Қабл аз он ки ба матраҳ кардани мавзӯи таҳти назари худ пардозам, аз он нукта ёдовар мешавам, ки “Ҳафтаи технологияи ахбору коммуникатсионӣ” дар Самарқанд ба майдони мулоқотҳо, таҷрибаивазкуниҳо ва роҳандозии ҳамкориҳо мубаддал гардид.
Ҳар як ҷаласаи он дар савияи баланд сурат гирифт. Дар ин маврид бевосита мақомоти роҳбарии Вазорати рушди технологияи ахбору коммуникатсионӣ ва “Ӯзтелеком” нақши муассир бозиданд.
Дар ин чорабинии байналмилалӣ иштироки ҳамтоён ба он мусоидат намуд, ки аз кору фаъолияти худ гӯям, аз тариқи мулоқот аз таҷрибаи бойи онҳо бархурдор шавам. Фикр мекунам, ки ин чанд рӯзи ҳузури мо аз он ҷиҳат хотирмон буд, ки маърӯзаҳои зиёд шунида шуданд ва дар атрофи он муҳокимарониҳо ба вуқӯъ пайвастанд.
Ман бевосита дар ҷаласаи Шӯрои сарони раҳбарони Ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаи алоқа (ҲМА-РСС) ширкат намудам. Ҳуқуқи муаррифии ҷумҳурии моро дар чунин як чорабинии муҳими байналмилалӣ маҳз ширкати «МегаФон Тоҷикистон» соҳиб шуд, ки ҳамчун таъминкунандаи асосии рақамисозӣ дар кишварамон эътироф гардидааст.
Аъзои Ҳамкории минтақавии алоқа маъмурияти алоқаи 17 кишвари АвруОсиё маҳсуб меёбанд. Иттиҳоди мазкур вазифаи як мақоми байнидавлатии ҳамоҳангсозиро низ иҷро мекунад, инчунин ҳамкориро дар соҳаи табдили рақамӣ ба таври васеъ инкишоф медиҳад. Ғайр аз ин, мамлакатҳои аъзои ҲМА дар ин замина имконият пайдо намуданд омилҳоеро, ки ба пешрафти соҳа халал мерасонанд, муҳокима карда, роҳҳои бартараф сохтани ин монеаҳоро мушаххасан нишон диҳанд.
Дар ҷаласа банда низ суханронӣ кардам ва дар бораи вазъи кунунии соҳаи алоқаи ҷумҳуриамон фикрҳоямро баён намудам. Дар ҳоли ҳозир аз 10 миллион нафар аҳолии кишвар қариб нисфи интернети мобилӣ ва хидматҳои рақамӣ аз хидмати ширкати мо истифода мекунанд. Ҳукумати Тоҷикистон табдил додани кишварро ба як маркази байналмилалии рақамӣ аз ҳадафҳои муҳими худ қарор додааст.
Дарвоқеъ, он аз тарҳҳое куллан дастгирӣ мекунад, ки барои иҷрои чунин вазифаи пурмасъалияту муҳим равона шудаанд.
Ҳоло мо ба бунёди як парки IT талош дорем ва ба ин васила дар Тоҷикистон ба эҷоди ҳукумати рақамӣ асос мегузорем. Ҷумҳурӣ барои ҳамкории ҷаҳонӣ дар соҳаи рақамикунонӣ омода аст ва дарҳои худро барои аз худ кардани таҷрибаи беҳтарини давлатҳои дигар низ боз намудааст.
Дар бораи “МегаФон Тоҷикистон” танҳо ҳаминро тазаккур медиҳам, ки натанҳо дар рақамисозии кишвар ширкат мекунад, балки як ҷузъи калидии ин раванди густурда мебошад. Ба 80 дарсади аҳолии Тоҷикистон имкони истифодаи 4G интернет аз операторҳо фароҳам оварда шудааст. Аз 3 ҳазор пойгоҳе, ки ширкати МегаФон дар Тоҷикистон насб кардааст, 70 дарсад стандарти баландсуръатро дастгирӣ мекунанд. Ин имкон медиҳад, ки экосистемаи хидматрасониҳои рақамӣ, аз ҷумла IP-телевизион, тибби онлайн, таҳсилоти онлайн, финтех ва варзиши электронӣ тавсеа ёфта, хизматрасониҳои замонавӣ ҳатто дар ноҳияҳои дурдасти кишвари мо дастрас мешаванд. Ба таври умда метавон гуфт, ки имкониятҳои нави рақамикунонӣ ба сифати нави ҳаёти имрӯзаи мардуми Тоҷикистон табдил меёбанд.
«Superapp “MegaFon Life” ва баъзе дигар хидматрасониҳои рақамӣ, ки ба роҳ монда шудаанд, барои кишвари мо беназиранд. Таҷрибае, ки дар ҷараёни татбиқи чунин лоиҳаҳо ба даст омадааст, дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ талабгор хоҳад дошт ва ба эҷоди маҳсулоти нав барои миллионҳо одамон мусоидат хоҳад кард.
Анатолий
ИЗЮМНИКОВ,
мудири иҷроияи “МегаФон
Тоҷикистон”.