ЧЕМПИОНИ БУХОРОӢ

Дар Шветсия мусобиқаи байналхалқии атлетикаи сабук – «Folksam GP Sollentuna» баргузор гардид.

Дар он узви дастаи яккачини Ӯзбекистон Анвар Анварови бухороӣ комёб гардид.
Вай дар қувваозмоии ба дарозӣ ҷаҳидан бо натиҷаи 7,80 метр сазовори ҷойи аввал шуд. Ба варзишгари Сербия Лазар Анич ҷойи дуюм, ба Уго Олесони шветсиягӣ ҷойи сеюм насиб кард.
Бояд хотирнишин намуд, ки А. Анваров моҳи гузашта дар Кипр – «Athletics Meeting» соҳиби медали нуқра гардида буд.

А. АВЕЗОВ,
мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: