Чорабиниҳои доманфарох оид ба дастгирии бонувон муайян гардиданд

  • Чорабиниҳои доманфарох оид ба дастгирии бонувон муайян гардиданд
  • Чорабиниҳои доманфарох оид ба дастгирии бонувон муайян гардиданд
  • Чорабиниҳои доманфарох оид ба дастгирии бонувон муайян гардиданд
  • Чорабиниҳои доманфарох оид ба дастгирии бонувон муайян гардиданд
  • Чорабиниҳои доманфарох оид ба дастгирии бонувон муайян гардиданд
  • Чорабиниҳои доманфарох оид ба дастгирии бонувон муайян гардиданд

Зери раёсати Президент Шавкат Мирзиёев 1 март ҷамъомади видеоселекторӣ бахшида ба минбаъд такмил додани низоми дастгирии бонувон ва минбаъд пурзӯр намудани мақоми онҳо дар ҷамъият баргузор гардид.

Дар таърихи халқамон дар баробари олимон ва сарлашкарони бузург инчунин занони  бузурге кам набуданд, ки ба гузаштагонамон ҳаёт ато намуда, ба корҳои бузурги онҳо илҳом бахшидаанд. Имрӯз низ занони мамлакатамон ба хотири ҷамъият дар вилоят ва ноҳияҳои мухталиф шуҷоатмандона меҳнат мекунанд. Дар солҳои охир чандин қонун, фармон ва қарор қабул гардид, ки ба беҳсозии ҳаёти онҳо ва таъмини ҳуқуқи манфиатҳояшон нигаронда шудааст.

Соли 2021 бинобар барномаҳои соҳибкории занон 2 триллион сӯм кредит ва субсид барои бештар аз 200 ҳазор лоиҳа ҷудо карда шуд, 320 ҳазор нафар занон соҳиби кори доимӣ гардиданд. 190 ҳазор нафар занон таълими касб намуда, ба беш аз 4 ҳазор нафар аъзобадалии ибтидоии маблағ барои хариди манзил пешниҳод гаштааст.

Ба мактабҳои олии таълимӣ дар асоси гранти махсус 2 ҳазор нафар духтарон қабул гардиданд. Дар натиҷа духтарон 60 фоизи донишҷӯёнро, ки соли гузашта ба мактабҳои олии таълимӣ дохил гардиданд, ташкил намуданд.

Аз соли 2020 системаи «Дафтари занон» ҷорӣ гардида, қариб 900 ҳазор нафар заноне, ки дар он рӯйхат ҷой доштанд, мадади иҷтимоиву иқтисодӣ, тиббӣ, ҳуқуқӣ ва психологиро касб намуданд.

Дар ҷамъомад масъалаҳои навбатии муҳими вазифаҳои самти мазкур баррасӣ гардиданд.

Дар айни ҳол дар «Дафтари занон» беш аз 630 ҳазор нафар қайд гардида, 200 ҳазор нафарашон бекор мебошанд. Мутаассифона, дар байни занон ҷиноят, ҳамчунин зӯроварии оилавӣ ва нисбати онҳо беадолатӣ рӯй медиҳад.

Роҳбари давлат таъкид кард, ки нақш ва таъсири фаъолони маҳаллаҳо, ҷамъият ва насли куҳансол дар ҳалли ин мушкилот эҳсос намегардад.

– Аз занон имрӯз ҳаёти фараҳмандамон ва ояндаи дурахшонамон вобаста аст. Агар мо бихоҳем,ки мардумамон аз мо розӣ бошад, пеш аз ҳама мо бояд барои ҳаёти модарон ва хоҳаронамон шароити муносиб фароҳам намоем. Агар модар розист, оила розист, агар оила розист пас ҷамъият низ ризо мебошад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Ин мақсад чун яке аз самтҳои муҳим дар стратегияи рушди мамлакат муайян гаштааст. Барои татбиқи низомноки вазифаҳои дар соҳа мавҷуд дар басти маҳаллаҳо  бо фармони Президент Кумитаи давлатӣ оид ба корҳои оила ва занон таъсис ёфт.

Раиси кумита ҳамзамон муовини Сарвазир ва узви Сенат мегардад. Роҳбарони шуъбаҳои вилоятӣ, ноҳиявӣ ва шаҳрии кумита инчунин вазифаи муовинони ҳокимро ишғол менамоянд.

Кумита Фонди дастгирии занон ва фонди «Дафтари занон»-ро идора мекунад. Вазифаҳои муовинони раисони 9309 маҳаллаи мамлакат оид ба масъалаҳои занон ва оила низ ба низоми кумита гузаронда шуда, дар ҳар як маҳалла вазифаи фаъоли занон ҷорӣ карда мешавад.

– Акнун дар ҳар як ноҳия системае вуҷуд хоҳад дошт, ки бо кори занон машғул мегардад. Баъдан дар рӯи мизи ман рақамҳои холис дар бораи эҳтиёҷоти занон ва дар маҳалҳо дар чӣ гуна ҳолат будани масъалаи таълими онҳо, тарбияи кӯдакон вуҷуд хоҳанд дошт, – гуфт роҳбари давлат.

То ҳанӯз бо масъалаи занон Вазорати оид ба дастгирии маҳалла ва оила машғул буд. Бинобар таъсис ёфтани кумитаи алоҳида он дубора ба Вазорати дастгирии маҳалла ва насли куҳансол табдил дода шуд. Ба вуҷуд овардани низоми нав дар ин соҳа низ ба нақша гирифта шудааст. Дар маҳалҳо ин вазифаҳо бевосита ба зиммаи ҳокимон гузошта шуда, вазифаи марбути муовини ҳоким бекор карда мешавад. Раиси маҳалла фаъолияти ҳамоҳангсозии ёвари ҳоким, пешвои ҷавонон ва фаъоли занонро таъмин менамояд.

Ғайр аз ин фаъолияти Қабулхонаҳои халқӣ дар дараҷаи маҳаллаҳо низ ташкил хоҳанд гардид.

Дар ҷамъомад роҳбари давлат ба масъалаҳои ҳимояи иҷтимоии занон эътибори алоҳида нигаронд. Ҷорӣ намудани тартиб, ки бинобар он аз моҳи сентябри соли 2022 ба занон-коргарони сектори хусусӣ аз ҷониби давлат пардохтани кӯмакпулӣ бинобар ҳомила супурда шуд. Таъкид шуд, ки соли ҷорӣ аз буҷет 200 миллиард сӯм, соли 2023 1,7 триллион сӯм ҷудо мегардад.

Дар иртибот бо беҳсозии шароити иқомати занон, Президент гуфт:

– Як замон имконоти барои занон пешниҳод намудани манзили имтиёзнок ва ҳам асосҳои қонунӣ ва маблағ вуҷуд надошт.

Дар ҷамъомад қарор дар бораи барои занон равон намудани на камтар аз 40 фоизи субсид доир ба кредити ипотека қабул гардид.

Инчунин чорабиниҳои мушаххас доир ба мустаҳкамсозии тансиҳатии онҳо қабул мегарданд. Аз он ҷумла, соли ҷорӣ 6 ҳазор нафар занон мадади тиббии баландтехнологӣ мегиранд. Занони ногиро бо маблағи реабилитатсионӣ таъмин мегарданд. Барои 3 миллион нафар занон скрининги онкологӣ ташкил хоҳад гардид. Дар бобати ваксинатсияи духтарон, бепул таъмин намудани занони синни таваллуд бо доруворӣ ва витаминҳо вазифаҳо супурда шуд.

Касб намудани таълими босифат ва соҳиби ихтисос гардидан яке аз масъалаҳое мебошад, ки Президент эътибори аввалдараҷа медиҳад. Дар ҷамъомад қарорҳои таърихӣ доир ба васеъ намудани дастрасии занон ба таълим қабул гардиданд.

Аз он ҷумла, барномаи дастгирии таълими занон дар солҳои 2022-2026 таҳия хоҳад гардид. Бинобар он дар пойтахт  донишгоҳ дар соҳаи бофандагӣ дар асоси шарикии давлативу хусусӣ ба вуҷуд хоҳад омад. Инчунин дар маҳалҳо техникумҳои донишгоҳ бо иштироки кластерҳои пахтаву бофандагӣ ва пашм кушода мешаванд.

Аз соли нави хониш бори нахуст додани кредитҳои беназир барои 7 сол ҷиҳати пардохти маблағи қарордодии таълим ҷорӣ мегардад. Барои ин ба бонкҳо дар соли ҷорӣ 1 триллиону 800 миллиард сӯм ва дар панҷ соли наздик 8 триллион сӯм маблағ ҷудо карда мешавад.

Боз як навгонӣ: аз соли ояндаи таҳсил давлат аз ҳисоби буҷет миқдори қарордодҳои духтаронеро ҷуброн менамояд, ки дар магистратура таҳсил мегиранд. Маблағи қарордоди таълимии донишҷӯдухтарони оилаҳои камбизоат ва инчунин донишҷӯдухтарони ятим аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ пардохта мешаванд.

Бо мақсади ба таври назаррас афзудани сафи занон дар байни олимон соле на камтар аз 300 ҷойи квоташуда барои дохил шудан ба докторантура ҷудо карда мешавад.

Дар заминаи ба вуҷуд овардани марказҳои баррасии малака дар назди мономарказҳо ва мактабҳои олии таълимӣ, таълими занон ба ихтисосҳои бозоргир супоришҳо дода шуд.

Қабул намудани барномаи «Занони корчаллон» барои солҳои 2022-2024 ба нақша гирифта шудааст. Ҳамагӣ барои татбиқи он 8 триллин сӯм ҷудо карда мешавад. Барои занон курсҳои соҳибкорӣ кушода шуда, кредитҳои имтиёзнок пешниҳод мегардад.

Роҳбари давлат ногузирии дастгирии соҳибкоронеро таъкид кард, ки занони бекорро бо шуғл таъмин менамоянд. Якчанд имтиёзи андоз ва сабукиҳои тиҷоратӣ барои чунин воҳидҳои бизнес эълон карда шуд.

Инчунин масъалаҳои пурзӯр намудани ҳимояи ҳуқуқи занон муҳокима гардиданд. Имрӯз барои заноне, ки ба зӯроварии хонагӣ дучор мегарданд, ҳимояи махсус ба муддати 30 рӯз пешниҳод мегардад. Аммо дар ин соҳа камбудиҳо вуҷуд доранд.

Бинобар ин ҳимояи занонро аз исканҷа ва зӯроварӣ акнун суд таъмин хоҳад кард, ҳимояи  махсус ба муддати то як сол муқаррар мегардад.

Мустаҳкам намудани оила ва баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар ҷиҳати тарбияи фарзандон инчунин масъалаи муҳим ба шумор меравад.

Президент ташкил намудани ҷунбиши «Оқила аёллар»-ро пешниҳод намуд, ки аз ҳисоби занони муҳтарам ва соҳибмаълумот таркиб меёбанд.

– Ин ҷунбиш «виҷдони маҳалла» бояд гардад. Чунки бе модарони соҳибмаълумот ҷамъияти бомаърифатро сохтан мумкин нест, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Ба шахсони соҳибмансаб дар бобати ташкил ва назорат аз болои иҷрои чорабиниҳои дар ҷамъомад муайянгардида супоришҳо дода шуд. Дар ҷамъомад занҳои фаъол, роҳбарони соҳаҳо ва минтақаҳо баромад карданд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: