Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 5 ноябр бахшида ба масъалаҳои инкишофи минбаъдаи парвариши меваву сабзавот ва афзоиши содироти маҳсулоти он, таъмини истифодаи босамари заминҳои наздиҳавлии аҳолӣ ҷамъомади видеоселекторӣ баргузор намуд.
Ӯзбекистон молики потенсиали бузурги истеҳсоли маҳсулоти меваву сабзавот аст. Барои инкишофи бемайлони некӯаҳволии мардум дар хоҷагии қишлоқ ташкил намудани намудҳои сердаромади интенсивии истеҳсолот аҳамияти муҳимро молик аст.
Бо назардошти ногузирии пурра ба кор андохтани потенсиали мавҷуда ва ба даст овардани даромади зиёди муносиби ин имконот дар солҳои охир дар мамлакатамон соҳаи хоҷагии қишлоқ муттасил ислоҳ мегардад.
Аз ҷониби Президент Шавкат Мирзиёев чандин фармон ва қарор доир ба беҳсозии низоми идора дар хоҷагиҳои боғдорӣ ва гармхонаҳо, татбиқи механизмҳои самарабахши дастгирии давлатӣ, корбасти ҳамкорӣ дар хоҷагии қишлоқ, афзудани истеҳсоли маҳсулоти баландсифат, қобили рақобат ва муносиби содирот дар асоси технологияи замонавии сарфакунандаи захира, рушди босуръати саноати хӯрокворӣ қабул гардидааст.
Сарфи назар аз ин саҳми мамлакатамон дар бозори маҳсулоти меваву сабзавоти ҷаҳон, ки дар дараҷаи 205 миллиард доллар баҳогузорӣ мешавад, ҳатто ба як фоиз намерасад.
Дар ҷамъомад ба вуҷуд доштани имконоти то 2,5 миллиард доллар расондани содироти маҳсулоти меваву сабзавот дар соли оянда ва то 5 миллиард доллар расондани он дар се соли оянда ишора гардид.
Роҳбари давлат таъкид намуд, ки барои ба ин мақсад даст ёфтан дуруст интихоб кардани намуд ва навъ, ақаллан то ду-се баробар баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва даромад, бартарафсозии талафкорӣ, ташкили дурусти нигоҳдории маҳсулот, логистика ва содирот ногузир аст.
Имрӯз дар ҷаҳон ба гелос, зардолу, олухорӣ, анор, ангур, бодом, маҳсулоти ситрус ва ғайра талабот зиёд аст, ин маҳсулот қисми асосии даромадро аз содирот ташкил менамояд.
Дар Ӯзбекистон чунин плантатсияҳо, хусусан намудҳои интенсив каманд, боғ ва ангурзорҳо дар ҳоли номатлубанд, ки бинобар он самарабахшии иқтисодии онҳо хеле паст буда, дар чандин ноҳия ҳазорҳо гектар боғҳои куҳна солҳост, ки ҳосил намедиҳанд, ки ин ҳама дар ҷамъомад зери танқид гирифта шуд. Ҳанӯз низоми кооператсия аз рӯи занҷири «таҳия – харид – нигоҳдорӣ ва азнавкоркард – содирот» ба амал татбиқ нагаштааст.
Боз як камбудии дигар нақши заифи корхонаҳои шаробпазӣ дар инкишофи ангурпарварӣ мебошад.
– Зери таъсири чунин мушкилот талафот ҳангоми ғунучин ва нигоҳдории маҳсулот дар мамлакатамон на камтар аз 30 фоизро ташкил менамояд, – гуфт Президент. – Яъне маҳсулоти парваришёфта талаф мегардад. Дар чунин шароит дар бораи кадом боғҳо ва токзорҳои нав ҳарф задан мумкин аст?
Таъкид ёфт, ки чандин ноҳия пас аз оптимизатсияи майдонҳои пахта барои таҳияи маҳсулоти меваву сабзавот ихтисос ёфта буд. Мутаассифона, дар ин самт низ кор ба талаб ҷавоб намедиҳад.
Ба иллати кори заифи илмиву тадқиқотӣ дар ҷанбаи селексия мамлакати мо водор мегардад, ки тухмиро аз хориҷ биёрад.
– Бо поруҳои маъданӣ таъмин намудан, мубориза бар зидди зараркунандаҳо ва бемориҳо бенизом татбиқ мегарданд, ки ин кори деҳқонро мураккаб намуда, ба ҳосилнокӣ таъсири манфӣ мерасонад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Хуллас, дар соҳа бисёр масъалаҳои ҳалношуда боқӣ мемонад. Аз ин рӯ, пурра аз низоми куҳна рӯй гардондан ва ташкил намудани истеҳсолоти занҷирии мутлақ нав, яъне низоми кооператсия ва кластер ногузир аст. Таҷрибаи ҷаҳонӣ самаранокии ин роҳро собит намуд – татбиқи кластер натиҷаҳои баландро нишон медиҳад.
Бинобар ин Президент ба ногузирии дар Ӯзбекистон ташкил намудани якчанд кластер-содиргари калон, ба афзоиши даромад дар хоҷагии қишлоқ ишора намуд, ки ҳамзамон бо таъсиси занҷири арзиши изофа, ба соҳибкорон вобаста намудани истеҳсолгарони маҳсулоте, ки бо бозори аниқ, манбаи дақиқи таъмини молиявӣ кор мекунанд, зарур аст.
Вазифа гузошта шуд, ки 55 ноҳия ба истеҳсоли маҳсулоти муайяни мунҷар ба содирот дар асоси таҷрибаи Сурхондарё, ки якҷоя бо мутахассисони хориҷӣ ба вуқӯъ мепайвандад, ихтисос ёбад.
Ғайр аз ин, ба масъулияти шахсии ҳокимони вилоятҳо ва ноҳияҳо барои дуруст ҷойгирсозии маҳсулоти меваву сабзавот, баргузор намудани корҳои агротехникӣ, таъмини расондани маҳсулоти омода то содиргар ва ё азнавкоркунанда ишора гардид.
Ба Вазорати молия вазифаи пешниҳодсозӣ марбут ба рағбатноксозии парвариши маҳсулоти муносиби содирот дар асоси низоми нав супурда шуд.
Барои таъмини шуғли аҳолии деҳот дар пойгоҳи кооператсияҳои тоза таъсисёфта қитъаҳои замин аз як то панҷ гектар ба иҷора супурда мешавад. Барои доман паҳн намудани боғ ва токзорҳои нав дар доираи барномаи «Ҳар як оила – соҳибкор» як триллион сӯм ҷудо карда мешавад.
Бо мақсади таъмини хонаводаҳои камбизоат бо кор дар 22 ноҳияи вилоятҳои водии Фарғона 31 кооператсияи намунавӣ ташкил карда мешавад. Ба ҳар як кооператсия на камтар аз 50 нафар шаҳрванди бекор қабул гардида, барои онҳо заминҳои бекорхобида, субсид ва кредитҳои имтиёзнок ҷудо карда мешавад.
Дар ҷамъомад таъкид гардид, ки ба василаи ба вуҷуд овардани боғҳои нави замонавии гелос, зардолу, анор, шафтолу, олухорӣ, чормағз ва ғайра бо ҷалб намудани маблағи ташкилотҳои молиявии байналхалқӣ ва маҳаллӣ ҳосилнокии онҳо ба таври назаррас зиёд карда шавад.
Ногузирии татбиқи низоми идораи замонавӣ дар соҳаи саноати хӯрокворӣ ва истеҳсоли нӯшокиҳои алкоголӣ, зуд афзоиш додани ҳаҷми истеҳсолот, афзоиши номгӯи маҳсулоти содиротбоб ва беҳсозии сифати маҳсулот бо корбурди васеи маркетинг ва инноватсия, аз худ намудани бозорҳои нав ишора гардид.
Президент таъкид кард, ки барои инкишофи боғдорӣ, пеш аз ҳама, ниҳолҳо заруранд, дар мамлакат имконоти соле 20 миллион бех ниҳол таҳия ва содир намудан вуҷуд дорад. Дар назди Вазорати хоҷагии қишлоқ, Агентии рушди боғдорӣ ва хоҷагиҳои гармхонаҳо якҷоя бо ташкилотҳои манфиатдор вазифаи соли оянда ташкил намудани плантатсияҳои парвариши ниҳолҳои зардолу, гелос, шафтолу, ангури ошхона ва навъҳои шаробпазӣ, анор, чормағз, бодом гузошта шуд. Дар бобати ташкили лабораторияҳои «in vitro» дар қитъаҳои минтақавии Институти илмиву тадқиқотии боғдорӣ, токпарварӣ ва шаробпазии ба номи Маҳмуд Мирзоев аз ҳисоби маблағи Бонки ҷаҳон супориш дода шуд.
Ногузирии бо субсид таъмин намудани фермерон барои сарпур намудани қисми харҷи онҳо барои хариди ниҳол ва хасакҳои пайвандии намудҳои интенсив, аз 1 апрели соли 2020 қатъ намудани дохил намудан ва шинондани ниҳолҳое, ки дорои сертификати солимӣ нестанд, таъкид ёфт.
Барои қонеъсозии эҳтиёҷи аҳолии мамлакат ва афзоиши содирот зарур аст, ки соле истеҳсолот ба 8-10 фоиз афзоиш ёфта, барилова беш аз 1 миллион тонна маҳсулоти меваву сабзавот таҳия карда шавад. Бинобар ин, ба Вазорати хоҷагии қишлоқ, ҳокимони вилоятҳо ва ноҳияҳо вазифаи таъмини шинондани намудҳои озуқавории меваву сабзавот дар 77 ҳазор гектар, ки соли 2020 ба истифода ворид мегарданд ва ҳамчунин намудҳои сабзавот бо усули «навад рӯз» дар 200 ҳазор гектар гузошта шуд.
Масъалаи коркарди кимиёвии рустаниҳо ва мубориза бар зидди зараркунандаҳо низ аз аҳамият холӣ нест. Президент Шавкат Мирзиёев ногузирии боз намудани нуқтаҳои фурӯши поруҳои маъданиро дар ноҳияҳои махсус, ташкили низоми хидматрасонии марбутро ба фермерон ва аҳолӣ зикр кард.
Роҳбароне, ки барои ташкили иҷрои босамари вазифаҳои дар ҷамъомад гузошташуда масъул мебошанд, муайян карда шуданд.
ӮзА.