ЧИЛ СОЛИ ПУРИФТИХОР

Замоне буд, ки дар хонадони ҳама аз субҳи содиқ то бевақтии шаб садои радио ба гӯш мерасид.

Шунидани барномаҳои гуногуни мусиқию адабӣ, сиёсию иҷтимоӣ барои мардум ранги одатро гирифта буд. Номҳои Маҳмудҷон Қосимов, Асадҷон Гулов, Олия Остонова, Лутфулло Турсунов, Мубинҷон Шукуров, Раҳимҷон Шукуров ва дигарон барои радиошунавандагони хурду калони солҳои 60-уму минбаъдаи вилоят хеле шинос аст. Ҳар бегоҳ ва нисфи рӯз овози форами ровӣ  Олия Остонова аз радио баланд шуда, диққати садҳо ҳазор сомеъони худро беихтиёр сӯи худ мекашид: «Ин ҷо Бухоро, ассалому алайкум, радиошунавандагони мӯҳтарам, радиои вилоятӣ гуфторҳои худро ба забони тоҷикӣ оғоз менамояд». 
Оё тасаввур мекунед, ба Олияапа лозим омадааст, ки чил соли расо барномаҳои тоҷикии радиоро қариб ҳар рӯз чунин сар карда, мардуми ҳаммиллатро бо навгониҳои диёр ва фаъолияти намунавии пешқадамони замон шиносонад.
Олия Остонова зодаи деҳаи Хонободи ноҳияи Бухорост. Вай дар хонадони Мустафо-қассоб ва Робияхолаи бофанда чун фарзанди дуюм ба дунё омада, байни хоҳарону додарон дар муҳити донишандӯзию меҳнатдӯстӣ ба воя расид. Ӯ баъди ба даст даровардани номаи камол имтиҳонҳоро бомуваффақият супорида, талабаи омӯзишгоҳи педагогии Бухоро гардид. 
О.Остонова фанни адабиёт ва мутолиаи китоби бадеиро дӯст медошт. Шеърҳои шоирони классикӣ ва муосири тоҷикро пайваста аз ёд мекард. Азбаски китобдӯстии Олияро модараш хуб медонист, ҳангоми ҷомашӯии духтараш китоби дӯстдоштаи ӯро рӯ ба рӯяш кушода мемонд. Он солҳо вай ба газетаи «Пионери Тоҷикистон» мақолаҳо менавишт. Дар хотир дорад, яке аз мақолаҳои ӯ он гоҳ ба муқобили аз тарафи ИМА бомбаборон шудани Ветнам таълиф ёфта буд.
Модари Олия нохост бемор шуда, бистарӣ гардид. Ташвишҳои рӯзгор ба гардани ӯ монд. Дар натиҷа таҳсили вай дар омӯзишгоҳ  қатъ ёфт. Дере нагузашта ӯ шунид, ки Кумитаи радиошунавонии вилоят барои дарёфти  диктори барномаҳои тоҷикии радио конкурс эълон кардааст. Азбаски овози форам ва нутқи равони пурҷозиба дошту ин истеъдодаш ҳангоми таҳсил дар мактаби миёна аз ҷониби ҷамоаи таълимгоҳ эътироф гардида буд, ӯро водор сохт, ки сӯи Кумитаи радиошунавонии вилоят раҳсипор гардад. Ӯро раиси ҳамонвақтаи кумита Муҳаммадҷон Бақоев ва сармуҳаррири барномаҳои радио, нависанда Неъмат Аминов қабул карданд. Баъди санҷиш – мутолиаи матне аз газетаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» ҳозирон ба маҳорати О. Остонова баҳои баланд доданд ва водор карданд, ки худи ҳамон рӯз ба хондани матн дар назди микрофон бояд тайёр бошад... 
Вай таҳти роҳбарии муҳаррири калони шуъбаи тоҷикӣ Асадҷон Гулов ба кор оғоз кард ва рӯзи сеюм расман ровии шуъбаи тоҷикии радиошунавонӣ таъин гардид. Ин воқеа соли 1969 рух дода буд.
Олияапа ҳар рӯз ба кор меомаду аз касби дӯстдошта дилаш пурфараҳ мегардид, зеро овози форами вай тавассути радио дар ҳар як хонадони вилоят танин меандохт. 
Олия Остонова соли 1973 бо ҷавонмарди асили бухороӣ Абдураҳмон Муҳиддинов ҳамхона шуд. Онҳо соҳиби ду духтар – Шаҳнозаю Заррина ва як писар – Акмал, инчунин ҳафт набера мебошанд.
Ӯ солҳои 1975-1980 дар факултети филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Бухоро ғоибона таҳсил гирифта, соҳиби маълумоти олӣ гардидааст. Сухангӯи тоифаи олӣ таи солҳо баробари А. Гулов, Н. Ҳидоятов, И. Орифов, Ш. Фаридов, М. Одинаева, Д.Тӯхсанова баҳри ҳадафрас ва ҳамқадами замон таҳия ва талқин ёфтани барномаю маводҳои тоҷикӣ саҳми арзанда гузошт. Ӯро барои кор ба пойтахт, ба шуъбаи тоҷикии радиои ҷумҳурӣ низ таклиф кардаанд. Вале шароити оилавӣ ва садоқат ба сарзамини аҷдодӣ ӯро нагузошт, ки аз оғӯши шаҳри шариф дур равад.
Остонова соли 2007 ба нафақа баромада бошад ҳам, боз ду соли дигар фаъолияти меҳнатиашро идома дод. Ниҳоят, баъди ба кор омадани пайравони муносиб ва ҷавонони баумед бо хотири ҷамъ дар оғӯши оила бо тарбияи фарзандону наберагон самараноктар машғул шуданро маъқул донист.
Ба қарибӣ дар шаҳри Бухоро ҳампешаю ҳамкори собиқи ӯ Олима Мирзоеваро дидам, ки китобе дар даст дошт. Дар он дирӯзу имрӯзи Ширкати телевизион ва радиои вилоят муфассал акс ёфта буд. Он ҷо сурати О. Остонова ва қариб ду саҳифа навиштаҷотро дар бораи ӯ дидам. Хостам, ки аз рӯзгори имрӯзаи вай огоҳ шавам. Бо ин мақсад бо мадади мусоҳибам манзили Олияапаро пайдо кардам. Ӯро чун пештара рӯҳбаланду самимӣ дидам.
Бонуи хонадон порчаҳои шеърии айёми ҷавонӣ омӯхтаашро қироат карда, табъи моро хуш намуд:                    
Дили бемори ман ёди ту дорад,
Дару девори ман ёди ту дорад.
Агар бо чашми дил бинӣ, бихонӣ
Ҳама ашъори ман ёди  ту дорад...
Дар ҷараёни суҳбат аён гардид, ки ҳам дар кору зиндагӣ, ҳам дар таҳсил комёб шуда, дар рӯзгор мақоми хешро пайдо карда истодани фарзандону наберагон боиси шукронаи аҳли хонадон гаштааст.

Амрулло АВЕЗОВ, 
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти БУХОРО.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: