ЧАШМИ ДИЛАШ БИНО БУД

Солҳои донишҷӯӣ буд.

Солҳои донишҷӯӣ буд. Дар шуъбаи шабонаи донишкадаи омӯзгорӣ таҳсил ва рӯзона дар «Учпедгиз» ба ҳайси мусаҳҳеҳ фаъолият мекардам. Ду рӯзи ҳафта – шанбе ва якшанбе, фориғ аз таҳсилу кор дар толори китобхонаи шаҳр бо қироат ва навиштан сипарӣ мегардид. 
Ҳамон солҳо бо роману қиссаҳои Ҳасан Ирфон «Дар кулбаи косибон» ва қиссаи «Ду ёр аз ду диёр» ошно гардидам. Дар тӯли панҷ соли  кор  дар нашриёт  бо бисёр шоирону нависандагон вохӯрда бошам ҳам, аммо ягон бор Ҳасан Ирфонро надида будам. Ниҳоят, соли 1968 ин орзуи ман ҷомаи амал пӯшид.  
Рӯзе сардори шуъба ҳамроҳи зан ва марде вориди утоқи кории мо гардида, ҳар дуро ба ман муаррифӣ кард ва илова намуд: 
– Ин кас ба шумо кӯмак карда метавонанд. 
Он мард нобино буд. Вай нишонии худро дода: 
– Бегоҳ дар хона шуморо интизор мешавам, маслиҳат мекунем, – гуфт ва сипас ҳамроҳи он зан аз утоқ берун шуданд. Ӯ Ҳасан Ирфон буд. 
Ҳамон рӯз баъд аз кори нашриёт роҳи хонаи Ҳасан Ирфонро, воқеъ дар кӯчаи Чехови шаҳри Душанбе,  пеш гирифтам. Он кас бо самимият аввал аҳволпурсӣ, сипас таклифи нишастан карданд. Баъди нӯшидани як пиёла чой ва хӯрдани шириниҳо гуфтанд: 
– Писарам, ман шуморо барои ҳамкорӣ даъват кардам. Мо ҳамроҳ романи Константин Федин – «Шодиҳои нахустин»-ро ба чоп ҳозир мекунем. Музди коратонро соатбайъ ё корбайъ аз ман хоҳед гирифт. 
Ман аз ин таклифи ногаҳонӣ дасту по гум карда: 
– Устод ба ман ҳеч гуна музд лозим нест. Ман холисона ба шумо ёрӣ медиҳам,– гуфтам. 
– Меҳнат бе музду подош намешавад, писарам. Агар хоҳед, ҳар бегоҳ, баъди кор ва рӯзҳои шанбею якшанбе аз пагоҳӣ ин ҷо омада, бо ман кор мекунед,– гуфтанд. 
Ман розӣ шудам. Аввалин коре, ки мо иҷро кардем ин буд, ки ман варақаҳои ба тоҷикӣ мошиннависшудаи  қисми якуми романи «Шодиҳои нахустин»-ро бо овози баланд мехондам, Ҳасан Ирфон ба он гӯш медоданд. Хонумашон ба варақаҳое, ки бо ҳуруфи форсӣ дастнавис шуда буд, нигоҳ карда, муқоиса мекарданд ва ман дар ҷойҳои даркорӣ аз гуфтаҳои он кас ҳар замон ислоҳ ва иловаҳо медаровардам. Ҳамин тавр, мо дар тӯли як моҳ муқоисаю муқобилаи он асарро ба анҷом расонидем. Бояд гуфт, ки кор кардан бо Ҳасан Ирфон ҳам ифтихор ва ҳам мактаби омӯзиш буд. Банда дар раванди кор бо Ҳасан Ирфон бисёр чиз омӯхтам ва аз он хурсандам, ки лаҳзаҳои хотирмони зиёде аз он кас дар ёдам мондааст, ки нақли баъзе аз онҳоро ҷоиз медонам. 
Он кас марди пухтакор, дар кори эҷодӣ сермаҳсул буданд. Устод, агарчи аз ҳисси биноӣ марҳум буданд, вале ҳисси шунавоӣ ва хотираашон қавӣ буд. Борҳо шуда буд, ки саҳифа ё сархатеро баъд аз хондани ман аз нав бе каму костӣ такрор карда, мегуфтанд: 
– Дар фулон ҷой фулон калимаро хат зада, ба ҷояш ин вожаро нависед. 
Боре якуним саҳифаро баъди хондани ман пурра аз ёд такрор карда, ҳайрати маро дучанд афзуданд. Ин гуна ҳолатҳо бисёр воқеъ мешуд ва баёнгари он буд, ки ҳофизаи устод бисёр қавӣ буда, матнро ҳунармандона ва бо ҷумлаҳои хеле суфтаю хотирмони тоҷикӣ хуб тарҷума кардаанд. 
Лаҳзаи дигаре, ки дар хотирам нақш бастааст, ин буд: Як вожаро аз дастнависи хати форсӣ на хонумашон ва на ман хонда тавонистем. Он кас он саҳифаро гирифта, ба чароғ хеле наздик бурда, бо ангушташон ҷойи даркориро молиш дода, молиш дода, билохира чӣ будани он калимаро гуфтанд ва тааҷҷубовар буд, ки он вожаро Ҳасан Ирфон на ба чашми сар, балки бо чашми дил дидан дошт. 
Вақти тарҷума, махсусан тарҷумаи таркибу ибораҳо, ифодаю мафҳумҳои маҷозии русӣ бисёр эҳтиёткор буданд. Масалан, барои ба забони тоҷикӣ дуруст баргардон кардани мафҳуми «математическая шишка» ба чандин институт нома навишта, шарҳи онро пурсида буданд. Ҷавоби яке аз он номаҳо ин аст: «Дар сари баъзе одамон табиатан ғуррӣ пайдо мешавад. Соҳибони ин гуна ғуррӣ вобаста ба он ки он дар кадом тарафи майнаи сар ҷойгир аст, дар ягон соҳаи илм пешрав мегарданд. Ғуррии математикӣ ба шахсоне мансуб аст, ки дар илми математика бесобиқа хоҳанд гардид. Ин гуна одамонро дар Олмон солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон дар макотиби махсус тарбия мекарданд ва баъдан дар ин ё он соҳа онҳоро истифода мебурданд. 
Лаҳзаи дигаре, ки дар хотирам мондааст, он аст, ки устод дар харҷ басо сарфакор буданд. Онро бемақсад, барзиёд харҷ намекарданд. Рӯзҳои шанбе ва якшанбе ду соат дам медоданд. Як соат барои пухтупаз, як соати дигар, барои сарфи хӯрок ва хондани баъзе рӯзномаю маҷаллаҳо. Боре ҳангоми хӯроки нисфирӯзӣ ман ҳазломез гуфтам: «Он харбузаи чанд рӯз боз дар кунҷи хона хобида, касиф намешавад?» Устод табассуми малеҳе карданду ба занашон: «Хонум, пеши мо аз он харбуза бурида биёред»,– гуфтанд. Хонум харбузаро бурида, дар табақча оварданд. Баъди оши палав яккарчӣ аз он боиштиҳо хӯрдем. 
Баъди хатми донишкада ман ба кори омӯзгорӣ гузаштам. Соле баъд ҳамсари Ҳасан Ирфон аз олам даргузаштанд ва бо ин сабаб устод аз Душанбе ба Самарқанд кӯчиданд. Ҳамкорӣ ва алоқаи мо қатъ гардид. 
Соли 1970 буд. Ба таътил баромадам. Дар сарам ҳавои тамошои Самарқанд буд, аниқаш устод Ҳасан Ирфонро диданӣ рафтам. 
Ду-се рӯзи аввал бо тамошои шаҳр машғул шудам. Дидани мадрасаю масҷид, кӯчаю хиёбонҳои серодам андешаи маро ба дуриҳои дур – асрҳои миёна бурд, ки дар ин ҷойҳо бузургони шеъру адаби тоҷик – Ҷомӣ, Восифӣ баринҳо зиндагӣ, кор, таҳсилу эҷод карда буданд. «Маккаву сӯроғ» гуфтагӣ барин, хонаи Ҳасан Ирфонро ёфтам. 
Аммо он кас дар хонаашон набудаанд. Устод дар касалхонаи бемориҳои чашм бистарӣ будаанд. Ман ба бемористон рафта, баъд аз пурсуҷӯҳои зиёде утоқеро, ки дар он Ҳасан Ирфон бистарӣ буданд, ёфтам. 
– Шуморо нашинохтам,– гуфтанд. 
— Ман Хайрулло, аз Душанбе, фаҳмидам, ки шумо дар бемористон бистарӣ ҳастед, хабаргирӣ омадам,– гуфтам. Устод шод шуда: 
– Мо ғаниматем, хуб кардед. Курсиро гирифта нишинед,– гуфтанд. 
Ман ба курсӣ нишаста: –Дар ин ҷо ҳам кори эҷодӣ мекунед? – гуфтам, китобу дастхатҳои зиёдеро дар пештахтаи тиреза дида. Устод паҳлу гашта, рӯяшонро ба тарафи ман гардонда: 
– Бале, ҳоло ду кори нотамом ҳаст, агар онҳоро анҷом дода тавонам, он гоҳ дар назди хонандаи тоҷик қарзи худро адо хоҳам кард,– гуфтанд бо ҳисси ғамхорӣ. 
– Кадом кор аст? – пурсидам. 
– Китоби дуюми «Шодиҳои нахустин» ва китоби дуюми худам, давоми романи «Дар кулбаи косибон». Онҳо тайёр, фақат ҷо ба ҷо карда, ба нашриёт додан лозим аст. 
– Ба шумо дар ин ҷо кӣ ёрӣ мерасонад? 
– Набераам, вай хоҳари шафқат аст. Маро нигоҳубин ва дар корҳоям кӯмак ҳам мекунад,– гуфтанд. 
Ман бо устод аз ҳар боб хеле суҳбат карда, сипас аз ҷой баланд шуда, хушбошӣ карда, ба фурудгоҳ омадам ва сафари хешро ба тарафи Тошканд идома додам. 
Аз вафоти Ҳасан Ирфон солҳои зиёде сипарӣ гардида бошад ҳам,  дар матбуоти даврӣ аз хидматҳои ӯ дар соҳаи насри бадеӣ ва тарҷума кам ҳарфе гуфта мешавад ва корҳои бозмондаи ӯ куҷост, тақдирашон ба чӣ қисмате рӯ ба рӯ шуд низ ба касе маълум нест. Шояд вақти он расида бошад, ки дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ё дар шаҳри Самарқанд каси ғамхоре асарҳои ӯро гирдоварӣ карда, ба таври куллӣ дар нашрияе чоп кунонад, зеро донистани миқдор ва мутолиаи асарҳои шодравон ба хонандаи имрӯза низ аз аҳамият холӣ нест. 
 
Хайруллоҳи РАҲИМ,
омӯзгор.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: