Ба ҳамагон маълум аст, ки дар олимпиадаи XXXII-и тобистона, ки дар пойтахти Ҷопон – шаҳри Токио баргузор гардид, яке аз муштзанҳои ӯзбекистонӣ аз рӯи вазни 91+ иштирок мекард, дастболо шуд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки дар олимпиадаи XXXII-и тобистона, ки дар пойтахти Ҷопон – шаҳри Токио баргузор гардид, яке аз муштзанҳои ӯзбекистонӣ аз рӯи вазни 91+ иштирок мекард, дастболо шуд. Вай рақиби амрикоии худ Ричард Торресро мағлуб намуда, ба шоҳсуфа баромад. Ин муштзани бетакрор, чемпиони Осиё ва чемпиони ҷаҳон оид ба бокс фарзанди асили ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё Баҳодур Ҷалолов мебошад, ки маҳз бо нишон додани маҳорати баланд дар Олимпиада боиси ифтихори тамоми мардуми Ӯзбекистон гардид.
Чанде пеш Баҳодур Ҷалолов ба вилоят баргашт. Сараввал қабули чемпион аз фурудгоҳи шаҳри Тирмиз оғоз гардид, ки дар он як гурӯҳ фаъолон, ҷавонон ва мухлисон ширкат намуданд. Сипас, қабули чемпион дар боғи наврасону ҷавонони шаҳр идома ёфт ва дар он ҳокими вилоят Тӯра Боболов иштирок намуд ва ин ғалабаи Баҳодурро самимона муборакбод кард ва қайд намуд, ки ғалабаи Баҳодур барои тамоми мардуми Ӯзбекистон хурсандӣ ва сарфарозиҳои беҳтаринро ҳадя намуд. Баъди он ҳоким ба Баҳодур Ҷалолов чун рамзи миннатдорӣ ва арзандагӣ калиди автомобили сабукрави «Шкода»-ро туҳфа намуд. Инчунин, дар вохӯрӣ Орзуқул Соатов ва як гурӯҳ фахриён ба сухан баромада, ғалабаи навбатии чемпионро чун рамзи ифтихори Ӯзбекистон арзёбӣ намуданд.
Пас аз зиёрати мақбараи Ҳаким ат-Тирмизӣ чемпион ба зодгоҳи худ – ноҳияи Сариосиё роҳ пеш гирифт. Сараввал дар даромадгоҳи ноҳия як гурӯҳ фаъолон, ҷавонон ва мухлисон аз ноҳияҳои вилоят чемпионро пазироӣ намуданд. Ҳокими ноҳия Абдусалом Хӯҷақулов чун рамзи эҳтиром ба Баҳодур Ҷалолов ҷомаи миллӣ пӯшонид ва туҳфаи ҳокими ноҳия – аспи зоти «Қорабайир»-ро тантанавор супорид.
Қисми дигари тантанавии истиқболи чемпион дар зодгоҳаш, маҳаллаи Афросиёб идома ёфт. Он ҷо низ фаъолони ноҳия, ҷавонон, мухлисон ва меҳмонон аз ноҳияҳо ҳузур доштанд ва ҳар яке аз иштироккунандагон Баҳодур Ҷалоловро муборакбод намуданд ва таманнои он намуданд, ки дар мусобиқаҳои дигари бонуфузи ҷаҳонӣ омад ёр гардад.
Ҳамин тавр, вохӯрӣ ва сӯҳбатҳои самимӣ бо чемпион дар қисмҳои ҳарбӣ, бо ҷавонон ва таълимгоҳҳо дар назар дошта шудааст.
Олим ПАНҶИЗОДА,
Вилояти СУРХОНДАРЁ.