ЧАРО ОБИ ВАТАН?

Дар бораи меҳру муҳаббати Ватан – диёри падарӣ ё остонаи бобоӣ, ватандӯстӣ ва монанди инҳо бисёр шунидаем.

Дар бораи меҳру муҳаббати Ватан – диёри падарӣ ё остонаи бобоӣ, ватандӯстӣ ва монанди инҳо бисёр шунидаем. Дар дурӣ аз Ватан, ё ғурбат ёди волидайн, хоки поки диёр ва ҳар санги он кардан низ мафҳумҳои бегона нестанд. Аммо баъди пай бурдан аз он, ки марг “дар остона” аст, яъне пеш аз реҳлат аз ин дунё, аз оби Ватан ёд намудани баъзе одамон, бешубҳа, ҳодисаи хеле камчину ҷолиб аст. 
Аз аввали тирамоҳи соли 2000-ум чор моҳ дар сафоратхонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон – дар шаҳри Душанбе сафари хидматӣ доштам. Боре ҳангоми суҳбат консули сафорат – Абдураҳмон аз модараш, ки ба наздикӣ вафот карда буд, бо некӣ ёд карда, қайд намуд, ки волидааш зиёда аз панҷоҳ сол ватани бачагиашро тарк карда, ҳамроҳи наздиконаш дар ноҳияи Қумқӯрғони Сурхондарё зиндагӣ дошт. Ӯ ҳамроҳи падару модар бачагияшро дар Тоҷикистон, дар яке аз деҳаҳои атрофи Душанбеи кӯҳна гузаронидааст. Оби чашмаи он манзилро “оби зулол” мегуфт. Бо афсӯсу ҳасрат Абдураҳмон ёдовар шуд, ки чанд рӯз пеш аз вафот модари маризаш ба ӯ – писари хурду дӯстдоштааш, ки дар сафорат, дар Душанбе кор мекард, гуфт: “Ҷони оча, тасфи дилам ҳеҷ паст намешавад. Илтимос, аз Душанбе, аз ҳамон чашмаи диёри бачагиям, ки дар бораи он ба ту гуфта будам, бароям каме “оби зулол” биёр, то онро хӯрда беармон бимирам”. Вале ин дархости охирин иҷро нагардида, модар бо ёди “оби зулол” – оби Ватан тарки ин дунё намуду дар дили Абдураҳмони писараш армон монд.
Ин воқеаро, ки ба ман таассуроти зиёд бахшида буд, баъди ба ватан баргаштан ба падарам нақл намудам. Он кас бо ҳайрат гуфтанд, ки ҳодисаи монанд чанде пеш дар деҳаи худамон низ рух дода буд. Пеш аз маргаш ҳамсояамон ҳам хоҳиш карда буд, ки барояш аз дарёчаи қишлоқи падарӣ, ки бачагияш дар он ҷо гузашта буд, оби сард биёранд.
Дертар писари ҳамон ҳамсоя, акаи Турсунмурод чунин қисса кард: Падараш – бобои Нормурод, ки дар байни аҳли деҳа бо номи Нори Киштутӣ маълум буд, соли 1918 дар қишлоқи дурдасти кӯҳии Хами Даричаи дараи Киштут (тахминан 150 км шимолтар аз маркази ноҳияи Узуни вилояти Сурхондарё) ба дунё омадааст. Солҳои сиюм ӯ қишлоқашро тарк намуда, баъди чанд соли саргардонӣ, соли 1946 ба деҳаи Қизилой (ҳоло Чошиён)-и ноҳияи Узун меояд ва то охири умр он ҷо мемонад. Баҳори соли 2000 бобои Нормурод бетоб шуд. Маризӣ рӯз аз рӯз авҷ гирифта, баъзан дар бемор ҳолати парешонии хотиру бехудӣ рух медод. Дар яке аз рӯзҳои моҳи апрели ҳамон сол ҳолати бобои Нормурод хеле вазнин гардид ва хешу ақрабо дар хонааш ҷамъ омаданд. Рӯзе дар ҳолати бехудӣ бемор ба ҳозирон: “Як оби хунук биёретон!” – гуфт. Писараш Турсунмурод фармуд, ки ба зудӣ аз оби чоҳи рӯйи ҳавлӣ биёранд. Бобои Нормурод ин гапро шунида, бо овози баланд ва оҳанги фармон: “Писарам, оби чоҳи ҳавлӣ не, худатон раведу ба ман як коса оби сарди дарёи Киштутро биёред. Обро, албатта аз дарёчае гиред, ки аз деҳаҳои Тамархут ва Мазорот (мазороти Эшони Кӯлайғир — зиёратгоҳи мардуми маҳаллӣ) ҷорӣ мешавад”. 
Барои нафари бисёр чолок ҳам аз қишлоқи мо то Киштут ду-серӯза роҳ буда, бар илова дар фасли баҳор, ки пур аз боронгариву обхезиҳост, тай кардани ин роҳи кӯҳии пиёдарав бисёр мураккаб ва ҳатто аз имкон берун аст. Ҳолати хаёлпарешонии беморро ба эътибор гирифта, барои таскини хотири падар Турсунмурод аз чоҳи ҳавлияш як коса оби сард овард. Беморро оҳиста бардошта шинонданд ва аз пушташ чанд болишт монда, барои хӯрдани об кӯмак карданд. Ва ҳама мунтазири аксуламали бобои Нормурод буданд. Ӯ каме об хӯрда, косаро норозиёна пас гардонда гуфт: “Эй афсӯс! Писарам, обро аз ҷойи лозимӣ нагирифтаӣ, хато карда, чанд метр поёнтар рафтаӣ ва ин лаззати оби дарёи Киштути қишлоқи манро надорад”. Ӯ тани нимҷонашро пас андохта, сарашро ноумедона боз ба болишт гузошт. Ҳозирин аз ин гуфтаҳои бемор дар тааҷҷуб афтоданд. Баъди як-ду дақиқа бобои Нормурод ба худ омад ва бо як армону афсӯс, бо садои ғамгину гиряолуди нисбатан баланд таъкид кард, ки: “Агар аз ҳамон оби сарди дарёи Киштут як коса мехӯрдаму сарамро болои зонуи писарам – Турсунмурод монда ҷон медодам, дигар армоне дар дилам намемонд”. Ин суханони пур аз дарду армон ва самимонаро шунида, хешу ақрабои дар атроф нишаста якбора, ҳама бо овози пасту баланд ба гиря оғоз намуданд. Оби дарёи Киштут ба пири маризе, ки тифлияшро аз он сероб намуда буд ва умеди шифо ҳам дошт, насиб накард. Баъди чанде ӯ аз олам гузашт.
Қаҳрамонони боло куҳансол буданд. Зайниддини бемор бошад, хеле ҷавон. Ӯ соли 1967 дар деҳаи кӯҳии Пушти Варақи Дараи Ниҳон (ноҳияи Узуни Сурхондарё) таваллуд шуда, соли 1985 ба хидмати ҳарбӣ рафт ва соли 1986 иштирокдори воқеаҳои фоҷеаноки фалокати нирӯгоҳи атомии Чернобил дар сарзамини Украина гардид. Бемории вай аз ҳамон ҷо оғоз гирифт. Баъди хидмат ба ӯзбекдухтаре хонадор шуду аз баҳри деҳаи зебою кӯҳҳои сарбарфалаки диёри бобоӣ гузашта, дар қишлоқи арӯсаш – маркази ноҳияи Узуни вилояти Сурхондарё монд. Пас аз чанд сол касалиҳои Зайниддин афзуданд. Зимистони соли 2002 ҳолати вазнину ночори худро дарк намуда,  ба зану фарзанд, хонаву дар нигоҳ накардаву аз кӯмаки шифокорон даст кашида, ҳамчунин ба имтиёзҳои зиёди иштирокдорони фалокати Чернобил чашм пӯшида, барои ба ватани бобоӣ баргаштан қасд кард ва аз бародаронаш хоҳиш намуд, ки вайро ба зодгоҳаш – ба қишлоқи падарӣ Пушти Варақ (аз маркази Узун тахминан 90 км дур) баранд. Ӯ ҷавон буд. Бемор бошад ҳам, ғайрати ҷавонӣ, ё эҳтимол қувваи дигаре вайро ба сарзамини бобоӣ мекашид. Наздикон хоҳиши охирину қотеонаи вайро иҷро намуданд.
Баъди ба макони падар расидан майли аввалини Зайниддини хастаи роҳу беморӣ нӯшидани оби чашмаи ватан буд. Ӯ, дар навбати аввал, хоҳиш кард, ки аз чашмаи маъруф бо номи “Чашмаи гӯристон”, ки аз хонаашон 500-600 метр дур буд, барояш як коса оби сард оранд. Онро нӯшида, оташи қалбашро каме хомӯш кард ва чор моҳ мунтазам аз он об мехӯрд. Шояд ҳамон чор моҳи зиндагӣ дар қишлоқ бо иродаи Парвардигор туфайли оби ватан буд. Намедонам. Аввали баҳори соли 2003 Зайниддин вафот кард.
Манзили воқеаҳои боло аз якдигар 100-300 км дуранду қаҳрамонон миллату қавму синну соли гуногун доштанд. Тааҷҷубовар он аст, ки ин бандаҳои Худо ҳангоми бемории вазнин, пеш аз марг оби Ватан, ки лаззаташро аз бачагӣ медонистанд, талаб намуданд. Чаро? Оё пеш аз видоъ бо ин дунёи фонӣ дили кас мехоҳад, ки бачагияш такрор шавад? Ё оби Ватан наҷотбахши фарзанди диёр аст? Ё пеш аз видоъ бо ин дунё ҳисоби баръакс – оғоз меёбаду ҳангоми расидан ба варақи охирин – баччагӣ каме боз мегардад? Ман ба ҷавоби ин саволҳо оҷизам. 
Бешак, ҳаёт ва марг асрори зиёд доранду бани одам қодир нест ҳамаи онҳоро ба пуррагӣ донад...
 
Наҷмиддин РАШИДОВ,
шаҳри Тирмиз.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: