Чин маҳвораи сунъии пармакунии масофавиро ба мадор баровард

Хитой гурӯҳи навбатии маҳвораҳои сунъии пармакунии масофавии «Яоган-43»-ро cap дод.

Дар ин бора хабаргузории Xinhua хабар додааст.

Маҳвораҳо соати 09:22 дақиқа аз космодроми Сичан (музофоти ҷанубу ғарбии Сичуань) cap дода шуданд. Аппаратҳо бо ёрии мушакбарандаи Long March-4B  («Чанчжэн-4-би») ба коинот бароварда шуданд.

Ин тоифаи маҳвораҳо барои таҷрибаҳои илмӣ, тадқиқоти замин, баҳодиҳии истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ, пешгирӣ кардани офати табиӣ ва рафъи оқибатҳо пешбинӣ шудаанд. Таҷҳизоте, ки ба мадор бароварда шудаанд, асосан барои санҷидани технологияи нав дар кор карда баромадани гурӯҳи моҳвораи сунъии пастмадори моҳвораҳои сунъӣ пешбинй шудаанд.

Report.az хабар медиҳад, ки ин 533-умин парвози мушакҳои силсилаи Чанжэн аст.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: