ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁИ ҒАРБӢ

Имрӯз дар меҳмонхонаи «International Hotel Tashkent»-и пайтахти кишварамон бори нахуст чемпионати Осиёи ғарбӣ бинобар шоҳмот дар байни писарону духтарони аз 6 то 20 сола оид ба намудҳои стандарт, рапид ва блитс оғоз меёбад.

Чемпионати номбурда мусобиқаи расмии Федератсияи шоҳмоти байналхалқӣ (ФИДЕ) буда, бо кӯмаки Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Федератсияи шоҳмоти Осиё гузаронда мешавад. Боиси қайд аст, ки чемпионат бо дастгирии Федератсияи шоҳмоти Ӯзбекистон, ҳомиён ва созмонҳои ҳамкор то 23 ноябри соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи номбурда баргузор мегардад. Дар нишасти матбуотие, ки дирӯз дар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи зикршуда баргузор гардид, аз ин хусус маълумоти муфассал дода шуд. Таъкид гардид, ки рафти мусобиқаро ҳакамони соҳибтаҷрибаи мамлакатҳои Осиёи ғарбӣ бевосита муоина мекунанд. Ҷоизадорон ва ғолибони чемпионат бо унвонҳои гроссмейстери байналхалқӣ, устоди варзиши тоифаи байналхалқӣ ва устоди варзиши ФИДЕ соҳиб мегарданд. 
Бояд гуфт, ки дар мусобиқаҳо наздик ба 300 нафар шоҳмотбозони 11 давлати Осиёи ғарбӣ, аз ҷумлаи Ҳиндустон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Афғонистон, Эрон, Шри-Ланка, Бангладеш ва Ӯзбекистон иштирок доранд. 
Дар ин сабқати минтақавӣ шарафи мамлакати моро дар самтҳои гуногун чемпионҳои ҷаҳон Нодирбек Яъқуббоев, Ҳумоюн Бегмуратов, Афрӯза Ҳамдамова, Умеда Амонова, ҷоизадорони чемпионати Осиё ва ҷаҳон Абдималик Абдисалимов, Баҳора Абдусатторова, Ортиқ Нигматов, Алмос Раҳматуллоев ва шоҳмотбозони дигар ҳимоя мекунанд.

М. ҚОДИРЗОДА.    

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: