ЧОРАБИНИИ АДАБИЮ ФАРҲАНГӢ

Шиори мазкур дар худ маънии бузургеро дорад, ки ҳар шаҳрванди Ӯзбекистон баробари дарк намудани он бо хонаи худ ифтихор мекунад.

Шиори мазкур дар худ маънии бузургеро дорад, ки ҳар шаҳрванди Ӯзбекистон баробари дарк намудани он бо хонаи худ ифтихор мекунад. 

 

Таҳти ин шиор дар тамоми гӯшаю канори мамлакатамон бо ташаббуси Кӯмитаи алоқаҳои дӯстона бо мамлакатҳои хориҷӣ ва муносибатҳои байни миллатҳои назди Девони Вазирон ва марказҳои миллӣ-мадании кишвар чорабиниҳои адабию бадеӣ ва фарҳангӣ баргузор мегарданд. 
Дар саҳни мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 43-юми ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи “Навобод”-и ноҳияи Бӯка низ бахшида ба 30-юмин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон чорабинии адабию бадеӣ ва фарҳангӣ таҳти унвони “Ӯзбекистон – хонаи умумии мо” баргузор гардид.  
– Мардуми деҳаи Навободро имрӯз дар ноҳияи Бӯка хеле ҳурмат мекунанд. Урфу одат, анъана ва нону хӯрокҳои миллӣ, аз ҷумла рақси миллии халқи тоҷиктабори деҳа “Остин” ба худ хос аҷоиботе дорад, – мегӯяд Ӯ.Ҷиянбоев. – Мо мехоҳем дар ноҳияи Бӯка қатори халқҳои қирғизу қазоқ низ як бахши маркази миллӣ-мадании тоҷиконро боз кунем. Ва имрӯза чорабиние, ки аз ҷониби бошандагони деҳа баргузор гардид, хеле хуб буд. 
Дар саҳни тадбир занону гулдухтарони деҳа ҳунарҳои мардумӣ, меҳнати дастӣ, қуроқу гулдӯзӣ ва дигар матоъҳои ифодакунандаи анъанаҳои миллиро ба намоиш гузоштанд. Чорабинии адабию фарҳангии “Ӯзбекистон – хонаи умумии мо” бори дигар дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбекро тараннум намуд ва ба иштирокдорони чорабинӣ, намояндагони ҳокимияту идораҳои ноҳиявӣ писанд буд. 

Меҳровари ҚОДИР.
Вилояти ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: