ЧОРАБИНИҲОИ МАЪНАВӢ ВА МАЪРИФАТӢ БА ҶАШНВОРАИ ДӮСТӢ ТАБДИЛ МЕЁБАНД

Имрӯзҳо дар саросари кишварамон барои сазовор пешвоз гирифтани 30-юмин солгарди истиқлолияти мамлакатамон омодагии калон дида, чорабиниҳои маданӣ-маърифатӣ, намоиши маҳсулоти ҳунармандии миллӣ, баромадҳои ҷамоаҳои фолклорӣ баргузор мегардад.

Имрӯзҳо дар саросари кишварамон барои сазовор пешвоз гирифтани 30-юмин солгарди истиқлолияти мамлакатамон омодагии калон дида, чорабиниҳои маданӣ-маърифатӣ, намоиши маҳсулоти ҳунармандии миллӣ, баромадҳои ҷамоаҳои фолклорӣ баргузор мегардад.
Дар ноҳияи Намангони вилояти Намангон ҷамъ 53 ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳо мавҷуд буда, Шамсикӯл ягона маҳаллаест, ки қисми асосии аҳолиашро тоҷикон ташкил менамоянд. Дар маҳалла намояндагони миллатҳои дигар, аз ҷумла ӯзбекҳо, русҳо, тоторҳо, қирғизҳо ва қазоқҳо низ ҳамчун фарзандони як оила аҳлу тифоқ зиндагӣ мекунанд.
Дар маҳалла 545 хонадон мавҷуд, ҷамъ 3167 нафар аҳолӣ истиқомат мекунад.
Бошандагони маҳалла асосан бо деҳқонӣ, чорвопарварӣ, ҳунармандӣ ва соҳибкорӣ шуғл варзида, фарзандонро бо нони ҳалол бонӣ мекунанд.
Мувофиқи Барномаи давлатии «Обод қишлоқ» ҳудуди маҳалла, аз ҷумла мактаби таълими ҳамагонии рақами 10, муассисаи таълими томактабии рақами 19-ум пурра аз таъмир бароварда шуд. Кӯчаи марказии маҳалла асфалтпӯш гардида, ба ҷои сутунҳои чӯбин, симчӯбҳои нави симинтӣ, ба ҷойи трансформатори кӯҳна трансформатори нав гузошта шуд. Хатти нави барқ кашида ва таъминоти аҳолӣ бо барқ беҳтар гардид.
Чанде пеш дар маҳаллаи номбурда ба истиқболи 30-юмин солгарди истиқлолияти мамлакатамон ҷашнвораи дӯстӣ таҳти шиори «Ваҳдати миллӣ – пуштбони Ӯзбекистони нав» баргузор гардид. 
Дар чорабинӣ аз ҳамаи ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳо намояндагони миллатҳои гуногун намоиши маҳсулоти гуногуни ҳунармандӣ ва таомҳои миллиашонро ба маъраз гузоштанд.
Маҳсулоти дастии ҳунарманд аз маҳаллаи Шамсикӯл Адҳам Каримов, дӯзанда Маърифат Усмонова, зардӯз Дилором Абдуҳамидоваҳо ба иштирокчиён писанд омад. Барномаи консертӣ бо иштироки ҷамоаи фолклорӣ таҳти сарварии Буваҳоҷар Аҳророва ба ҷамъомадагон писанд омад.

А. МУРОДОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: