Вазифаи асосии миссияи «Тянвен-3» ҷустуҷӯи осори ҳаёт дар Миррих аст.
Илова бар ин, миссия имкониятҳои пешрафтаи техникиро дар фуруд омадан ва парвоз кардан аз сатҳи сайёра намоиш медиҳад.
Чин метавонад то соли 2028 кӯшиши таърихӣ барои овардани намунаҳо аз Миррих ба Заминро анҷом диҳад. Дар ин бора сарконструктори миссия Лю Чжитсзюн дар як чорабинӣ бахшида ба таҳқиқи кайҳон хабар дод.
Қайд гардид, ки миссияи Тянвен-3 "тақрибан соли 2028" ду парвоз анҷом медиҳад. Мувофиқи нақшаи қаблӣ, парвоз ба Миррих бояд соли 2030 сурат мегирифт. Барои тақдими гузориши нав дар моҳи июн аз тарафи қафои Моҳ овардонидани намунаҳои аввалини Чин сабаб гардид.
Инчунин, ин талошҳо ба туфайли суст гардидани саъю ҳаракати NASA ва Агентии кайҳонии Аврупо барои баргардонидани намунаҳо аз Миррих бинобар маҳдудиятҳои буҷа, мушкилот ва хатарҳо рӯй медиҳанд.
Вазифаи асосии миссияи «Тянвен-3» ҷустуҷӯи осори ҳаёт дар Миррих аст. Илова бар ин, дар назар аст, ки миссия имконоти пешрафтаи техникиро дар фуруд ва парвоз аз сатҳи сайёра намоиш диҳад.
"Барои бозгашти миссия бояд аз сатҳи Миррих мушак партоб шавад. Ин як мушаки хурдтар хоҳад буд, аз ин рӯ кафолат додани боваринокии парвоз хеле душвор аст", гуфт Лю.