ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА БУЗУРГДОШТИ ҶОМӢ

Ба муносибати бузургдошти 610-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар мактаби ҳамагонии 7-уми ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё бо дастгирии роҳбарияти мактаб, хусусан саъю кӯшиши ҷонишини директор Маҳкам Ҷаъфаров чорабинии адабии хотирмон баргузор гардид.

Дар чорабинӣ ба ғайр аз донишомӯзон ва омӯзгорон адиби зуллисонайн, узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Чоршанбеи Деҳнавӣ, нависанда Шерзод Саидов, овозхон Саъдулло Беков ва дигарон ширкат варзиданд.

Дар чорабинӣ намунаҳо аз ашъори Абдураҳмони Ҷомӣ қироат карда шуданд.

Чоршанбеи Деҳнавӣ вобаста ба чорабинӣ фикру андешаҳои хешро изҳор намуда, аз рӯзҳои донишҷӯйии худ лавҳаҳои хотирмонро ёдовар гардид.

Саъдулло Беков бо сурудҳои дилнишин табъи ҳозиринро болида сохт.

Дар охир ба меҳмонон ва иштироккунандагони чорабинӣ аз ҷониби раёсати мактаб туҳфаҳои хотирмон супурда шуд.

Д. Неъматов.

Вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: