ЧОРАБИНИҲОИ ПРОФИЛАКТИКӢ ПУРЗӮР МЕГАРДАНД

Вазорати вазъиятҳои фавқулода баҳри таъмини қарори Девони Вазирон «Дар бораи чораҳои таъмини барқарории гармидиҳӣ ба объектҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва биноҳои бисёрқабатаи истиқоматӣ дар мавсими тирамоҳиву зимистонии солҳои 2022-2023» як қатор корҳоро ба амал мебарорад.

Барои пешгирии сӯхтор, заҳролудшавӣ аз дудаи газ ва корҳои профилактикӣ дар вазорат, ҳудуд ва ноҳияву шаҳрҳо фаъолияти «Штаб ва гуруҳи корӣ»-ро ба роҳ монда, ба он 678 нафар ходим ҷалб карда шуд. Ба чорабинии профилактикиву огоҳонӣ, муайян кардани нуқсон ва таъмир намудани асбобу ускунаҳо дар ноҳияву шаҳрҳо 425 отряди таъмиркунӣ ташкил гардид.
Барои таъмини барқарории гармидиҳӣ дар тамоми объектҳо бо вазоратҳои энергетика, хидматрасонии коммуналии хонаву ҷой, кумитаи давлатии бехатарии саноатӣ ва ҷамъияти саҳҳомии «Hududgazta’minot» ҳамкорӣ ба роҳ монда шуд. 
Ҳолатҳои тайёр набудан ба мавсими зимистонаро дар объектҳои тасарруфи таълими томактабӣ, таълими халқ, вазорати тандурустӣ муайян намуда, барои бартараф намудани он кор бурда мешавад. 
Дар нуқтаҳои аҳолинишин гидрантҳо, ҳавзҳои зиддисӯхтор аз назар гузаронида, ускунаҳои носозро таъмир карда истодаанд. Ходимони соҳа оиди заҳролудшавӣ аз дудаи газ машғулоти профилактикӣ бурда, дар байни аҳолӣ доир ба баланд бардоштани донишу таҷрибаи бехатарӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ мондаанд.

Ҳаёт НОЗИМОВ, 
инспектори профилактика ва назорати сӯхтор дар маҷмӯаи ёдгории илмӣ-маърифатии 
ба номи И. Каримов.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: