ЧАШМИ УМЕД

(Эссе)

Падару модарам дар хона, муаллимонам дар мактаб, дугонаҳоям дар кӯча пайваста ёдрас мекарданд, ки агар китоб хонед, шеър аз ёд кунед, дар зиндагӣ ҷойгоҳи худро меёбед. Ба китобхонӣ дил бастам, шеърҳои бисёре аз ёд кардам. Баъзан дар хона пинҳонӣ аз падару модар, хоҳару бародаронам китоб мехондам: – осори аз адибони классикии форсу тоҷик ва нависандагони муосир, то нависандагони забардасти рус ва Аврупоро. 
Хондам, хондам ва боз ҳам хондам ва он чизе, ки барои зиндагии шахсиам зарур буд ва мебоист ҷавобгӯйи марому мақсади ман бошад, пайдо накардам. 
Бовар кунед, асареро аз ягон шоир, нависанда, олим ва ё файласуф пайдо накардам, ки тапиши дили беқарорамро ором созад. Бояд гуфт, ки марому мақсадам хеле одӣ: ман ба ҳеҷ ваҳҷ аз зиндагӣ имтиёзе хоҳон нестам ва набудам, худро чун барги суман нозук намеҳисобам, бо худпарастӣ олоише надорам ва ғайра. Ман дар зиндагӣ танҳо як чизро ҷустуҷӯ дорам. Ин ҳам бошад – ҳифзи ҳувияти худ чун зан, зане, ки дар саргаҳи зиндагӣ қарор дорад. Аз ягон оқил боре нашунидам, ки ба зан гӯяд ё маслиҳат бидиҳад: озодӣ ҳусни шуморо дучанд мекунад, зиндагии шуморо гулафшон мекунад,  ҳувият ва ҳайсияти шуморо аз қолабҳои шах ва сардшудаи зиндагӣ раҳо медиҳад.
Шояд шумо маро сарзаниш кунед ва гӯед, ки дар фарҳанги чаҳонӣ, аз Чин то Аврупо, аз давраи антик то кунун абармардони зиёду сухандонон дар бораи зан басо суханони пурҳикмату гаронбаҳо гуфтанд, шеър сароида, асарҳои пурарзиш  эҷод карданд ва дар оянда ҳам албатта, эҷод мекунанд. Аммо гап дар сари гуфтану васф кардани зан нест, ба сайёраи Ноҳид ё фалакиёт бурдану пайвастани зан нест. Сухан дар бораи меҳру шафқати заминӣ, воқеӣ меравад.  
Дар зиндагӣ одами худӣ, ё ҳамсафару ҳамнафаси хуб ёфтан баробари бо сӯзан дар кӯҳ роҳ кофтан аст, яъне душвор. Аз ин сабаб наздик ба ҳафтод фоизи занони рӯйи замин, ё ба сабаби тангии зиндагӣ, ё ба сабаби тарси ба як умр танҳо мондан ё ба сабаби фишори анънавии дину мазҳаб, аҷдодию хешу таборӣ ва чандин «ва» «ваваҳо»-и  дигар худро «қурбон»-и марди ғайри хоҳиши дили худ ё тасодуфӣ мекунанд.
Ҷудошавии оилаҳо дар бисёр минтақаҳо хусусияти оммавӣ гирифтааст, ки боиси нигаронист. Оморе нест, ки аз он ин масъалаи ҳаётӣ ва фарҳангиро равшантар дарк кунӣ. Ҷудоиҳои оилавӣ занонро ғамзада, озурдахотир ва аз зиндагӣ дилхунук карда, ба суитсид (худкушӣ) рӯ ба рӯ месозад. 
Наёфтани ҷавоби мушаххас, маро маҷбур кард, ки дар ҷустуҷӯйи Симона де-Бовуар (1908 - 1986) шавам. Умед доштам, ки ин зани аз обу оташи зиндагӣ гузашта, ба саволҳои ман посух дода метавонад. Зеро ӯ як умр дар ҷустуҷӯйи озодӣ ва ҳувияти худ буд. Озодӣ дар ҳама бобат: дар гуфтору кирдор, дар кор, дар оила, умуман дар тамоми риштаҳои ҷомеа. Ӯ ва рафиқаш Жан Пол Сартр (1905 - 1980), ки марди бениҳоят безеб, қадпаст, шикамкалон, пурхӯр, кашолалаб, вале файласуфи замон буд, рӯз ва шабҳо дар қаҳвахонаҳои шаҳри Порис, ки нофи замин ҳам мегӯяндаш, бо сигоркашӣ, оби ҷав (пиво) нӯшӣ суҳбатҳои оид ба фано ва бақо, дашному тавҳин аз зиндагии одамӣ мегузаронданд. 
Ман ба тамоми навиштаҳои Симоне де-Бовуар, тавре ки гуфтам, бо умеди ёфтани посух шинос шудам. Аммо дар назарам зиндагӣ боз ҳам тиратару печидатар  мегашт. Наход зан барои озодӣ ба марди нофорам, бигузор файласуфи замон ҳам бошад, дил бандад! Баъдтар фаҳмидам, ки ин мард ба Симона де-Бовуар на танҳо роҳи озодиро нишон додаст, балки ӯро аз чанголи анъаноти сард ва шахшудаи зиндагӣ раҳо кардааст. 
Ман ба моҳияти тафаккури Симона де-Бовуар бовари комил ҳосил намудам, ки занҳои тамоми рӯйи Замин, новобаста ба нажоду насаб, ранги пӯсту мӯйю чашмон, қаду қомату забонҳои гуногунашон як хеланд ва як хел бояд қобили эҳтирому эътимод бошанд, зеро масъулияти пойдории ҳаёту зиндагӣ, аз насл ба насл гузаштани зоти одамӣ бар души онҳост. Онҳо омода ҳастанд барои бақою абадияти зиндагӣ ҷони худро фидо кунанд. Мардон ба чунин ҷасорат қодир нестанд.
Дар замони мо мафҳумҳо ба мисли «зани аврупоӣ, зани муслима, зани насронӣ» ва ғайра, маро ба ташвиш меоваранд ва нигарон мекунанд. Чунин суханон баъзан аз забони зиёиён шунида мешаванд, ки бозтоби сиёсӣ, идеологӣ, динию мазҳабӣ доранд, на умумибашарӣ. Ба назар чунин мерасад, ки занони Аврупо аз ҳавои дигар нафас мекашанд, ё дар сайёраи дигар зиндагӣ доранд.
Ҳувияти занро, пеш аз ҳама, мақому ҷойгаҳи ӯ дар зиндагӣ, ҳаёти оила ва ҷомеа муайян мекунад. Содатар карда гӯем, ҳувияти зан зарурияти муайяншудаи илоҳист.
Зану молу имонро бо ҳам омехтан нашояд, зеро онҳо дар саҳнаи зиндагӣ ё фазои маънавӣ арзишҳои ба ҳам муқобил доранд. Зан аз молу имон болотар ва авлотар аст. Дараҷаю мартаба ва маснаду мақоми зан дар зиндагӣ муқаддас мебошад. Файласуфе гуфтааст: «Агар маҳбубаро гум кунӣ, аз ғам суруд хондан мумкин аст, вале агар пулат гум шавад, сурудан ғайриимкон мебошад». Ин маънои онро дорад, ки ҳувияти занро дар асри ХХI бо принсипҳои мазҳабию динӣ, сиёсию идеологӣ, бо либосу ҳиҷоб, пухтупаз ва ғайра муайян кардан ба тақозои замон мувофиқ нест.
Зан метавонад ҳувияту озодии хешро танҳо дар паҳлӯйи мард ба таври пурра дарк намояд ва  худро аз зиндагӣ қаноатманду бахтиёр ҳисобад. Маъною моҳияти зиндагӣ танҳо дар баробарӣ ва ҳамбастагии зану мард дарёфт мешавад.
Дар асри мо дар киштии зиндагӣ бо расму русум ва анъаноти кӯҳна шино кардан хеле хатарнок аст. Бовар ба он, ки «боди шӯрта» мехезаду моро ба соҳил мерасонад, хатост, созгори чашми умед нест.

Ҳақназар 
ҚУРБОНМАМАДОВ,

ш. ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: