ЧОЙПУЛӢ

(Ҳикоя)

(Ҳикоя)
Ҳаво сард буд ва ҳавои дили мардум сардтар аз он. Сардии ҳаво сӯзанвор ба тан неш мезад. Одамон сар даруни гиребон кашида, гардану гӯши худро аз шамоли сарсарӣ панаҳ мекарданд. 
Сабукраве аз тарафи деҳаи Мотурид ба чорроҳаи Даҳбед наздик шуд. Роҳро аз пеши бонки «Роҳи абрешим» бо лента баста, барои ҳаракати мошинҳо иҷозат намедоданд. Сабукравҳое, ки ба тирбандӣ даромадаанд, аранг қафо бармегаштанд. 
– Дар ин ҷо чӣ гап бошад? – ба пеш гардан ёзонд шофёр ва сар аз оина бароварда аз роҳгузаре пурсид: 
– Бародар, чӣ гап? Чӣ шудааст? 
– Як зан мурдааст, – ҷавоб дод роҳгузар. 
– Ба чорраҳа гузашта намешавад, – ба мусофирони мошин рӯй овард шофёр. – Ман аз ҳамин ҷо бармегардам. 
Ҷавони қадбаланди хушлибос, ки дар паҳлӯи ронанда менишаст, роҳкироро дода, шикоятомез: 
– Ин қадар роҳро чӣ хел пиёда меравем? – пурсид.  
– Роҳ маҳкам. Набошад мебурдам.
Ҷавони қадбаланд зери лаб ғурунгида, ба тарафи чорроҳаи Даҳбед шитофт. Шамоли сард ба сару рӯй бераҳмона ҳамла мекард. Дар як лаҳза гӯшу бинии ҷавонмард лолагун гардид. Аз байни мошину издиҳом гузашта, ба истгоҳ наздик шуд. Милисаҳо гирдогирди истгоҳро, ки мусофиркашонҳои ноҳияи Пойариқ дар ҳамин ҷо меистоданд, иҳота карда буданд. Мардум дар беруни лента ҷамъ омада, аз ҳамшафатони худ дар бораи майит мепурсиданд. Яке «мошин задааст» гӯяд, дигаре «аз хунукӣ ях карда, мурдааст» мегуфт, сеюмӣ тахмин мекард, ки «кушта рафтаанд». Баъзеҳо ба навори телефон мегирифтанд. 
Ҷавонмард ба лента наздик шуда, дар истгоҳ ҷасадро дид. Дар канортари мурда борхалтаи сафед меистод. Болои майитро бо карбос пӯшонда буданд. Гоҳ-гоҳ шамол онро боло мебардошт ва рӯймоли сабзи якранги сари майит намоён мешуд. Ҷавони қадбаланд ба ҷасад ва атрофи он нигоҳ кард. Вақте чашмаш ба рӯймоли сабз афтид, дар баданаш мурғак дамид. Дубора ба борхалта нигоҳ кард. Дар худ ларзид ва зуд қафо баргашт. Рухсораш ранг бохтаву нигоҳҳояш парешон буд. «Наход ҳамон зан» аз дил гузаронд...
***
Ҷавонзани афсурдарӯе ба бинои сабти никоҳ даромада, ба чор тараф кунҷковона нигоҳ кард. Аз афт ба куҷо рафтанро намедонист. Дар даст борхалтаи сафед дошт. Ранги рухсораш паридаву либосҳояш рангпаридатар. Дареро кушода диду ҳамон тараф шитофт. 
– Салом, – гуфт ба духтараке, ки хонаро ба тартиб меовард. 
– Ассалому алайкум, – сар аз кор бардошт духтар. 
– Барои нусхаи гувоҳномаи таваллуд ба куҷо...
– Қабати дуюм, хонаи ҳаштум, – сухани ҷавонзанро бурид духтар. 
– Чӣ?  
– Ба ошёнаи дувум баромада, – бо даст ишора кард, – ба хонаи ҳаштум дароед. 
– Раҳмат, – гуфт ҷавонзан ва ба ошёнаи дувум баромад. 
Дар пушти дари утоқи ҳаштум се нафар меистоданд. Ҷавонзан навбат гирифта дар канор истод. Либоси дарози фарсуда, поҷомаи сиёҳи мардона, сарбандии сабзи якранг, калӯшҳои чангзеркардаи зан диққати ҳамаро ба худ мекашид. Вақт мегузашту навбатпоён бештар мешуданд. Яке мушкилашро зуд ҳал карда мебаромад, дигаре ҳаял мекард. То навбати ҷавонзан ба ҷойи се нафар ҳафт нафар даромад. Ҳаштум нафар ҳоло дар пеши сарвар буд. Яке рост омада, ба навбатпоён нигоҳ накарда, рост дарояд, дигаре «як чизро мепурсаму зуд мебароям. Вақти зиёдро намегирам» гуфта, хеле дар дарун монда мерафт. Баъзеҳоро котиба ном гирифта, даъват мекард. 
– Ту чӣ хел одам? – рӯй ба ҷавонзан оварда, шартакигӯӣ кард зани рафидарӯйи газгӯшт. – Навбатат омаду ба ҷойи ту дигарон медароянд. Як даҳон гап намезанӣ. 
– Чӣ гӯям? – дар рухсори заъфарони ҷавонзан хун давид. 
– Чӣ гӯӣ? – баланд дод зад зани рафидарӯй. – Навбатам гуфта даро. Яке тағояшро, дигаре аммаю амакашро, боз яке ҳамсояашро ба миён дароварда, бенавбат дароянд, мо то бегоҳ мешинем? Навбатат расид, даро-дия. 
– Хай, – ҷавонзан пушти дар рафта, оҳиста кӯфту ба дарун сар халонд. 
– Намебинед, дар пешам одам ҳаст? – аз ҷойи нишаст дод зад ҷавони қадбаланд ва бо қаҳр ба котиба рӯй овард. 
Котиба, ки дар паҳлӯи дар менишаст, зуд аз ҷой хеста, ҷавонзанро берун тела дод: 
– Ҳозир ин одам равад, шумо медароед, – димоғсӯхта гуфт. 
– Навбати ман... 
– Навбати шумо баъди ҳамин одам, – бо қаҳр дарро пӯшид. 
Ҷавонзан малӯлу озурда дар паҳлӯи дар истод. Пай мебурд, ки тири нигоҳи ҳама ба ӯ равона шудааст ва ботинан вайро сарзаниш мекунанд. Ба девор такя карда, сархам меистод, ки чашмаш ба калӯшҳояш афтод. Аз чанг сап-сафед шуда, дар чанд ҷояш лой часпида буд. Бо гӯшаи чашм ба пойафзори атрофиён нигоҳ кард. Пойпӯши онҳо лок задагӣ, ялтос мезад. Ҷавонзан калӯшҳояшро дарунтар кашид, то дар зери куртаи дарозаш номаълум шаванд. Соате гузашт, аммо касе намебаромад. Навбатпоён нороҳат шуданд. Дар толори ошёнаи дувум то рафт одам пур мешуд. Ҷавонзан чун гурбае, ки ба муш камин мегирад, аз паҳлӯи дар як қадам дур намерафт. Метарсид, ки ба ҷойи ӯ дигаре дарояд. 
Ҷавони қоматбаланд ҳамроҳи марди чорпаҳлӯе, ки бенавбат даромада буд, баромад. Якҷоя поён рафтанд ва ҷавон баъди қариб ним соат баргашт. Дар толор чунон роҳ мерафт, ки гӯё идораи тамоми корҳои ҷаҳонро дар ихтиёр дорад. Бовиқор қадам мемонд ва аз пеши одамон бепарвою беэътибор гузашта, вориди утоқ шуд. Гӯё дар ниҳод «сазои шумо ҳамин аст. Даркор бошад соатҳо интизор мешавед» мегуфт. 
Чанд дақиқа гузашта, котиба баромад: 
– Навбати кӣ? – пурсид.
– Ман, – қариб даст боло кунад ҷавонзан ва зуд аз пайи котиба даромад. 
Ҷавони баландболо ӯро бедимоғ пешвоз гирифт. Аз он самимияте, ки ҳангоми гусели марди чорпаҳлӯ дар рухсораш аён буд, асаре ба назар намерасид. Дар курсӣ мағрур менишаст, чун дар тахти шоҳӣ. 
– Чӣ хидмат? – мутакаббирона пурсид. 
– Барои нусхаи гувоҳномаи таваллуд омадам, – дар пеши дар мехвор меистод ҷавонзан.  
– Дубликаташ? – ҷавонмард аз табақча шоколадеро гирифта, ба даҳон андохт.
– Ҳа, дубликат. 
– Аз куҷо шумо? – сар то пойи ҷавонзанро бо нигоҳ палмосид. 
– Аз Пойариқ. 
– Аз куҷои Пойариқ? – аз ҷавонзан чашм намеканд. Азбаски худи сардор ҳам пойариқӣ буд, мароқ зоҳир кард. 
– Челак.
– Ин хел бошад, шумо ба загсхонаи Пойариқ равед. 
– Рафтам. Онҳо ба шаҳр фиристонданд. 
– Чаро? – бо тааҷҷуб пурсид, гӯё бори аввал бо чунин ҳол рӯ ба рӯ меояд. 
– Аз шаҳр мегиред гуфтанд. Чунки модарам...
Фаҳмид, ки модараш зодаи шаҳр аст, сухани ҷавонзанро бурида, ба котиба фармуд: 
– Ариза нависанд. 
Котиба чаққон коғазу ручкаро болои миз гузошт. Ҷавонзан борхалтаашро дар паҳлӯи дар гузошта, коғазу худнависро пештар кашид. 
– Чӣ нависам? – хиҷолатмандона пурсид. 
– Ариза! – тунд гап мезад котиба. 
Ҷавони қадбаланд дар телефон саргарми суҳбат буд. Ҷавонзан чӣ навиштанро намедонист. Як ба коғаз ва як ба котиба нигоҳ мекард. 
– Дар шумо намуна нест? Агар... 
– Уф-ф, – норозиёна бастаеро кушод котиба ва аз даруни он аризаеро гирифта, дар пеши ҷавонзан гузошт. 
– Чӣ шуд? Ариза навиштанд? – телефонро хомӯш карда пурсид ҷавонмард. 
– То ҳол се бор хато карданд, – мужда гирифт котиба. —  Чорумашро менависанд. 
– Э-ҳе, ба ин аҳвол корхона касод мешавад-ку? Коғаз бепул не, – киноя зад ҷавон. – Тезтар нависед. Дар берун одамон бисёр. Ҳа нагуфта, пешин мешавад. 
Ҷавонзан «пешин мешавад» гуфтани ҷавонро шунида, гуруснагии худро эҳсос кард. Охир пагоҳӣ ношто накарда, ба роҳ баромада буд. Аз гушнагӣ буд ё ҳаяҷон дасташ меларзид. Ниҳоят аризаро навишта, ба ҷавони қадбаланд дод. Ҷавон ба ариза як чашм давонд. 
– Мешавад. Ҳуҷҷатҳоятонро диҳед, – гуфт.
Ҷавонзан аз борхалтаи сафед папкаи ҳуҷҷатҳоро гирифта, дароз кард. 
– Ман ин папкаро чӣ мекунам? – дод зад ҷавонмард. – Шиносномаатонро...  
– Шиносномаи худамро? – ба худаш ишора намуд.
– Гувоҳномаи шумо гум шуд? – абрӯ чин кард ҷавонмард.
– Не, гувоҳномаи модарам. 
– Э, тавба. Чаро ҳаминро барвақттар намегӯед? 
– Ман нав гуфтам, ки модарам дар шаҳр... 
– Гувоҳномаи модаратон даркор бошад, худашон оянд, – дарғазаб аризаро пеши ҷавонзан партофт. – Қариб як соат вақтамро гирифтед. Равед, худашон биёянд. 
– Худашон омада наметавонанд, – овози ҷавонзан ларзид. 
– Чӣ? 
– Беморанд. Аз ҷой ҷунбида наметавонанд. 
– Не, намешавад, равед, – гуфт ва рӯй ба котиба овард: 
– Дигарашро ҷеғ занед. 
– Илтимос, акаҷон ёрдам кунед, – гиря гулӯгираш кард. – Се моҳ боз барои ҳамин ҳуҷҷатҳо сарсону саргардонам. Як ҳуҷҷатро тайёр кунам, дар дигараш камбудӣ мебарояд. Кайҳо ба нафақа баромаданашон даркор буд. Ҳамин ҳуҷҷатҳоро гуфта, ба қафо меафтад. Илтимос, акаҷон, ёрдам кунед.
– Намешавад. Ба як кас нағзӣ мекунам гуфта, ба бало гирифтор шуданро намехоҳам. Равед, вақтамро нагиред! 
– Илтимос, акаҷон. Саломатии худам ҳам нағз не. Аз роҳи дур омада, рафтанам душвор.
– Саломатиятон нағз набошад, ба шифокор равед. Ман чӣ кунам? – хандид ҷавон. 
Котиба ҳайкалвор пеши дар меистод. Ин сабаб дошт. Котиба интизор буд, ки ҷавонзан «илтимос корамро ҳал кунед. Чӣ хидмат бошад, мекунам. Мо ба хидматаш тайёр» гӯяд ва ӯ дарҳол ҳуҷҷатҳои занро тайёр карда, «хидмат»-ро фармояд. Чойпулӣ кор кунад. Аммо ҷавонзан аз илтимосу илтиҷо ба он сӯ намегузашт. «Аҷаб калтафаҳм будааст. Мебинад, ки сардор не мегӯяд. Як даҳан, «аз мо чӣ хидмат» гӯй, олам гулистон. Худаш баъзеҳо табиатан чунин соддафаҳми гарангтобанд», дар ниҳод андешид котиба. 
– Илтимос, пагоҳӣ боз нигоҳ карда шиштаам. 
– Мо ҳам бекор, чойнӯшӣ карда нашистаем. Мушкили чанд касро ҳал кардем, – оташин шуд ҷавон. 
– Медонам, ако. Илоҳо, аз умратон барака ёбед. Ҳузури фарзандонатонро бинед. Илтимос, ёрдам кунед, – гиря кард ҷавонзан. 
– Хай, – ба кресло такя кард ҷавонмард.  – Дуямон «земляк» будаем. Рӯйи хотири ҳамин, ёрдам мекунам. Ҷаримаро ба касса супурда, квитансияашро биёред.
Ҷавонзан шитобон баромада рафт. 
– Аҷаб зани кундфаҳм будааст, – аз қафои ҷавонзан гуфт ҷавонмард. 
– Ҳа, – тасдиқ кард котиба. – Аз афташ маълум-ку. 
– Либосҳояш ҳам турфа. Рӯймоли сарашро намегӯӣ. Аз замони дақёнус мондагӣ. Хато накунам, модаркалонамро модарашон чунин рӯймол доштанд, – қоҳ-қоҳ зада хандид. 
– Борхалтааш ҳам хӯрҷини ҷӯгиҳоро мемонад, – сухани роҳбари худро дастгирӣ кард котиба. – Аз ин хелҳо чойпулӣ он тараф истад, пӯсти пиёз ҳам намерӯяд.
Ҳар ду саргарми ғайбат буданд, ҷавонзан ҷаримаро пардохта баргашт. Мехост корро тезтар ҳал карда, деҳа баргардад. 
– Дар газета дар бораи гум шудани гувоҳнома эълон додед? 
– Ҳа, ана, – газетаро дароз кард.
– Нағз. Акнун нусхаи шиносномаро диҳед, – газетаро гирифта, пурсид ҷавон. 
– Нусхааш... 
– Ҳа. 
– Нусхааш нест. 
– Набошад, биёред, – амр кард ҷавон ва боз як шоколадро ба даҳон андохт. – То баргаштани шумо гувоҳномаро тайёр мекунем.
– Дар куҷо копия кардан мумкин? – узрхоҳона пурсид. 
– Кӯча бароед, дар ҳар қадам ксерокопия ҳаст, – бепарво гуфт ҷавон ва ба котиба дигар касро ҷеғ заданро фармуд.
Ҷавонзан кӯча баромад. Ба чанд дӯкони гирду атроф сар халонд. Дар онҳо дастгоҳи нусхабардорӣ набуд. Раҳораҳ пулашро ҳисоб мекард. Охир вай барои гувоҳнома ҷарима супурданашро намедонист. Аз ин рӯ, аз ҳамсоя камтар пул қарз гирифта буд. 
«Агар барои копия 2000 сӯм гирад, 13 ҳазор мемонад. Нархи ҳабдоруи модарамро 16 ҳазор гуфт. Ба 11 ҳазор дору харам, 2 ҳазор роҳкиро мемонад» дар сар ҳисоб мекард. Ниҳоят дар дӯконе шиносномаро нусхабардорӣ кард. 
– Ноинсоф! – аз дӯкон баромада, зери лаб гуфт. – Барои як порча коғаз 3000 сӯм гирифт. Инсоф ҳам чун ҳақиқат нест шуду рафт. Ҳама дурӯғгӯю ноинсоф шудаанд. Ҳамаи 20 ҳазори қарз гирифтаамро меовардам, бемалол мерасид. Беҳуда 3 ҳазорашро дар хона мондам. 
Ҷавонзан ба загсхона шитофт, аммо аз ноомади кор дари хонаи ҳаштум қуфл буд. «Ба абед рафтагистанд» аз дил гузаронд.  
Худро беҳол ҳис кард. Аз як тараф кӯфтагии роҳ, аз тарафи дигар гуруснагӣ азоб медод. Пеши тирезаи толор рафт. Аз бемадорӣ буд ё беморӣ чашмонаш фурӯ рафта буданд. 
«Ҳоли модарам чӣ шуд? То пешин бармегардам гуфта будам. Хӯроки нимирӯзиашон чӣ шуд? Ақаллан ба ҳамсоя мегуфтам, аз ҳолашон бохабар мешуд. Бехавотир корамро ҳал мекардам. Телефони ҳамсояро ҳам намедонам, ки аз ягон ҷой телефон кунам. Тезтар сардор меомад, гувоҳномаро гирифта бармегаштам».
Рӯз бегоҳ мешуд, аммо аз ҷавони қадбаланд дарак набуд. Ҷавонзан ҳафт маротиба аз котиба пурсид. Доим «Ҳозир меоянд. Дар ҷамъомад» мегуфт. Чанд нафар дилтанг шуда рафтанд.       
Ҷавонзан чун анкабут дар байни дари ҳаштум ва тирезаи толор тор метанид.
«Бевақт шуд. Автобус то соати чанд мегардад, намедонам. Ақаллан ба охирин автобус бошад ҳам расидагӣ мекардам. Гувоҳномаро мегирифтам, модарҷонам ҳам хурсанд мешуданд. Ҳал шудани нафақаашон ҳам рӯдаи буз барин дароз шуд. Имрӯз ҳам рафта, ҳал нашуд гӯям, хафа мешаванд. Чӣ хел набошад ҳам, корро ҳал карда бармегардам. Бо ин тани носолим боз кай ба шаҳр меоям? Кош, бародар ё хоҳаре дошта будам. Дар чунин вақт ёрдам мекарданд. Афсӯс, ки маро танҳо модар ҳасту модарҷонамро ман...»
Дар толор ҷавони қадбаланд намоён шуд. Ба биниаш хода намерасид. Ҳама аз пушти ӯ ба дар наздик шуданд. Котиба баромада, сардор аввал онҳоеро, ки аз пайи камбудии ҳуҷҷат рафтаанд, қабул мекунад, гуфта эълон кард. Ҷавонзан оҳи сабук кашид. Вақте ки нусхаи шиносномаро тақдим кард, ҷавони қадбаланд баҳона пеш овард, ки нусхаи шиноснома хира аст. 
– Арзиши ҳар як коғаз бо маълумоти он вобаста аст, – норозиёна гуфт ҷавон. – Коғазе, ки тоза аст, арзиш ҳам надорад. Монанди ин нусхаи шиноснома. Аз дигар нусхабардорӣ карда биёред. 
Ҷавонзан чӣ кор карданро намедонист. Аз кӣ ёрӣ пурсад? Ба кадом девор сар занад. «Арзиши коғаз бо навиштаи он муайян гардад, арзиши одамро бо чӣ ҳисоб мекунанд? Ин сардор ҳеч дар ин бора фикр карда бошад?» дар ниҳод андешид ва аз котиба оҳиста пурсид: 
– То омаданам, намеравед?  
– Кор то соати шаш. Баъди шаш қабул намекунем, – бурро ҷавоб дод котиба. 
– Ҳозир соат чанд? 
Котиба соати телефонашро дида: 
– Панҷу ним, – гуфт.
Ҷавонзан ранҷидахотир берун баромад. 
«Ним соат. Дар ним соат чӣ хел рафта меоям. Намешавад. Танҳо барои рафтан ним соат вақт даркор». Пойбанди хаёл аз зина мефаромад ва занеро, ки боло мебаромад, надиду бархӯрд. 
– Мебахшед, – аз олами хаёлот берун омада, узр пурсид ва дар рӯ ба рӯйи худ ҳамон зани рафидарӯйро дид, ки пагоҳӣ ба вай эътироз карда буд. – Ба хаёл дода шудаам.
– Ҳеч гап не, – хандид зани рафидарӯй. – Хаёлпарешонӣ дар ҳама мешавад. Коратон ҳал шуд?
– Не, – димоғсӯхта гуфт ҷавонзан. 
– Чаро?
– Нусхаи шиноснома лозим будааст. Овардам, «хонда намешавад. Аз дигар копия карда биёр» гуфтанд. 
– Ҳамин ҳам гап шуд-у. Дар худашон дастгоҳи копия ҳаст-ку? 
– Намедонам, – китф дар ҳам кашид ҷавонзан. 
– Чойпулӣ додед? 
– Чойпулӣ?!
– Ҳа, чойпулӣ. Ба котиба. 
– Не. 
– Як 20 ҳазор диҳед, коратон бе ягон муаммо ҳал мешавад, – гуфт зани рафидарӯй. – Ҳозир ҳама гадорӯю гадочашманд. «Аробаи равғанназада ҳаракат намекунад», гуфтаанд. Ҳозир гулӯи «ароба»-ҳоро ҳамарӯза равған кунед ҳам, ба осонӣ гапи хуш намефаҳмед. Рафта нусхаи шиносномаро аз нав биёред, боз дигар баҳона пеш меоранд. То чойпулӣ нагиранд, коратонро ҳал намекунанд. Маро ҳам барои як маълумотнома фиристоданд. Чойпулӣ бештар медиҳам гӯям, бе маълумотнома намешавад гуфтанд. Ҳамонро мебиёрам. Рафтем, ман даромада, котибаро пеши шумо мефиристам.  
Ҷавонзан ҳамроҳи зани рафидарӯй қафо баргашт. 
– Барои густохии имрӯза узр мепурсам. Агар ҳамон хел намекардам, боз чанди дигар бенавбат медаромаданд, – зан беист гап мезад. 
Ҷавонзан дар назар ӯро мешунид, аммо хаёлан пулашро ҳисоб мекард. «Агар ба котиба 10 ҳазор диҳам, 2 ҳазор мемонад. 2000 танҳо ба автобус мерасад. Тезтар гувоҳномаро гирифта, ба истгоҳ равам, ба автобуси охирин шояд расонам», меандешид. 
Зани рафидарӯй дарун даромад. Ҷавонзан канортар рафта, пулашро дубораю себора шумурд: 11 то ҳазорсӯмӣ, дуто панҷсадсӯмӣ. Сари калобаи худро гум кард. Чӣ кор карданро намедонист. Ҳамин вақт котиба баромад. 
– Маро кӣ ҷеғ зад? – аз одамони пушти дар пурсид. Ҷавонзан дарҳол 2 ҳазорро дар борхалтаи сафед андохта, шитобон пеши котиба рафт. 
– Ман ҷеғ задам, – гуфт ва ӯро ба канортар кашида, ба дасташ пулро дод.
– Ин чойпулӣ, хоҳарҷон. Илтимос, гувоҳномаро бароварда диҳед. 
Котиба пулро бепарвоёна гирифта, як нигоҳ кард ва дар ҷайби худ андохта, ба утоқ даромад. 
Пас аз лаҳзае зани рафидарӯй баромаду котиба ҷавонзанро даъват кард. 
– Котиба гуфтанд, ки шумо саросема ҳастед, – дар лаби ҷавонмард табассум гул мекард. – Хидмат бе ҳиммат намешавад. Шумо «хидмат»-ро кардед, акнун мо ҳам ба хотири «земляк» буданамон як ҳиммат кунем. Ҳамон нусхаи шиносномаатонро дода равед.  Мо ҳамеша ба ҳамшаҳриҳои худ ёрӣ мекунем. Ин гувоҳномаро бурда, модаратонро хурсанд кунед, – мамнун гувоҳномаи навро дароз кард. – Аз номи мо ягон кило шоколад ҳам баред.
Ҷавонзан изҳори миннатдорӣ намуду аз дил гузаронд, ки «бедавлат агар кишт кунад, об намеёбад, бодавлатро киштаву нокишта як хел». Шоколад баред мегӯяд. Аз куҷо донад, ки бо пули қарз ба ин ҷо омадам ва дорупулии модарҷонамро ба ӯ додам» гуфт ва гувоҳномаро гирифта, берун баромад. Рӯз торик шуда буд. Ҷавонзан бо паҳлӯи базмгоҳи Кӯксарой ба роҳи калон фаромада, қад-қади роҳ, пиёда ҷониби истгоҳи Пойариқ - чорроҳаи Даҳбед шитофт. 
Дар истгоҳ танҳо мошинҳои сабукрав меистоданд. Ронандаҳо бо овози баланд мусофиронро ҷеғ мезаданд: «Пойариқ, Пойариқ, Челак».
Ронандагон роҳкироро 8000 сӯм мегуфтанд. 
Дили ҷавонзанро гург тала мекард. «Ҳоли модарам чӣ шуд? Пешин чӣ хӯрданд? Аз дер кардани ман парешон мешаванд. Илоҳо, ягон ҳамсоя ба аёдат омада бошад.» 
Бо умед аз ду-се ронандаи сабукрав хоҳиш кард, ки то ба манзил расонед. 
– 2000 сӯм пулам ҳаст. То хона баред, пули боқимондаро медиҳам, – гуфт. 
Азбаски хонаи ҷавонзан дар канортари шаҳраки Челак буд, ронандаҳо розӣ намешуданд. 
Дар қади роҳ истода, ба ҳар як мошин даст боло мекард. Шофёрон либосҳои кӯҳнаву рангпарида, калӯшҳои чиркин, рӯймоли сабзи якранги ӯро дида, аз ҳамон талбандаҳое мепиндоштанд, ки дар назди чорроҳаҳо истода, аз ронандагон садақа мепурсиданд. Аз ин рӯ, наистода мегузаштанд...
Торафт ҳаво сард мешуд. Шамол авҷ мекард. Шохҳои урёни дарахтони қади роҳ зери шуои чароғҳои ду бари кӯча музтарибу бенур ба назар мерасиданд. Сардӣ ба ҷавонзан асар карда буд. Борхалтаи худро оғӯш карда, дар истгоҳ аз шамоли сард паноҳ ҷуст. Сар ба оинаи истгоҳ гузошта, чашм аз роҳ намеканд. Бо гузашти вақт гаштугузори одамон ва мошинҳо камтару эҳсоси яъсу навмедии дили ҷавонзан бештар мегардид...
Сабукраве омада дар рӯ ба рӯйи истгоҳ қарор гирифт. Аз он ҷавони қадбаланд фаромад. Ҷавонзан ӯро шинохта, сар хам кард. Ҷавонмард тарафи мусофиркаши охирине қадам зад, ки дуртар аз истгоҳ меистод. 
– Куҷо меравед, ака? – пурсид ронанда. 
– Челак. 
– Гап не. Биёед, ду каси дигар гирем, меравем. 
– Рафтем, ман пули се касро медиҳам, – гуфт ҷавони қадбаланд ва дар сабукрав нишаст.
Ҷавонзан боумед дар истгоҳ нишаста буд, ки агар мошин пур нашавад, ронанда ӯро то ба манзил мебарад. Аммо сабукрав рафту бо худ охирин умеди дили ҷавонзанро ҳам бурд ва ӯ дар истгоҳ танҳо монд...

Фаридуни ФАРҲОДЗОД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: