ЧОДИРХАЁЛ БА БАЧАҲО ЗАВҚ МЕБАХШАД

Тарбияи дуруст ва саривақтии бачаҳо дар пушти сар гузоштани зинаҳои зиндагӣ ба онҳо кӯмак мерасонад.

Тарбияи дуруст ва саривақтии бачаҳо дар пушти сар гузоштани зинаҳои зиндагӣ ба онҳо кӯмак мерасонад. Ҷойи пинҳон кардан нест, мо як муддат муҳимияти ин ҳиқиқатро, ки тарбия аз хурдӣ, ҳатто аз кӯдакӣ шурӯъ меёбад, то андозае фаромӯш намудем. Дар хурдӣ агар пойдевори мустаҳками таълиму тарбия гузошта шавад, бачаҳо дар давоми зиндагӣ ба бероҳа қадам намегузаронд...
Дар ин роҳ баробари муассисаҳои таълими томактабӣ театрҳо, марказҳои фарҳангӣ низ нақши муҳим мебозанд. Сарвари давлатамон  Шавкат Мирзиёев барои амалӣ гардондани  орзуҳои ниҳоии хурдтаракон, бо шавқу завқ ба камол расидани онҳо ҳамаи шароиту қулайиҳоро муҳайё месозад. Кӯдакистонҳо торафт теъдоди бештари бачаҳоро фаро мегиранд. Маҷмӯаъҳои гуногуне, ки бояд ҷойи вақтхушии бачаҳо қарор гиранд, қад меафрозанд. 
Ҷамоаи театри лӯхтаки бачаҳои вилояти Ҷиззах солҳои зиёд дар шароити номусоид кору фаъолият дошт. Хонаҳои тангу тор, толори безеб барои пешрафти кори эҷодӣ халал мерасонд. 
Тибқи қарори сарвари давлат «Дар бораи чораву тадбирҳои барномаи сармоягузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои соли 2019» (аз 19 декабри соли 2018), моҳи марти соли 2020 бунёди бинои нави театри лӯхтак шурӯъ ёфт. Корхонаи бинокории «Қурилиш қӯшма колоннаси — 017» то моҳи октябри соли 2020 корҳои сохтмониро пурра ба  анҷом расонид. Барои қад афрохтани  ин бино қариб 13 миллиард сӯм маблағ сарф шуд. Ҳокимияти вилоят ороишоти дохили биноро бар ӯҳда дошт. Иҷрои ин корҳо ҳам харҷи беш  аз як миллиард сӯм маблағро тақозо намуд.
Бачаҳо баробари ворид шудан ба театри лӯхтак, худро дар олами афсонаҳо ҳис мекунанд. Зеро толор бо қаҳрамонони асарҳои афсонавӣ оро ёфтааст. 
– Маросими ба истифодасупории театр ба иди ҳақиқӣ табдил ёфт, – мегӯяд директори он Ғулом Дархонов. – Дар ин тадбир вазири фарҳанг Озодбек Назарбеков иштирок намуд. Ба ҷамоаи мо мошини хидматии «Дамас»-ро туҳфа кард. Чуноне ки мебинед, театри мо дорои ҳамаи қулайиҳост. Гурӯҳи эҷодӣ пайи ба саҳна гузоштани асарҳои нав ба нав кӯшиш доранд. Ягона коре, ки дар ояндаи наздик бояд ба анҷом расонем ҷиҳозонидани хонаи маънавият мебошад, ки дар ин хона рӯзнома, маҷаллаҳо ва адабиёти бадеӣ ҷойи асосиро мегиранд.
Ҳоло дар театр панҷоҳ нафар ходим меҳнат мекунанд. Ду толор дорем. Яктоаш барои 230 нафар, дигараш ба 105 нафар тамошобин пешбинӣ гардидааст.
Ба ғайр аз ин хонаи тиббӣ, панҷ гриммхона, як хонаи лӯхтакҳо, як студияи сабти овоз, ошхонаи дорои чил ҷойи нишаст дар хидмати ходимон аст, – гуфт зимни суҳбат директори театр.
– Ҳар рӯзи шанбе ва якшанбе чорабинии «Кассаи кушод»-ро ташкил додаем, – мегӯяд масъули бахши бадеии театри лӯхтак Гулчеҳра Салимова. – Ин имкон медиҳад, ки бачаҳо ҳамроҳи волидони худ омада бемалол чипта харанд ва рӯзи муайянгардида аз тамошои чодирхаёл (лӯхтакбозӣ) баҳраманд шаванд. Мувофиқи реҷа  бачагон моҳи феврали соли ҷорӣ чор намоишнома, ба мисли «Алла»-и Марям Ашурова, «Чизи азизтарин»-и Мансурбек Рӯзиев, «Хонатлас»-и Учқун Ӯсаров, «Иблис ва табиб»-и Каромат Дилмонова асарҳои миллӣ ва таърихиро тамошо карданд. 
Гурӯҳи эҷодӣ зуд-зуд ба ноҳияҳо рафта, дар ҳузури бачаҳо, муассисаҳои таълими томактабӣ, мактабҳои таълими ҳамагонӣ асарҳои лӯхтакӣ ба саҳна мегузоранд. Аз ин тамошоҳо бачаҳо бешак завқ мегиранд. Театри мо дар ҷойи мувофиқи шаҳр, дар бари шоҳроҳи асосӣ воқеъ аст. Аз ин рӯ, барои диққату таваҷҷӯҳи хурдсолонро ба худ ҷалб кардан маъмурияти театр ният дорад бо кӯмаку сарпарастии Вазорати фарҳанг дар назди театр монитори калон гузорад. 
Аз ҳунарпешагони театр шаш нафарашон айни замон ғоибона дар Донишкадаи давлатии маданият ва санъати Ӯзбекистон таҳсил мекунанд, – иброз дошт Гулчеҳра Салимова.
Вақте аз ӯ дар бораи гурӯҳи эҷодӣ пурсидем, гуфт, ки дар офаридани нақшҳои саҳнавӣ хидматҳои Зулхумор Маҳмудова, Замира Мамараҳимова, Шуҳрат Эшонқулов, Беҳзод Юнусов, Орифҷон Маматов, Беҳзод Сориев, Раъно Болтабаева, Фотима Ҳамидова, Ҳусан Усмонов, Темур Раҳматуллаев, Озод Муъминов, Маҳлиё Балқиева хеле калон аст. 
Ҳоло коргардон ва муаллифи асари «Салом, дӯстӣ!» Каромат Исамова барои ба саҳна мондани ин асар тайёрӣ мебинад. 
Бо коргардони театр Каромат Исамова дар толор вохӯрда, аз ҷараёни корҳои эҷодӣ пурсидем. Вай гуфт, ки реҷаи ҷамоаи театр имсол зиёд аст. Дар мавсими тобистон барои ба театр бештар ҷалб кардани бачаҳо ҷидду ҷаҳд дорад. Ба Ҷумҳурии Қазоқистон ва вилояти Самарқанд сафарҳои эҷодӣ ташкил доданием. Минбаъд ҳам ҳамкориҳоро  бо театри миллии лӯхтакии ҷумҳурӣ ва вилоятҳо идома медиҳем. 

Анорбой НАЗАРОВ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик». 

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: