ЧИН ДАР ҚАШҚАДАРЁ ВА БУХОРО НЕРУГОҲИ ОФТОБӢ МЕСОЗАД

Аз замоне, ки ҳукумат ислоҳоти иқтисодиро ба таври васеъ роҳандозӣ намуд, садҳо адад корхонаҳои нав бунёд шуданд ва ин омил талаботро ба неруи барқ ба таври бесобиқа боло бурд.

Ҳоло дар бозори дохилӣ талабот ба неруи барқ афзуда, неругоҳҳои барқии мавҷуда бобати қонеъ сохтани ин ниёзҳо оҷизанд. Истифодаи роҳҳои алтернативии истеҳсоли барқ, масалан, аз неруи шамолу офтоб, ки ҳамчун неруи сабз муаррифӣ мешаванд, роҳи оқилонаи ҳалли ин мушкил шуморида шудааст. 
Барои таъмин сохтани талаботи рӯзафзун ба неруи барқ ҳукумати ҷумҳурӣ тасмим гирифтааст, ки дар вилоятҳои Бухоро ва Қашқадарё ду неругоҳи офтобӣ бунёд кунад, ки ҳар кадом иқтидори истеҳсоли 500 МВт неруи барқро доранд. Бо нашри чунин хабар сомонаи Вазорати энергетика навиштааст, ки сохтмони неругоҳҳоро мутахассисони Чин бар ӯҳда гирифтаанд. Ин ду неругоҳ солона 2,3 миллиард КВт соат неруи барқи аз нигоҳи экологӣ тоза ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ хоҳад дод, ки дар натиҷа 588 миллион мукааб гази табиӣ сарфа ва ҳаво аз олудагиҳо эмин хоҳад монд. Интизор меравад, ки то охири соли 2026 дар саросари Ӯзбекистон 25 неругоҳи гуногун сохта, ба истифода дода хоҳанд шуд, ки иқтидори умумиашон 11954 МВт-ро ташкил мекунад.

Шариф ХАЛИЛ,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Қашқадарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: