Ба Президент Шавкат Мирзиёев дар бораи корҳои ҷорӣ оид ба сода намудани фаъолияти соҳибкорӣ маълумот пешниҳод гардид.
Рушди соҳибкорӣ самти бартариноки сиёсати иқтисодии мамлакатамон ба шумор меравад. Ба туфайли шароите, ки ба вуҷуд оварда шудааст, миқдори соҳибкорон зиёд мегардад. Беш аз ними маҷмӯи маҳсулоти миллии дохилӣ аз ҷониби воҳидҳои соҳибкории хурд ба вуҷуд оварда мешавад. Онҳо дар содирот низ саҳми зиёд доранд.
Имрӯз беш аз 6 ҳазор ҳуҷҷати меъёрӣ ва 40 ҳазор техникӣ вуҷуд дорад, ки фаъолияти тиҷоратиро ба тартиб меандозанд. Баъзе талабҳои куҳнашуда татбиқи маҳсулоти нав, технология ва хидматрасониро мушкил мегардонанд.
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чорабиниҳо оид ба сода намудани танзими давлатии фаъолияти соҳибкорӣ» бинобар Барномаи давлатии татбиқи Стратегияи рушд дар «Соли таъмини манфиати инсон ва маҳаллаи фаъол» талаботе таҷдиди назар гардид, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ дар шароити имрӯз мамониат менамояд ва чандин роҳи сабуксозии он ҷорӣ гардид.
Аз он ҷумла, воситаҳои танзими давлатии соҳибкорӣ муайян карда шуданд. Ин сабти номи давлатӣ, литсензиягирӣ, тартиби иҷозатгирӣ, танзими техникӣ, тариф ва ғайритариф, бимаи ҳатмӣ, назорати давлатӣ, ҳимояи рақобат, муқаррар намудани масъулият мебошад.
Дар асоси таҳлил бисёр талабот бекор карда шуд. Барои мисол, чунин ҷараёнҳо мисли ба тарзи хаттӣ хабардор намудани кредиторҳо ҳангоми коҳиш додани сармояи аслии субъектҳои хоҷагидорӣ, боздоштани интиқоли электроэнергия зимни истеъмоли бештар аз ҳаҷм, ба рӯйхатгирии кормандоне, ки аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ ба кор ҷалб гаштаанд, дар номгӯйи алоҳида дар мақомоти андоз ташвиши зиёд дорад. Ин талаботи ҳатмӣ аз 1 январи соли 2023 бекор карда мешавад.
Инчунин ба вуҷуд овардани Рӯйхати ягонаи талаботи ҳатмӣ дар соҳаи соҳибкорӣ пешбинӣ мегардад. Рӯйхат дар ду марҳала ташаккул ёфта, он аз 1 июли соли 2025 пурра роҳандозӣ мегардад. Ба ҷавобгарӣ ҷалб намудани соҳибкорон аз рӯйи талаботе, ки ба ин рӯйхат дохил нагаштаанд, манъ мегардад.
Зимни гуфтугӯи ошкоро бо соҳибкорон 22 августи соли ҷорӣ Президент дар бобати рақамисозӣ ва коҳиш додани коргузории коғазӣ дар соҳа супориш дода буд.
Бинобар тартибе, ки қаблан эътибор дошт, ҳуҷҷат дар бораи музди меҳнат ва дигар даромадҳои шахси ҳуқуқӣ ва инчунин пардохти андоз аз рӯйи он бояд дар шакли коғаз дар зарфи 75 сол нигоҳ дошта мешуд. Азбаски ин маълумотҳо дар пойгоҳи мақомоти андози мазкур вуҷуд дорад, бо фармони нав талаботи нигоҳдории онҳо дар шакли коғаз бекор карда шуд. Инчунин воҳидҳои соҳибкорӣ аз коргузории коғазии ҳуҷҷатҳои дохилии ибтидоии ҳисобу китоби муҳосибӣ дар сурати аз тариқи низоми иттилоотии онҳо интиқол гардиданашон озод карда шуд. Дар натиҷаи ин тағйирот сарбории коғазбозӣ кам гардида, кори 587 ҳазор корхона сабук мегардад.
Ғайр аз ин, аз 1 январи соли 2023 таҷрибаи ба мақомоти андоз вогузоштани ҳисоботи молиявии семоҳа ва 9 ҳисоботи гуногуни оморӣ бекор карда мешавад.
Иттилооти шахсони масъулро шунида, роҳбари давлат ташкил намудани иҷрои босамари фармон ва ҳамчунин муттасил идома додани кор дар бобати сода намудани коргузории фаъолияти соҳибкорӣ ва дар мамлакат ба вуҷуд овардани муҳити куллан мусоиди тиҷоратиро супориш дод.