ЧОР ҚАТРА

Аё булбул, нигар бар роғи қалбам,

Саро шӯридатар дар боғи қалбам.
Садои ту, аё мурғи хушилҳон,
Бувад марҳам ба дарду доғи 
қалбам,
***
Баҳор асту баҳори умри мо ку?
Фазои беғубори умри мо ку?
Чаридан дошт дар паҳнои сабзе,
Саманди беқарори умри мо ку?
***
Баҳор асту баҳорам ёд омад,
Гули рӯйи нигорам ёд омад.
Канори ҳам чу дидам ошиқонро,
Ба ӯ бӯсу канорам ёд омад.
***
Биборид аз баланди Дӯст борон,
Ки оби лутфу меҳри ӯст борон.
Ту гӯӣ чангу гарди ҷурмҳоро,
Зи рӯйи барги дилҳо шуст борон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: