ЧЕМПИОНАТИ ЗЕРИ ШИОРИ «МЕССӢ»

Ҳоло акнун, ки чемпионати

22-юми ҷаҳон ба моли таърих бадал гардид, то дер мавзӯи баҳсу талош ва радду бадали мутахассисону ҳаводорони «бозии миллионҳо» давом хоҳад кард. Мисли ҳамеша пеш аз оғози он башорату пешгӯиҳо ва мавзӯъҳои атрофи футбол кофиву басанда буд. Ин, ки хоси тамоми чемпионатҳо буд, аммо ба далели он ки мизбони мусобиқа шоҳигарии хурди Қатари арабӣ, нимҷазирае дар халиҷи Форс арзу бараш ҳамагӣ 180х80 километрро ташкил медиҳаду камтар аз 3 млн. аҳолӣ дорад ва бо суннату тартиби исломӣ ҳаёт ба сар мебарад, ин гуна баҳсҳоро, хусусан дар ҷомеаи сиёсӣ, доман зад. 

Ҳарчи чемпионат наздик мегардид, давлату соҳибмансабони кишварҳои Ғарби «байроқбардори демократия» ва «муҳофизони ҳуқуқи инсон» аз ин арзишҳо ёд мекарданд ва ҳатто шиори ҳамешагии «Варзиш – бидуни сиёсат»-ро як сӯ гузошта, ҳуқуқи ҳамҷинсбозону дигар қишри камшумори бидъатталабонро ба мавзӯи доғи рӯз табдил додан мехостанд. Кор то ҷое расид, ки ба ин дасисаҳо баъзе дастаҳои футболи иштирокдор вазифаи варзишии худро канор гузошта, ҳамовоз шуданд. Оқибат варзиш – ФУТБОЛ – дар ниҳояти ин беҳудагӯиҳо ва иддаоҳои безамина пирӯз гардид. 
Барои  ҷомеаи футбол ва аҳли варзиш ин чемпионате буд, ки, ба эҳтимоли қавӣ, як марҳалаи ҳамосавии таърихи футболро пушти сар гузошт. Дар таърихи беш аз 150-солаи ин варзиши оммавитарин чунин нашудааст, ки ду нафар афсонаи он дар як марҳала арзи вуҷуд карда бошанд. Криштиану Роналду ва Лионел Мессӣ, ки аввалӣ 37 сола асту дувумӣ ду сол аз ӯ хурд, якуним даҳсола пеш ба олами футбол қадамҳои баҳодурона гузоштанд ва бо ҳамин ин давраи тиллоӣ барои аҳли футболи ҷаҳон шурӯъ гардид. Ҳарду агар дар клубҳои худ бисёр муваффақ шуда, Роналду шаш бор ва Мессӣ ҳафт бор чун беҳтарин футболбози ҷаҳон соҳиби «Тӯби тиллоӣ» гардида бошанд, ғайр аз  чемпиони қитъаи худ гардидан, ки ҳарду ба он муваффақ шудаанд, қуллаи баландтарини  орзуҳояшон Ҷоми ҷаҳон буд. Агар, бинобар савия ва дараҷаи дастаи миллии Португалия, аз Роналду олами футбол пирӯзиро чашмдор ва интизор набуд, аз Мессӣ на танҳо Аргентинаи чилмиллионнафара, балки миллионҳо мухлисонаш дар тамоми манотиқи ҷаҳон ҳатто тақозо доштанд, ки барои ба сафи Пеле ва Марадона дохил гардидан соҳиби Ҷоми ҷаҳон шудан зарур аст. 
Аз ин боис дар чемпионати панҷуми худ, ки эҳтимол барояш чун футболбоз охирон бошад, ӯ ба ин муваффақ гардид ва «бор»-и сангини  «нокомӣ»-ро аз сар дур намуд.
Ин барояш, хусусан дар финал бо Фаронса, ба осонӣ даст надод. Пас аз ду голи беҷавоб дар қисми якуми бозӣ ба дарвозаи Фаронса, дар аввали дақиқаҳои ҳаштодум аврупоиҳо ду гол зада, бозиро ба вақти иловагӣ гузаронданд. Мессӣ голи сеюмро зад, гӯё тақдири бозӣ ҳал, ...аммо Мбаппе дар сонияҳои охир боз ҳисобро баробар кард. 
Ниҳоят пеналтизанӣ оғоз ёфт ва ба бахти аргентиниҳо як зарбаи фаронсавиҳоро дарвозабон гардонд, боз яке хато рафт... хулоса Мессӣ ба ҳамон «тахте», ки солҳои тулонӣ барояш таъин шуда буд, оқибат нишаст!

Тоҷибой ИКРОМОВ,
шореҳи сиёсии «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: