ЧЕВАРОНИ ГУЛДАСТИ ЯНГИҲАЁТ

  • ЧЕВАРОНИ ГУЛДАСТИ ЯНГИҲАЁТ
  • ЧЕВАРОНИ ГУЛДАСТИ ЯНГИҲАЁТ

Дар доираи панҷ ташаббуси Президент ба бо кор таъмин намудани бонувон, бартараф кардани муаммоҳои иҷтимоие, ки дар тӯли солҳо ба онҳо дучор меоянд, эътибори ҷиддӣ дода мешавад.

Дар маҳаллаи Янгиумеди ноҳияи Янгиҳаёти пойтахт ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Умед барака чеварлари” ба кор шурӯъ кард. Дар маросими кушодашавии корхона ҳокими ноҳия Ҳаётҷон Инағомов ширкат варзида, таъкид намуд, ки ба воситаи таъмини шуғли аҳолӣ барои онҳо фароҳам овардани шароити ҳаёти фаровон аҳамияти муҳим касб мекунад.
Дар корхона 150 ҷойи нави кор офарида шудааст. Барои сохтмони корхона 1 миллиарду 900 миллион сӯм маблағ сарф гардида, аз Чин мошинҳои дӯзандагии дорои тамғаи охир оварда, насб карда шуд.
— Алҳол дар маҳаллаи Гулшанобод лоиҳаи мо амалӣ гардида, барои бо шуғл фаро гирифтани занону духтарон комёбӣ ба даст омад, — мегӯяд роҳбари “Умед барака чеварлари” Ислом Одилов. – Бояд таъкид намуд, ки ба корхона занону духтарони ногиро низ ҷалб карда мешаванд. Онҳо аз рӯйи имконият кор кунанд ҳам, дар давоми як сол  ба тартиби муайяншуда ҳаққи кор пардохт карда мешавад.
Дар ҳудуде, ки корхона ба фаъолият шурӯъ кардааст, дар асоси лоиҳаҳои намунавии навшуда манзилҳои зисти арзон қад рост намуда, ба мавзеи калон табдил меёбад. Либосҳои корхонаи нав супоришгарони худро дорад. Ҳамчунин, пешбинӣ гардидааст, ки маҳсулоти номгӯи васеи чеварони гулдасти янгиҳаётӣ ба давлатҳои ҳамсоя низ содир карда хоҳад шуд.

Далер АЗИЗОВ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик». 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: