ЧАРО ҲОКИМИ ВИЛОЯТИ АНДИҶОН НИШАСТИ ХАБАРӢ БАРГУЗОР КАРД?

Дар ҷараёни фаъолияти хабарнигории се-чор соли охири банда хеле кам иттифоқ афтодааст, ки ҳокимони вилоятҳо барои хабарнигорон нишастҳои хабарӣ баргузор кунанд.

Вақте ки дафтари матбуоти ҳокимияти вилояти Андиҷон дар бораи баргузории чунин нишасти хабарӣ хабарнигоронро огоҳ кард, ҳайратам афзуд.  
Чӣ боис шуд, ки ҳоким Шӯҳрат Абдураҳмонов садди чандсоларо бишканад ва танҳо дар муқобили хабарнигорон қарор гирад? Тавре ки маълум шуд, яке аз сабабҳои асосии таъсиси ин нишасти хабарӣ ҳамон сару садоҳое мебошанд, ки дар пасманзари сафари Президенти мамлакат ба вилояти Андиҷон ва аз хонааш хориҷ кардани зане ба номи Хуршеда Тиллоева ба вуқӯъ пайвастааст.
Дар оғоз ҳоким перомуни он ҳарф зад, ки дар солҳои охир вилояти Андиҷон кадом ислоҳоту дигаргуниҳоро паси сар намудааст.  
Ба таъкиди ӯ дар як соли охир садҳо муаммову мушкилоти мардум бартараф карда шудаву ҷиҳати фаровонии онҳо корҳои зиёд ба субут расидаанд. 
– Дар бештар аз ду сол тавонистем, ки шаҳри Андиҷон ва марказҳои маъмурии як қатор ноҳияҳо хеле ободу зебо гарданд. Дар ин муддат ба он низ ноил шудем, ки тарзи зисту зиндагонии мардуми шаҳру ноҳияҳо хеле беҳтар гардад. Ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят низ дастовардҳои худро дар пай дорад, – изҳор кард Ш. Абдураҳмонов.
Тавре ки вай боз тазаккур дод, мардуми вилояти ӯ ҳақ доранд, ки аз ҳаёти хушу хуррам бархурдор бошанд.     
– Аммо баъзе воситаҳои ахбори хориҷӣ ва маҳаллӣ ҳодисаву воқеаҳоро таҳрифкорона баррасӣ мекунанд ва бо пахшу нашри хабарҳои беасос мардуми зиёдро гумроҳ месозанд, – гуфт ҳоким. 
Баъди анҷоми сафари сарвари давлат ба вилояти Андиҷон расонаҳои хориҷӣ хабари аҷиберо пахш кардаанд. Мувофиқи ин хабарҳо  гӯё кормандони ҳокимияти вилоят сокини хонаи 49-уми кӯчаи Пушкин, воқеъ дар маҳаллаи «Мустақиллик»-и шаҳри Андиҷон Хуршеда Тиллоеваро аз  хонааш маҷбуран хориҷ кардаанд.
– Суханҳо дар ин бора ягон пояи воқеӣ надоранд. Ин зан соли 2010 дар ноҳияи Ҷалолқудуқ ба Акмалҷон Бекматов шаръӣ никоҳ баставу берун аз доираи қонун издивоҷ кардааст. Баъд ҳарду соҳиби ду нафар фарзанд шудаанд. Соли 2017 Хуршеда Тиллоева аз ин шавҳараш ҷудо шудааст ва ба хонаи модараш баргаштааст. Дар ин хонавода вай бо ду фарзанд, ҳамчунин модар, хоҳару як духтари ӯ ва як бародари маълӯлаш ҳамроҳ зиндагиро идома додааст, – зикр намуд Шӯҳрат Абдураҳмонов.
Тавре ки дар нишасти хабарӣ ҳамчунин ишора гардид, зимни ташрифи Президенти мамлакат ба модари Хуршеда Тиллоева аз хонаҳои наве, ки дар мавзеи «Хидирша»-и маҳаллаи «27-солагии Мустақилӣ»-и ноҳияи Хӯҷаобод сохта шудааст, як хонаро ҷудо кардаанд. Як хонаи дигар ба ҳамшираи Хуршеда Моҳисоро Тиллоева дода шудааст, ки то ин замон дар хонаи 22-юми кӯчаи Юксалиши маҳаллаи «Мустақилӣ» сукунат мекард.
– Хуршеда Тиллоева зимни сафари Президенти мамлакат ва суҳбат бо мухбири шабакаи телевизионии «Ӯзбекистон-24»  дар хонаи модараш будааст. Аммо бо ҳаяҷон ва ифтихори баланд эълон кардааст, ки бо ду фарзандаш соҳиби хонаи алоҳида гардид ва худро хеле хушбахту масрур мешуморад, – гуфт Шӯҳрат Абдураҳмонов.
Аз ҳарфҳои ҳокими вилоят бармеояд, ки ба ҷойи баъзе ҳавлиҳои барак ва кӯҳнаву фартут коттеҷҳои замонавию барҳаво сохта, барои соҳибони он мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд. Гузашта аз ин, на ҳамаи аъзои ин хонаводаҳо ба хонаҳои алоҳида таъмин карда мешаванд, зеро тибқи қонун онҳо метавонанд дар як коттеҷ ё як хона ҳамроҳ зиндагӣ кунанд ва шароити он барои чунин зиндагӣ созгор мебошад.
Шӯҳрат Абдураҳмонов гузориш дод, ки бо назардошти соҳиби ду фарзанди ноболиғ будани Хуршеда Тиллоева ҳокимияти вилоят ба ӯ аз биноҳои баландошёна як хонаи дуутоқа ҷудо кардааст. Зеро ин хонаҳо аз тарафи ширкати ҶММ «Қишлоққурилишинвест» дар мувофиқа бо ҶММ «Мустақиллик тикувчилик мажмӯаси» сохта шудаанд. 
Пардохти бадали аввалияи он 12 миллион сӯмро ташкил мекунад. Аз ҳисоби маоши дӯзандагони ин ҷамъият танҳо 3 миллион сӯм барои хонаҳо пардохт мегардад ва 9 миллион сӯми онро ҳомиён мепардозанд.
– Сохтмони хонаҳои мазкур моҳи августи соли равон ба фарҷом мерасад. Аз ҳисоби пардохти ҳадди ақалли бадал аз маоши коргарон ва пардохти ҳомиён Муяссар Раҳимова, Шоҳиста Бакирова, Хайринисо Эрматова, Зулфия Абдувалиева низ соҳиби хонаҳои худ хоҳанд шуд, – мегӯяд Шӯҳрат Абдураҳмонов.
Гуфта шуд, ки Хуршеда Тиллоева низ аз ҳамин ҳисоб соҳиби хонаи дуутоқа мегардад. Мувофиқи дастури сарвари давлат вай дар радифи кормандони ҶММ «Мустақиллик тикувчилик мажмӯаси» аз ҳисоби дастгирии молии ҳомиён бархурдор хоҳад шуд.
Ногуфта намонад, ки хабарнигорони расонаҳо дар нишасти хабарӣ ба ҳокими вилояти Андиҷон бо саволҳои гуногун муроҷиат карданд. Гуфтан мумкин аст, ки ин аз нахустин нишастҳои хабарие маҳсуб меёбад, ки барои баргузор намудани нишастҳои минбаъдаи хабарӣ ҳамчун такягоҳи устувор хидмат хоҳад кард.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти АНДИҶОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: