«ЧАШМИ ДИЛ»-И ҲАМА

Он айём Собирҷон дар синфи панҷ ё шашум таҳсил мегирифт.

Тавассути оинаи нилгун барномаҳои гуногунро бо завқ тамошо мекард. Ба вай бештар дар назди микрофон истода шеър хондани шоирону ровиён писанд меомад. Ӯ хурд буд, вале бисёр шеърҳои Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Лоиқ Шералӣ ва дигаронро аз ёд медонист. Шояд аз ҳамин сабаб гоҳ-гоҳ аз чӯб ё дигар матоъ «микрафон» сохта, назди ҳамсояҳо ва ҷӯраҳо ба ровии дӯстдоштааш Маҳмудҷон Воҳидов тақлидомез ҳунарнамоӣ мекард. Ҳозирон баъди қироати ғазалу рубоиёт кафкӯбӣ карда, мукофоташ медоданд. 
– Ин писаратон албатта, санъаткор ё хабарнигор мешавад, – мегуфтанд ба модараш ҳамсояҳо. – Ана, бинед, истеъдоди фавқулодда дорад.
– Кош гуфтагиҳои шумоён шавад, – ба сӯи фарзанд бо меҳр дида дӯхта, табъи дили модари муштипар Санталат Шарифова болида мегашт, – ба ҳама ҳам журналист шудан муяссар намегардад.
Муаллимаи забони модарӣ ва адабиёти мактаби рақами 39 Гулбаҳор Ҳайдарова машқи шеърҳояшро аз назар гузаронида, умед дошт, ки Собирҷон шоир хоҳад шуд. Инчунин, устодони фанҳои дигар низ дар симои шогирди аълохон Собирҷон Бурҳонов вориси муносиби худро медиданд. Аммо сад дареғ, ки сарвари оила, шаҳсутуни хонадон, чорагари тамоми муаммоҳои зиндагӣ Субҳонқул Бурҳонов дар 37-солагӣ нобаҳангом аз сактаи дил чашм аз олами ҳастӣ пӯшид. Собирҷони наврас ба ҷои шеъру суруд марсия хонда, ҷигарҳои хешу пайвандонро хун кард. Тамоми душвориҳои зиндагӣ ба сари модари бечора омад. Шояд маҳз он солҳо ба дили пурорзуи Собирҷон, ки акнун ба синни 14 расида буд, мавҷи пуршикан омаду рафтани ҷаҳони беғами бачагиро дарк намуд. Ӯ мехост меҳнат кунад ва ба оилааш каме бошад ҳам дасти ёрӣ дароз намояд. Бо ин мақсад бо амакаш ба бозори Сиёб омаду шогирди мудири дӯкони савдо шуд. Баробари кори савдо мактабро бо баҳои аъло хатм кард ва ба факултаи филологияи тоҷики ДДС ҳуҷҷат супурд.
Ӯ дар асоси шартнома донишҷӯ шуд. Модар ду сол бо душвориҳо маблағи таҳсилро пардохт. Аммо соли саввум маблағи кофиро ёфта натавонист. Вай бо дили пурғаму чашми пурнам ба қабулхонаи ҳокими ҳамонвақтаи ноҳияи Самарқанд Раҳима Ҳакимова (руҳаш шод бод!) омаду дарди дилашро ба ёрдамчӣ гуфт. 
– Ойтиҷон, шумо барин одамҳои муҳтоҷ чунон бисёр, ки шумурашро гум кардем, – бепарво даст афшонд ходими ҳокимият, – беҳтараш вақтро гум накарда, ба дигар ҷо равед.
– Ҳакимаро ҳама шахси мушкилкушо мегӯянд, – ба мақсад гузашт Санталат Шарифова, – ноумед шайтон, як маротиба аз назди Раҳима Ҳакимовна гузарам бас, ана баъд ба дилам оби хунук мезанам, укаҷон.
– Ихтиёратон.
Пас аз се соати интизорӣ Раҳима Ҳакимова омад ва бо зани корафтода самимона вохӯрӣ кард, ки гӯё онҳо дӯстони ҷонӣ ва ҷавонианд. 
Санталат Шарифова баъди ҳолу аҳвол пурсидан ангуштарини никоҳиро аз ангушти беном гирифту рӯйи миз гузошт ва фаҳмонд, ки ин тӯҳфа аст. Фақат барои пайдо кардани ҳомӣ кӯмак диҳад. 
Раҳима Ҳакимовна зане буд дилсафед, савобталаб, мушкилкушо.
– Хоҳари ширин, – бо табассуми малеҳ зани муштипарро ба оғӯш кашид, – ман ятимиро аз сар гузаронидам. Аҳволи шуморо мефаҳмам. Ангуштаринатон ба худатон насиб кунад. Агар ба ҳамин писари донишҷӯ келин оваред, аз номи ман тӯҳфа  мекунед. Ҳозир ман ба раиси хоҷагии ҷамоати «Гулобод» занг мезанам, масъала ҳал мешавад...
Собирҷони Бурҳон аз устодони обрӯманди илму адаб Ботурхон Валихоҷаев, Раззоқ Ғаффоров, Малик Адашев, Солеҳ Ҳалимов, Амон Воҳидов, Азиз Зоҳидов, Садрӣ Саъдиев, Ҳамроқул Бердиқулов ва дигарон бисёр чизҳоро ёд гирифт. Солҳои донишҷӯӣ риштаи ҳамкории ӯ бо рӯзномаи «Овози Самарқанд», «Гулобод тонги», «Овози тоҷик», «Самарқанд» ва СТВ мустаҳкам шуд. Сухандон Шаҳлои Аҳрориён ӯро ба шогирдӣ гирифт. 
Ӯ соли 2002  бо дипломи мактаби олӣ ва роҳхат ба ширкати симо ва садои вилоят ба кор омад. Бо эҷодкории хосса, ташаббускорӣ, навоварӣ ба диққату эътибори роҳбарон афтод. Гузоришҳои ӯ аз таҷлили Наврӯзи Аҷам, базми солинавӣ, истиқлоли кишвар ва алалхусус лавҳаю очеркҳо дар бораи Самарқанду самарқандиҳо басо дилнишину хотирмон аст. 
– Соли 2012 ба идораи мо марди нектинат Фарҳод Ботиров ҳамчун роҳбар таъин гардид ва аз ҳамон дам инҷониб фаъолияти мо рӯ ба беҳбудӣ овард, – иброз намуд Собирҷон. – Имрӯз мо дар бинои замонавии барҳаво, студияҳои ба андозаҳои ҷаҳонӣ пурра ҷавобгӯ кору фаъолият мебарем, ки дар замири ҳамаи ин дастовардҳо меҳнати арзандаи сарвари ҷамоаи аҳли мо акои Фарҳод намоён аст.
Одатан мегӯянд, ки на кӯҳ бо кӯҳ, балки одам бо одам дар зиндагӣ албатта вомехӯрад. Ғайр аз фаъолияти меҳнатӣ Собирҷон дар рӯзҳои хушнудии мардум низ дар хизмат мешавад ва яке аз чунин рӯзҳо бо меҳмони олиқадри соҳибони тӯй, собиқ ҳокими ноҳия, Раҳима Ҳакимова вомехӯрад ва худро аз наздик шинос мекунад. Апаи Раҳима вақте мефаҳмад, ки  маҳз ба туфайли меҳрубониву сарпарастии ӯ як ҷавони ба илм ташна имрӯз соҳиби чунин мартаба гардидааст, ба чашмонаш ашк ҳалқа мезанад. Ва бо як самимият Собирҷонро ба оғӯш гирифта, оҳиста зери гӯш пичиррос мезанад: Шукр дорам, ки меҳнати ман имрӯз самараи худро дода истодааст. То тавонед шумо низ ба мардум некӣ кунед...    
– Ман ҳар пагоҳӣ аз модари меҳрубонам Санталат Шарифова ризо ва дуо гирифта, аз паси корам мешавам, – мегӯяд Собирҷон, – ва ба орзуи дил мерасам. Зеро бузургон гуфтаанд:
Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст,
Дар зери қудуми модарон аст...

– Модарам маро бо умеди фардои дурахшон тарбият кард,  соҳиби илму камол гардонид ва имрӯз мехоҳам, ки тамоми дастовардҳоямро барояш бахшам, то ки бурдбориҳои маро дида, ба муроди дил расиданашро эҳсос намояд. Аз ин сабаб ману додаронам Одилҷону Суҳробҷон, ҳамсарам муаллима Гулрӯ Восеева, фарзандонам Анисабону, Нафисабону ва Асадбек дар ҳаракат ҳастем, то ки доим дар хизмати модар бошем,– мегӯяд «Чашми дил»-и самарқандиён Собирҷон Бурҳонов.
Собирҷон дар рӯзи иди касбии ходимони ВАО ҳамчун бехтарин журналисти вилоят эътироф гардид.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: