ЧАШМАҲО ЧАШМИ МОЯНД

Савори мошини роҳгузар сӯйи маркази ноҳияи Бойсун мерафтем.

Чун мошин ба сойи Тӯда расид, яке аз ҳамсафарони мо ба деҳа ва анбӯҳи арчазорон назар афканда гуфт: «Аҷаб зебоянд ин арчазорон, онҳо аз дасти одамон гурехта қариб ба сари қуллаҳо расидаанд».
– Бале, рост мегӯед, –  фикри ҳамсафари хешро тасдиқ намуд дигаре.
– Дар Бойсун об нест, об оваред, гӯён ба идораҳои болоӣ навиштанро медонанд ин мардум, вале касе арчаро бурад, нафаре чаро дарахти сабзро буридӣ намегӯяд. Ҳол он ки як арчаи кӯҳӣ дар гирду атрофи худ зиёда аз 2 тонна обро захира мекунад. Зиёда аз ин боз вай чӣ қадар оксиген мебарорад. Дар ин сурат муҳити атроф чӣ гуна тоза бошад, аз чашми чашмаҳо аз куҷо об ҷорӣ гардад, сиҳҳатии мардум чӣ хел  беҳтар шавад? Ӯ каме хомӯш истода, ба банда нигоҳ карду афзуд:
– Шумо кӯҳистони Боботоғро дидаед? Куҷо шуданд он пиставу арчаҳои  ноёб? Ҳамаро яксар бо дасти хеш несту набуд кардем. Як гурӯҳ «ман посбони табиату ҷангал» – гӯён маош гиранд ҳам, ҷойи пешгирӣ аз чунин амалҳои ношоям, бо ҷинояткорон забон як карда, онҳоро ба ин кор раҳнамоӣ мекунанд.
Ба манзил расида, аз мошин фаромадаму худ ба худ андеша кардам. Воқеан ин марди роҳ дуруст мегуфт. 
Ба қарибӣ ба таъбири сайр ҳам сайру саргардонӣ ҳам сайр, роҳи деҳаи Мачайро пеш гирифтам. Айни нисфирӯзӣ буд. Корвони харҳои пурбор аз бағали кӯҳ ҷониби роҳи калон мешитофтанд. Харҳои дар пушт ҳезум базӯр роҳ мегаштанд. Мошинро дар бари роҳ нигоҳ дошта, аз писарбачае пурсидем, ки як хар ҳезумро чанд сӯм мефурӯшад. Бе истиҳола гуфт: Мехаред? 60 ҳазор сӯм. Ҳамроҳам аз ин писарбачаи ҳушёр пурсид, ки то имрӯз чанд хар ҳезум ғун кардааст. Ӯ тахминан 30– 35 хар гуфта ҷавоб дод. Ба деҳаи Мачай расидем. Дар роҳ чандин нафарро дидем, ки аз кӯҳ арча,  заранг, бодом, мушаро бурида ба харҳо бор карда, ба хонаҳояшон меоварданд. Касеро ба касе коре набуд. Аз салобату зебоии кӯҳҳои гирду атроф нишоне намонда буд. Ҳама ҷо холӣ, ҷо-ҷо харсангҳои тирафом ба чашм мерасиданд. Оби дарё бо шоҳҷӯе табдил ёфта, дар дараи Дарбанд зери харсангҳои бузург нопадид мешуд. Ин манзараи ҳузнангезро дида дили кас заъф мекард. 
– Наход, мо то ба ин дараҷа бефарқу бераҳм шуда бошем? Наход оқибати инро надонем? 
Соли ҷорӣ зимистону баҳор хушк омад. Азбаски дар кӯҳҳо барфи бисёр наборид, захираи об ба дараҷаи назаррас кам шуд. Оби Хӯҷамайхонаро ба маркази ноҳия кашиданд. Як қисми оби ин чашма барои сокинони деҳаҳои Дарбанд, Даҳнаиҷом, Хӯҷабулғон, Тиллокамар кифоят мекунад. Моҳҳои сентябру октябр, азбаски дар дарё захираи об кам шуд, қубур ба миқдори зарурӣ обро ба минтақаҳои Қумсой, Изма, Работ ва Кофурун кашида натавонист... 
Чашмаҳо чашми моянд. Дар ин бора дигар чӣ ҳам мегуфтем? Фақат ҳаминро ёдрас карданием, ки мо бояд  ба худ оем! Табиатро бо чунин ваҳшонияту носипосӣ несту нобуд накунем, то пасояндагон дар ҳаққи мо суханони ноҷӯя нагӯянд.

Нуралӣ РАҶАБ, 
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: