ЧАШМАИ АЮБ

Албатта, мо бухороиён шод ва ифтихор дорем, ки маҳз дар Бухорои қадимаи ҳамешаҷавон чашм ба олами ҳастӣ кушода, аз ҳавои он нафас мекашем.

Албатта, мо бухороиён шод ва ифтихор дорем, ки маҳз дар Бухорои қадимаи ҳамешаҷавон чашм ба олами ҳастӣ кушода, аз ҳавои он нафас мекашем. 

Аз ин рӯ, шаҳри азизамонро ҳар қадар амиқ эҳсос кунем, таърихи онро чуқур омӯзему бо номи ӯ ифтихор кунем, боз ҳам кам аст. Бухорои бостонӣ бо маҷмаъи меъмориҳои таърихии худ ҳамчун музейи саркушод асрҳо маълуму машҳур буда, санъати баланди меъмории гузаштагони он ҷаҳониёнро ба ҳайрат гузоштааст. 
Ин аст, ки қадами сайёҳони рӯйи олам то имрӯз аз ин ҷо канда намешавад. Бухоро яке аз диёрҳои қадима ба ҳисоб рафта, ҳар зарраи хоки он аз таърихи ғание, ки ба қаъри ҳазорсолаҳо мерасад, нақл мекунад. Дар ин ҷо инсонҳои бузург, азизу авлиё ба дунё омада, ба воя расидаанд. Солҳои дароз ин сарзамини муқаддас макони олимону шоирон, таърихшиносон, тоҷирону ҳунармандон ва зироаткорон будааст. Аз ин рӯ, ҳар як мушт хоки он — азизу мӯътабар. Агар дар бораи обидаи таърихии Чашмаи Аюб сухан равад, аз қадим ривояте дар бораи он мавҷуд аст, ки таърихнавис Ҳазрати Басрӣ мегӯяд: «Пайғамбар Аюб ба Бухоро омада, бо мардумони меҳмондӯсти маҳаллӣ рӯ ба рӯ мешавад. Гӯё қабри пайғамбар дар ҳамин ҷо воқеъ буда, дар сари он қабр дарахте мавҷуд, ки зимистону тобистон сарсабз аст. Зеро он дарахт дар яке аз равзаҳои ҷаннат воқеъ будааст». 
Вале аз таърих маълум, ки хоки Аюб дар деҳаи назди Нови кишвари Ҳайрот воқеъ аст. Дар он ҷо зери дарахт санге воқеъ аст, дар рӯйи он нақши пой вуҷуд дошта, аз қаъри он оби чашма фаввора мезанад. Мардуми Бухоро чун ифодаи эҳтироми баландашон нисбат ба Аюб ин ҷойро муқаддас мешуморанд. Саволе ба миён меояд, ки мақбараи Чашмаи Аюб аз тарафи кӣ бунёд ёфтааст?
Аз таърих маълум аст, ки вақте Амир Темур дар Самарқанду Шаҳрисабз қасру кӯшкҳо бунёд мекард, дар Бухоро мақбараи Чашмаи Аюбро месозонад. То солҳои охир ин ёдгорӣ ба монанди дигар обидаҳои таърихӣ, ба хароба табдил ёфта, ҳоло дар қатори дигар ёдгориҳои меъморӣ баъди таъмир, умри дубора пайдо кардааст.
Об неъмати бебаҳои табиат, сарчашмаи мавҷудияти инсон, олами ҳайвонот ва набототи рӯи Замин аст. Аз ин рӯ, сарфаю сариштакорона муносибат доштан нисбат ба он зарурати ҳаёт мебошад. Масъалаи обу обёрӣ дар Бухоро аз қадим яке аз мушкилоти умда ва муҳим ба ҳисоб мерафт. Зеро дар ин ҷо заҳи зери замин аз қадим нисбатан баланд буда, бисёр заминҳоро заҳу ботлоқ иҳота карда буданд. Мардум хок кашонда, заҳҳоту ботлоқҳоро гӯр карда, ба ҷойи онҳо иморатҳо месохтанд. Дар қадим масъалаи обёрӣ ва таъминоти оби нӯшокӣ ҳам мушкилоти худро дошт. Нахуст ба воситаи машкҳо корвони шутур обро аз дур кашонда дар зироаткориву боғдорӣ истифода мебурданд. Иқлими гарми тобистони Бухоро тақозо мекард, ки барои салқин нигоҳ доштани оби нӯшокӣ роҳҳои гуногунро ҷустуҷӯ кунанд. Об дар хумҳои  зери замин ва сардобаҳо нигоҳ дошта мешуданд. Хуму кӯзаҳоро бо матои пахтагин ва чармин печонда, онро тар карда, обро салқин менамуданд.
Имрӯз мақбараи Чашмаи Аюб ҳамчун музей фаъолият дорад. Ҳар сайёҳе, ки ба ин ҷо меояд, бо таърихи обу обёрии Бухоро ошно мегардад. Чашмаи Аюб дар қатори меъмориҳои шаҳри бостонӣ яке аз масканҳои дӯстдоштаи сайёҳон ва хориҷиён мебошад.
Чуноне ки сайёҳи ҳинд Сравания Рау мегӯяд «ман шод ҳастам, ки ба Бухоро омадам ва дар ватани Абӯалӣ ибни Синои бузург дар саёҳат ҳастам ва аз тамошои зебоиҳои ин диёри куҳан сер намешавам. Ёдгориҳои таърихии он ҳамчун асари санъат  аз дониши мардуми ин диёр ҳикоят мекунад. Нақшу нигори масҷиду мадрасаҳо, манораву кӯшкҳо бинандаро ба ҳайрат мегузорад».
Бойгонии Чашмаи Аюб дар тарбияи экологии фарзандонамон низ нақши калон дорад. Дар эҷодиёти хонандагон, ки дар ин ҷо намунаҳояшон гузошта шудааст, мавзӯи тақдири баҳри Арал, яке аз мавзӯъҳои асосӣ мебошад. Дар он сурат баҳри Арал дар солҳои 60-уми асри гузашта, ҳангоми пур буданаш ва минбаъд дар ҷараёни оҳиста-оҳиста поён рафтани сатҳи оби он ва ба шӯрхокзор табдил ёфтани Арал ифодаи худро ёфтааст, ки бинандаро бефарқ намегузорад.

Беҳрӯзи ДАВЛАТ,
вилояти БУХОРО.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: