ бунёд кардаанд. Себу зардолу парвариш мекунанд. Аммо барвақт маҳсули боғашонро ба соҳибкорони дигар ба нархи арзон мефурӯшанд, чунки аз фарорасии фасли зимистон то баҳор  роҳи рафтуомади нақлиёт маҳдуд мегардад. 
– Агар роҳи нақлиёти фаъол медоштем, мо мардуми шаҳру ноҳияҳои дигарро бо меваву сабзавот, гӯшту тухм, гиёҳҳои дорувор ва амсоли он таъмин мекардем, – мегӯяд Гулноза Хушназарова. – Ёд надорем, ки ягон калоншавандаи ноҳия ё вилоят омадаву бо мардуми мо мулоқот карда бошад. Дар рӯзномаҳо ва радиову телевизион дар ин бора хеле мехонему мешунавем. Магар аҳли деҳаҳои Дуоба ва Мингкӯчар барои ноҳияву вилоят ӯгай ҳастанд? – меафзояд ҳамсуҳбати мо.
 Кӯшиш кардем, ки бо масъулини ҳокимияти  вилояти Қашқадарё ин мавзӯъро байн гузорем. Мудири бахши кор бо муроҷиатҳои аҳолии ҳокимияти вилояти Қашқадарё Рафиқ Раҷабов гуфт, ки аз рӯи ин масъала бояд бо ҳокими ноҳияи Шаҳрисабз ва ё ҷонишини ӯ гуфтугӯ кунам. Зеро ҳалли масъалаҳои мадди назари шикоятгарон бар дӯши онҳост.  
– Бароятон рақами телефони ҳокими ноҳияи Шаҳрисабзро медиҳам. Вай ба ин масъала равшанӣ меандозад, – гуфт Рафиқ Раҷабов.
 Телефони ҳокими ноҳия ҳамеша аз ҳудуд берун будааст. Мудири шуъбаи коргузории ҳокимият Фахриддин Ӯталовро пайдо кардам. Вай гуфт, ки ҳокими ноҳия Исроил Амонов шабу рӯз машғули тақсиму танзими тухми кирмак ба аҳолӣ мебошад. 
– Ман ин муаммоҳои мардуми маҳаллаҳои Дуоба ва Мингкӯчари ҷамоати Ҳисоракро ба ҳокими ноҳия, ҳамчунин ба мудирони шуъбаҳои тандурустӣ, таълими халқ, идораи роҳсозии ноҳия  мерасонам. Онҳо ин масъаларо пайгирӣ мекунанд ва мувофиқи имкониятҳои мавҷуда дар ҳаллу фасли он чораҳои фаврӣ меандешанд. Аз натиҷаи он шуморо огоҳ мекунам, – илова кард Фахриддин Ӯталов.
– Муаммову мушкилоте, ки муаллифи нома Гулноза Хушназарова аз ноҳияи Шаҳрисабз нигоштааст, дар деҳаҳои дигари минтақаҳои кӯҳии вилояти мо низ дучор мешаванд. Мардуми мо низ ҷиҳати ҳалли масъалаҳои зиёд ба мақомоти болоӣ муроҷиат мекунанд, аммо натиҷаҳо чандон босамар нестанд, – мегӯяд омӯзгори қашқадарёӣ Рӯзибой Қурбонов.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».  

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: