ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН БА ОХИР РАСИД

Дар маҷмӯи варзишии ”Суғдиёна”-и шаҳри Ҷиззах миёни писарон ва духтарони соли таваллудашон 2001-2003 чемпионати ҷаҳон барои ҷоизаи Президент шуда гузашт.

Дар маҷмӯи варзишии ”Суғдиёна”-и шаҳри Ҷиззах миёни писарон ва духтарони соли таваллудашон 2001-2003 чемпионати ҷаҳон барои ҷоизаи Президент шуда гузашт. Мукофот ба миқдори 56 ҳазор доллар буда, дар баҳсҳои  самти гӯштии миёнбанд ҷамоаи яккачини мо бо 13-то медали тиллоӣ ҷойи якумро ба даст овард. Дар баҳсҳои гӯштии миёнбандӣ озод бошад, бо ҳисоби умумиҷамоавӣ паҳлавонони Қазоқистон бо ҷамъ намудани медалҳои тиллоии бисёр ҷойи аввалро ишғол намуданд. Дар арафаи ниҳоии чемпионат маросими тақдиронидани ғолибон ва ҷоизадорон баргузор шуд. Ба онҳо медал ва мукофотҳои пулӣ супурда шуданд. Илова бар ин, бино ба натиҷаҳои рӯзи аввали мусобиқа ба ҷамоаи яккачини Ӯзбекистон, ки ба ҳисоби умумҷамоавӣ ҷойи якумро соҳиб шуда буд, ҷоизаи Президент – автомобили “Кобалт” тақдим шуд. Дар самти озоди гӯштӣ ба ҷамоаи яккачини Қазоқистон низ ҷоизаи Президент – автомобили “Спарк” супурда шуд. 
Дар чорабинии ботантана президенти Ассотсиатсияи гӯштии миёнбанди ҷаҳон Азизбек Ғаниев, ҷонишини ҳокими вилояти Ҷиззах Синдор Раҳмонқулов, раиси Федератсияи гӯштии миёнбанди Ӯзбекистон Равшан Дастиров, раиси Конфедератсияи гӯштии миёнбанди Осиё Мӯъмин Муродов ва дигарон иштирок намуданд. Инчунин, дар чаҳорчӯбаи чемпионати ҷаҳон ҷамъомади таъсиси Конфедератсияи гӯштии миёнбанди Осиё ба амал омад. Ба Конфедератсияи гӯштии миёнбанди Осиё Мӯъмин Муродов раис интихоб шуд.

Матн ва сурати Р. ГАЛЕЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: