Чорабинӣ дар поликлиника

Поликлиникаи оилавии рақами 31-уми ноҳияи Юнусободи шаҳри Тошканд ба ҳашт маҳалла хидмати тиббӣ мерасонад.

Дар рӯзҳои пандемия духтурону ҳамшираҳои ин муассисаи табобатӣ муроҷиати беморонро интизор нашуда, то имкон ҳаст ба хонадонҳо мебароянд, аз аҳволи сокинон хабар мегиранд, аз байни 34 ҳазор нафар аҳолӣ, хусусан, солимии шахсони синнашон аз 65 болоро таҳти назорати доимӣ қарор медиҳанд.
Дар ин маскан ба муносибати 14 ноябр – Рӯзи байналхалқии муҳофизат аз деабет чорабинӣ бо иштироки аҳолии синнашон аз 40 боло баргузор гардид. Дар бораи пешгирии ин беморӣ, тарзи муолиҷа, асоратҳое, ки диабети қанд мегузорад, маълумот  дода шуд. 
Дар бораи озуқаворие, ки ба ратсиони таомҳо дохил шуда ва парҳезӣ ҳисоб меёбанд низ сухан ба миён омад. Маслиҳат дода шуд барои напечидан ба ин дард дар навбати аввал бояд ба тарзи солими зист ва тановули дуруст риоя кард.

М.ШОДИЕВ,
мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: