ЧАРО ТАКРОРАН ФИРЕБ МЕХӮРЕМ?

Шаҳрванд Усмон Шоев, ки муқаддам суд шудааст (ном, фамилия, номи ҷойҳо ва истилоҳҳо тағйир дода шудаанд) аз кардаҳои худ хулосаи дуруст набаровард.

Дар бораи чунин одамон халқамон мегӯяд: «Асояшро бори дувум гум кард».
– Шаҳрванд Мақсад Маъмуров таҳти роҳбарии Усмон Шоев аз ҷониби корхонаи хусусии «Медиа таъмир» дар корҳои таъмире, ки дар якчанд хонаи мавзеи 2 амалӣ шудааст, содир гардидани ҷиноятҳои азхудкунии ғайриқонунӣ ва тороҷро ба таври хаттӣ маълум кард, – мегӯяд прокурори шаҳри Гулистон Сарвар Бозоров. – Бинобар муроҷиати мазкур пурсуҷӯ гузаронда шуд. Бинобар кори ҷиноии барангехташуда ба тартиби дахлдор нахустин тафтиш бурда шуд.
Роҳбари корхонаи хусусии «Медиа таъмир», шаҳрванди муқаддам судшуда Усмон Шоев тороҷ кардани мулки дигарон ва ҷиноятҳои алайҳи тартиби идоракуниро дар ҳолати зерин қасддан содир кардааст. Хусусан, ба сифати роҳбари корхонаи хусусии «Медиа таъмир» бо сӯиистифода аз мансаби худ бо мақсади бо роҳи ғайриқонунӣ зиёд кардани сарват бо супоришгар – ширкати мулкдорони хонаву манзили хусусии «Сой бӯйи» 13 июли соли 2015 дар бораи таъмири ҷории хонаҳои 124, 136-уми шоҳкӯчаи Алишер Навоии шаҳри Гулистон, хонаҳои 1 ва 10-уми кӯчаи Улуғбек шартномаи 7-умро ба тасвиб мерасонад. Пеш аз шурӯи кор 65 миллиону 73 ҳазору 259 сӯмро ба ҳисобрақами корхонааш мегузаронад. Моҳҳои август-сентябри соли 2015 сохтмончиёни корхонаи хусусии «Медиа таъмир» барои таъмири хонаҳо ҳамагӣ 61 миллиону 676 ҳазору 331 сӯмина кор иҷро шуд, гуфта барои кори дар амал иҷронашуда 27 миллиону 263 ҳазору 451 сӯмро бо роҳи сохтакории далолатномаҳо илова карда менависанд ва ҳуҷҷатҳои қалбакиро ба ширкат тақдим мекунанд. Маблағи аз ҷониби ширкат пардохташударо бинобар ҳуҷҷатҳои қалбакӣ боз 3 миллиону 396 ҳазору 928 сӯм, ҳамагӣ 30 миллиону 660 ҳазору 379 сӯмро бо сӯиистифода аз мансаби худ бо роҳи азхудкунии маблағи дигарон тороҷ мекунад.
Дар замони имрӯза, ки бо шиддат ривоҷ меёбад, барои фош шудани ҳар гуна фиребгарӣ 40 сол мунтазир шудан шарт нест. Кори кардаи Усмон Шоев дар се сол фош гардид.
Дар ҳамин ҷо савол пайдо мешавад: «Хӯш, сабаби сар задани ин ҷиноят дар чист? Кадоме агар ҳаққи касеро аз худ карда, тороҷ намояд, бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ даромади муфт гирифтанашро чаро шаҳрванди оддӣ Мақсад Маъмуров дарк мекунаду роҳбари ширкате, ки он маблағро гузаронда медиҳад, намедонад?»
– Сабаби сарзании ин ҷиноят, аввало, на фақат ба туфайли шаҳрвандони оддӣ, балки ба ҷиҳати ҳаққу ҳуқуқи худро надонистан, дониши сатҳӣ доштани шахсони мансабдори дар вазифаҳои масъул коркунанда мебошад, аз ҳама нохубаш ин ки, бо  лоқайдӣ муносибат кардани онҳо ба тороҷ шудани мулки давлат, бо роҳи нопок, ғайриқонунӣ азхудкунии чунин боигариҳо ба вуҷуд меояд, – мегӯяд прокурори шаҳри Гулистон Сарвар Бозоров. – Айнан дар хусуси сар задани ин ҷиноят таваққуф кунем, бинобар қарордоде, ки байни аъзои ширкати хусусии мулкдорони хонаву ҷойи «Сой бӯйи» ва пудратчиён баста шудааст, бидуни дониши кофӣ қабул кардани далолатномаҳои оид ба кор, ки бинобар ҷамъбасти таъмири хонаҳо иҷро шудааст, такмил наёфтани гузарондани ченакҳои назоратӣ ва қонунвайронкуниҳое, ки бо ташаббуси мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё дар асоси эътирози шаҳрвандон бо ченакҳои назоратии баргузоршаванда муайян гардидаанд, сабаб шудааст.

Абдуҷалол ҚАЙЮМОВ,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: