ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИДИ ҶАНГИ ДАСТӢ

Дар Бухоро қувваозмоиҳо оиди ҷанги дастӣ байни ҷавонон ва наврасон поён ёфт.

Дар ин мусобиқа аз 34 мамлакати ҷаҳон 327 нафар варзишгарон иштирок карданд. 
Гуфтан ҷоиз аст, ки ин дар Бухоро бори дуюм баргузор гардид. Иштироккунандагони мусобиқа аз рӯйи 37 намуди вазн бо ҳам қувваозмоӣ намуданд.
Мувофиқи натиҷаҳои ниҳоӣ ҷойи аввал ба дастаи Ӯзбекистон, ҷойи дуюм ба ҷамоаи Қазоқистон ва ҷойи сеюм ба Қирғизистон насиб кард.
Ғолибон аз ҷониби раиси Федератсияи муҳорибаи дастии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ӯзбекистон – Гвардияи миллӣ Р.Ҷӯраев, президенти Федератсияи байналхалқии ҷанги дастӣ С. Астахов ва ҳокими вилояти Бухоро Б.Зарифов ба тарзи тантанавӣ ҳавасманд гардонида шуданд.
Ҷанги дастӣ шомили чемпионати Осиё гардида, ғолибони қувваозмоӣ соли оянда ҳуқуқи иштирок ба мусобиқаҳои Осиёро дар шаҳри Тошканд ба даст дароварданд.

А. АВЕЗОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик»
 дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: