ЧОРАБИНИҲО БАҲРИ МУСТАҲКАМСОЗИИ ДӮСТИИ ХАЛҚҲО

Дар кишварамон намояндагони миллатҳои гуногун ҳамчун фарзандони як оила аҳлу тифоқ зиндагӣ мекунанд.

Дар кишварамон намояндагони миллатҳои гуногун ҳамчун фарзандони як оила аҳлу тифоқ зиндагӣ мекунанд. Ба расму оин ва анъанаҳои ҳар як миллат арҷ гузошта мешавад. 
Чанде пеш дар «Хиёбони панҷ ташаббус»-и ноҳияи Учқӯрғони вилояти Намангон, ки бо Қирғизистон ҳамсарҳад аст, таҳти шиори «Кушодадилӣ ва ҳамсоягии миллатҳо дар роҳи мустаҳкамсозии дӯстии халқҳо нақши муҳим дорад» чорабинии «Вохӯрии се насл» баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ баробари вакилони санъат, адабиёт, соҳибкорони ӯзбекистонӣ, намояндагони вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Ҷалолободи Қирғизистон ҳузур доштанд. Онҳо даставвал бо маҳсулоти ҳунармандии дастии миллатҳои гуногун, ки дар ҳудуди вилоят истиқомат менамоянд ва маҳсулоти саноатии вилоят шинос шуданд.
Дар чорабинӣ сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ва сафири Қирғизистон дар Ӯзбекистон Иброҳим Ҷунусовҳо ба сухан баромада, таъкид намуданд, ки чунин вохӯриҳо баробари боз ҳам беҳтар кардани равобити дӯстии халқҳо ба ву-съат додани ҳамкорӣ дар дигар соҳаҳо низ хидмат мекунад.
Ба меҳмонон ва ҷамъомадагон дасторхони идона густурда шуд, бо иштироки санъаткорони маҳаллӣ ва пойтахт рақсу сурудҳои миллатҳои гуногун ба иҷро расид ва ин ба иштирокдорон шодию сурур бахшид. 
Ба меҳмонон Мушовири Президент Турсунхон Худойберганов ва ҳокими вилояти Намангон Шавкатҷон Абдураззоқовҳо ҳамроҳӣ карданд.

А. МУРОДОВ, 
хабарнигори
 «Овози тоҷик» дар
вилояти Намангон.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: