ЧОРАБИНИҲОИ МУФИД

Бар асоси панҷ ташаббуси сарвари мамлакат дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Сӯх чорабиниҳои зиёд роҳандозӣ мешаванд.

Ин чорабиниҳо барои баланд бардоштани  савияи ҷавонон, ривоҷ додани соҳаҳои иҷтимоӣ ва маънавӣ-маърифатӣ, бомазмун ташкил намудани  вақти холии ҷавонон, ба соҳаи санъату адабиёт, театру мусиқӣ, варзиш, технологияи иттилоотӣ ва истифодаи самаранок аз интернет, маданияти китобхонӣ, китобдӯстӣ, ба кор таъмин намудани ҷавонон  мусоидат менамоянд.
Аз ҷумла, яке аз чунин чорабиниҳои муфид дар мактаби таълими ҳамагонии рақами дуюми ноҳия дар мавзӯи “Панҷ ташаббуси муҳим – дар амал” барпо шуд. Дар семинар мудири шӯъбаи таълими халқи ноҳия, вакилони мактабҳо, собиқадорони соҳаи маорифи маҳаллаҳои Янгиариқ ва Ровон ширкат варзиданд. Донишомӯзони мактаб аввал оиди панҷ ташаббуси муҳим, ки аз ҷониби Раисиҷумҳур пешниҳод гардидааст, маълумот доданд ва баъд барои иштирокчиёни семинар ҳунарҳои худро ба намоиш гузоштанд. 
Дар доираи ташаббуси якум таҳти роҳбарии устодони пуртаҷриба А.Эрматов, Э.Султонова, А.Андапӯлодова ва дигарон, ки ба афзун гардонидани шавқи ҷавонон ба мусиқӣ, рассомӣ, адабиёт, театр ва намудҳои дигари санъат равона карда шудааст, донишомӯзон маҳсули ҳунари худро намоиш доданд.
Ҳарчанд дар мактаби мазкур толори варзишӣ мавҷуд нест, донишомӯзони он аз муаллимони фидоӣ А.Тӯрабеков, Э.Файзуллоев, Ш.Шотоиров сирру асрори навъҳои гуногуни варзишро меомӯзанд. Дар ин чорабинӣ шогирдони онҳо низ маҳорати аз мураббиён омӯхтаашонро намоиш доданд.
Дар мактаб барои  баланд бардоштани саводнокии донишомӯзон оид ба технологияи ахбор ва ташкил намудани истифодаи самаранок аз интернет хонаҳо ташкил карда шуда, онҳо бо компутерҳои  замонавӣ таъмин гаштаанд. Ба хонандагон омӯзгори тоифаи олӣ Ҷ.Насриддинов аз сирру асрори технологияи иттилоотӣ дарс мегӯяд. Хеле хуб буд, ки шогирдони ӯ низ ба меҳмонон  корро бо компутер бо маҳорати том нишон дода тавонистанд.
Оид ба ташаббуси чаҳорум таҳти сарварии китобдори мактаб Ҳ.Шодиева, муаллимаҳо Н.Мирзоева, Ҷ.Сиддиқова ва Г.Шодиева тақдимоти китобҳои бадеӣ ва  хониши ифоданок баргузор гардид, ки боиси болидахотирии иштирокдорони чорабинӣ гашт.   

Санҷар ИСМОИЛЗОДА, 
вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: