ЧАШМАИ ҶӮШОНИ ҚАЛБ

Ба муносибати 110-солагии Усмон Носир

Усмон Носир – зодаи маҳаллаи Чуқуркӯчаи шаҳри Намангон. Вале Қӯқанд, ки овони бачагию наврасӣ,  таҳсили ибтидоию миёнаро дар он фаро гирифтааст,  Самарқанд, ки дар факултаи забон ва адабиёти Академияи педагогии он хонда ва маълумот такмил бахшидааст, низ барояш азиз ва шаҳри худӣ будаанд. Вай ҳамагӣ 32 сол умр дид. Танҳо се соли ҳаёти нисбатан осудааш дар пойтахти ҷумҳурӣ гузашт. Бо вуҷуди ҳамин муҳити адабии Тошканд ба ӯ парвозҳои баланди эҷодӣ бахшид.
Усмон Носир нахустин шеърҳояшро овони мактабхонӣ навишта буд. Соли 1927 аввалин шеъраш бо унвони “Қалами ҳақиқат” дар рӯзномаи “Янги йӯл” чоп гашт. Айёме донишҷӯ буд, намунаҳои қаламиаш зуд-зуд дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ пайдо шуд. Дар вазни арӯз эҷод кунад ҳам, махсусиятҳои назми урупоӣ дар падидаҳои қаламиаш мавқеи устувор дошт.
Дарвоқеъ, Усмон Носир муддате дар факултаи сенариянависии кинематографияи Маскав низ таҳсил намуда, вале бинобар тақозои шароити зиндагӣ онро ба итмом нарасонда ба Ӯзбекистон баргаштааст. Дар курси таълиму тарбияи маорифи шаҳри Қӯқанд дарс додааст, дар ин ҷо чун мудири қисми таълимӣ низ адои вазифа кардааст. Муддате дар театри Қӯқанд ходими адабӣ будааст...
Нафақат ҷавонони эҷодкор ва ҳамсолонаш аз зумраи Амин Умарӣ ва Адҳам Ҳамдам, ки якҷо дар Самарқанд таҳсил карда буданд, айни замон адибони варзида ӯро шоири бобарор меҳисобиданд, аз он ки дафтарҳои шеъриаш аз тариқи нашриётҳои гуногун пайи ҳам рӯйи чоп дида, ба дасти хонандагон мерасиданд. Танҳо соли 1932 ду китоби шоири ҷавон ҷомаи табъ ба бар намуд (“Гуфтугӯ бо Офтоб” ва “Сатрҳои сафарбар”). Баъдтар “Тракторобод”, “Қалб”, “Меҳри ман” барин китобҳояш дасту дили дӯстдорони шеъриятро гарм намуд. 
Шоири ҷавон соли 1934 аз Самарқанд ба Тошканд кӯч баст. Дар рӯзномаи “Ёш ленинчи” ба фаъолият пардохт. Бо як қатор нашрҳои даврӣ ҳамкориҳо ба роҳ гузошт.
Усмон Носир ба эҷоди асарҳои калонҳаҷми назмӣ низ ҷуръат намуд. Достонҳояш “Норбӯта” ва “Нахшон” пайи ҳам рӯйи чоп диданд. Дар “Норбӯта” мубориза алайҳи ҳаракатҳои босмачигарӣ тасвир ёфтааст. Муборизаи халқи арман барои озодӣ дар “Нахшон”, ки яке аз намунаҳои поэтикаи он давр ҳисоб меёфт, инъикос гардидааст. Усмон Носир дар дигар асари калонҳаҷми назмиаш “Нил ва Рим” ба таърихи дунёи қадим рӯй оварда, муборизаи ғуломон алайҳи сохти ғуломдориро мавриди тадқиқи бадеӣ қарор додааст. 
Поэтикаи Усмон Носир аз назми ҳамсафонаш, ки дар майдони эҷод қадам мезаданд, бо ҳаётӣ будан, ҷозибанокӣ ва содаву равонӣ ҷудо шуда меистод. Рӯҳияи исёнкори қаҳрамони лирикӣ ба дилу рӯҳи шеърхонҳои синну соли гуногун таъсир мегузошт. Хусусан, ҷавонон поэтикаи ба худ хоси Усмон Носирро бештар дӯст дошта, батабърасии шеърҳои навашро интизор мешуданд.
Усмон Носир аз ҷавонӣ ба таври ҷиддӣ забон ва адабиёти русро омӯхт. Хусусан, ба шеърияти Пушкин ва Лермонтов дилбастагии қавӣ дошт. Достонҳои ин ду шоирро ба забони модариаш тарҷума кард. Аз ҷумла  “Фаввораи Боғчасарой”-и Пушкин ва “Иблис”-и Лермонтовро бо баргардониши ӯ ба дасти хонандагони ӯзбек расиданд.
Шоири маъруф Туроб Тӯла дар бораи маҳорати эҷодии Усмон Носир чунин гуфтааст: “Вай бо як шӯру ҷунун ба адабиёти ӯзбек ворид гашт. Ин буд ӯро “Лермонтови Ӯзбекистон” меномиданд. Яке аз рӯзномаҳои Маскав ин тавр қайд кард: “Дар Шарқ Пушкин пайдо шудааст”. Ҳамаи ин, албатта, эътирофи бузургест нисбати ҳунари волои суханварии Усмон Носир”.
Қисми зиёди ҳамин як умри кӯтоҳаш бо азобу машаққати сахти рӯҳию ҷисмонӣ гузашт.
Ҳанӯз чаҳорсола буд, аз навозиши падар маҳрум гашт. Модараш Холамбибӣ, ки душвориҳои зиндагӣ кашид, маҷбур буд ба никоҳи Носирҳоҷӣ ном шахс дарояд ва ба Қӯқанд равад, аммо шавҳараш нахост ба тифли норасида падарӣ кунад. Носир ба хонаи бачаҳо супурда шуд. Дар мактаб-интернати махсус, дар вазъе, ки бо тамоми ҳастӣ ба омӯзиш дода шуда буд, вақти худро самаранок мегузаронд. Ҳануз бача буду дар бораи ҳаёт мисли калонсолон фикр меронд.
Зарбаҳои миёншикани зиндагӣ дар пеш будаанд. Моҳи январи соли 1937 10-солагии фаъолияти эҷодиашро қайд карданд. Вале баъди ним сол ба тӯфонҳои шадиди табъид дучор омад. Хулқу атвори ӯ дар Иттиҳоди нависандагон  муҳокима гашт. Баъди ду рӯз ба ҳабс гирифтанд. Китобҳояш, сурат ва дастхатҳояшро мусодира карданд. Вай дар куҷост, қарибонаш дарак надоштанд. Рӯзе аз ҳабсхонаи Тошканд ба номи хоҳаракаш Роҳатой мактуб расид. Усмон навишта буд: “Хоҳарам Роҳатой, ба хонаи Уйғун рав, чизҳоямро гир. Дар манзили Мадамин Даврон ва Иброҳим Назир низ пӯшокҳоям ҳастанд. Гирифта биё. Маро, аз афти кор, ба дигар ҷо мебаранд...”
Танҳо як дафъа ба Роҳатой ва падараш рухсат доданд чизҳои овардаашонро супоранд. 
Ӯ мувофиқи моддаи шастуми КҶ (миллатгароӣ ва ташвиқоти мунтазами аксулинқилобӣ) айбдор ҳисобида мешуд. Маҷлиси сайёри ҳайати ҳарбии Суди олии СССР ӯро ба муддати 10 сол аз озодӣ маҳрум намуд. Дар ҷабин тамғаи “душмани халқ” ба Сибир фиристода шуд. Дар ҳабсхонаҳои Златоуск, Владивосток, Магадан ва Марииск дучори тазйиқ ва шиканҷаҳои шадид гашт. Соли 1943 шоирро ба вилояти Кемерово оварданд. Аз он ҷо ба номи И.В. Сталин нома навишт: “Ман ҷавонам ва дар айни ҷӯшу хурӯш. Дар ҳабсхона ҳам  эҷод мекунам: як романи шеърӣ, се асари саҳнавӣ, якчанд шеър навиштам.  Ҳоло барои халқ боз хидмати бисёр карданам даркор. Ман айбдор нестам!..”
Дар байни ҳазорон номаҳо номаи ӯ ба дасти роҳбари мамлакат расид. Дар ҳайати профессор Боровков, шоир Шайхзода ва сармуҳаррири “Қизил Ӯзбекистон” “кор”-и Усмон Носир аз нав дида баромада ва вай беайб шуморида шуд. Вале аллакай дер шуда буд: шоири ба бемории вазнин печида 9 марти соли 1944 вафот кард. Ӯро як нафар марди рус, ки Анатолий ном дошт, ба хок супурд.
Чанд сол қабл роқими ин сатрҳо аз забони хоҳарзодаи шоири ҷавонмарг Нодира Рашидова (духтари Роҳатой) оиди чӣ тавр пайдо гардидани оромгоҳи ӯ дар Кемерово шунида буд. Нодира нақл кард, чандин бор ба Кемерово номаҳо фиристод, вале натиҷа ба даст наомад. Маҷбур шуд ба он ҷо равад,ба идораҳои даркорӣ дарояд. Ба вай нусхаи хулосаи бемории тағояшро супурданд: “Бемории шуш”. Ниҳоят хокҷои шахси барояш азизро низ ёфт...
Тавре нақл мекунанд, шоирони маҳаллӣ шеърҳои Усмон Носирро ба русӣ тарҷума карда, дар Кемерово осорхонаашро кушодаанд.
Мувофиқи қарори Президент таҷлили 110-солагии шоири зиндаёд идома дорад. Дар мавзӯи “Боғҳои фаромӯшнашудаи ман” байни хонандагони мактаб озмуни иншо гузаронида мешавад. Дар Тошканд ва Намангон кӯчаҳо ба номи Усмон Носир гузошта шуданд.
Усмон Носир шеърро қадр мекард. Дар “Шеъри ман” чунин сатрҳо ҳастанд:
Ту ҳастӣ чашмаи ҷӯшони қалбам,
Ту ҳастӣ гавҳари чашмони ман, 
шеър.
Баҳои ту чу мепурсанд, гӯям:
“Баҳои ту баҳои ҷони ман, шеър!” 

М. ШОДИЕВ.   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: