ЧАҲОР НОМАИ БЕЗАВОЛ

Тақрибан 20 сол қабл аз ин чаҳор номае, ки аз майдони ҳарб дар солҳои 1941-1942 аз номи иштирокчии ҷанг Саидмурод Музаффаров омада буд, ба дасти ман расид.

Тақрибан 20 сол қабл аз ин чаҳор номае, ки аз майдони ҳарб дар солҳои 1941-1942 аз номи иштирокчии ҷанг Саидмурод Музаффаров омада буд, ба дасти ман расид. Онро омӯзгор Насиба Юсупова (Худо ба раҳматаш гирифта бошад) ба дасти ман супориданд, то ин ки дар саҳифаҳои матбуот эълон намоям.
Воқеан, дар солҳои 2009, 2011 ва 2018 дар саҳифаи рӯзномаҳои «Овози тоҷик», «Ховар» ва «Сариосиё» дар бораи таърихи ин номаҳо чанд мақолаи ҷолиб низ чоп намуда будам.
Инак, ин мактубҳои пурқимат умри 75-соларо доро мебошанд. Онҳо то ҳанӯз дар дасти ман маҳфузанд. Бояд гӯям, ки иштирокчии ҷанг Саидмурод Музаффаров баъди ба ҷабҳа рафтан танҳо чаҳор номае ба номи бародаронаш навиштааст ва баъдан аз ӯ ному нишоне наёфтаанд. Модари зори ин ҷанговар солҳои сол писари бо ҷон парвардаашро интизорӣ мекашад. То охири умраш аз гиря карданҳо дилаш об мегардад, вале ҳазор афсӯс, ки дигар аз ҷигарбандаш хату хабаре намеояд.
Назар ба нақли муаллима Насиба Юсупова модари зор гӯё наздик расидани марги худро медониста бошад, ба хонаи муаллима омада номаҳои амонатиро месупорад ва хоҳиш мекунад, ки онро то зиндааст, нигаҳ дорад. Агар аз қазо Саидмурод баргардад, ин мактубҳоро ба дасташ супорад. 
Ҳамин тавр, ин чаҳор номаи безавол то ҳанӯз дар дасти ман маҳфуз аст. Дар ин чаҳор нома Саидмурод оид ба майдони ҳарб ҷалб намудани ҷанговарон, омодагиҳо, ёди Ватани ҷоноҷон нақл намуда, аз падару модари худ ҳазорон илтимос менамояд, то дуои нек намоянд. Рости гап, вақте кас ин номаҳоро варақ мезанад, беихтиёр ашк дар чашмон фарогир мешавад. Зеро номаҳо гӯё бо хуни дил ва ҳаяҷони баланд иншо гардида бошанд, дар ҳар як ҷумлаи онҳо ибораҳои «очаҷони мушфиқам», «падари ба ҷон баробарам», «бародарони азизам», «хешу таборони азиз», «қадрдонҳоям» ба назар мерасанд, ки касро ба андешаҳои дуродур мебарад. Бояд гуфт, ки ин чаҳор нома ҳам бо хати лотинӣ иншо гардидааст.
Дар хотима ҳаминро гуфтаниам, ки ният дорем ин чаҳор номаи безаволро ба ягон бойгонии таърихӣ супорем. Зеро то имрӯз аз ин ҷанговар ному нишоне пайдо нагардид, бигзор дар бойгонӣ номи ӯ ҳамеша зинда бимонад ва наслҳои оянда аз мазмуну моҳият ва қадри ин номаҳо огоҳ бигарданд. 

Солеҳ МУҲАММАДҶОН, 
вилояти СУРХОНДАРЁ.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: