ЧОРАБИНӢ ХОТИРМОН ГУЗАШТ

Кафедраи филологияи тоҷик ва забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Тирмиз ба муносибати солгарди устоди зиндаёд Лоиқ Шералӣ чорабинии хотирмоне доир сохт.

Зикр кардан ҷоиз аст, ки устодони кафедра ва муҳассилини ин даргоҳ ҳар сол зодрӯзи шоири шаҳирро таҷлил мекунанд. Вале имсол ҳафтае дер доир сохтани тадбир сабабе дошт. Ҳамагон интизори меҳмонон аз Душанбешаҳр буданд. 
Ниҳоят, меҳмонон: доктори фанҳои филологӣ, профессори Институти забон ва адабиёти тоҷики ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академияи фанҳои Тоҷикистон, адабиётшиноси маъруф Абдунабӣ Сатторзода ва муовини директори институти мазкур, адабиётшиноси варзида Шамсиддин Муҳаммадӣ ташриф фармуданду ба ҷашнвора ҳусни тоза ва мазмуни нав бахшиданд.
Қабл аз оғози тадбир устодони маъруф бо кормандони кафедра суҳбати хосса ороста, ба китобхонаи кафедра чанд номгӯй китобҳои пурарзиш туҳфа намуданд. Баъд Абдунабӣ Сатторзода ба шогирдон дар боби шеъру шоирӣ маърӯза хонд. 
Ниҳоят, дар толоре, ки барои баргузории ҷашнвора ороста шуда буду китобҳои устод Лоиқ Шералиро ба намоиш гузошта буданд, чорабинии фарҳангӣ оғоз гашт. Мудири кафедра Рамазон Абдуллоев меҳмонони олиқадрро хайра мақдам гуфт ва оид ба бузургдошти Лоиқ Шералӣ ҳарф зада, ҳозиринро бо барномаи маҳфил шинос намуд.
– Ман бо шоир Лоиқ Шералӣ ҳамватан ва ҳамсол ҳастем. Аз ӯ хотираҳои нек боқӣ мондааст. Дӯстии мо бисёр самимӣ буд. Ӯ баъд аз ҳазор соли Рӯдакӣ ба дунё омад, рисолати шоириашро аъло адо намуд. Дар ҳама мавзӯъҳои зиндагӣ шеъри баланд, пурмазмун эҷод кард. Ӯ ифтихори халқи тоҷик буду ҳаст. Ман ҳоло мехоҳам дар анҷоми суханам он навиштаҳоеро, ки дар сӯгвории дӯстам Лоиқ навиштааму дар китоби «Аз Рӯдакӣ то Лоиқ» ҷой додаам, ба самъи шумо расонданиам, – гуфт А.Сатторзода:
Лоиқо, чун ту касе нодирагуфторе 
намонд, 
Шоиреву ошиқе чун ту сазоворе 
намонд. 
Зинда кардӣ Мавлавию 
Ҳофизу Хайёмро 
Мисли ту Исодаме ку? 
Муъҷизаосоре намонд! 
Ҳамсафу ҳамсоғару ҳамкеши 
Хайёми бузург, 
Ин замон дар мулки мо мисли ту 
ҳушёре намонд. 
Соқии базми арӯсиҳои даврон 
будаӣ, 
Роздону розгӯйи ошиқи зоре 
намонд... 
Дар анҷоми тадбир ба шогирдони фаъоле, ки ба таҳия ва баррасии барномаи маҳфил саҳм гирифта буданд, ташаккурномаи Маркази миллӣ-мадании тоҷикони вилояти Сурхондарё ва китобҳо туҳфа шуданд. 
Меҳмонон мақбараи Ҳаким Тирмизиро зиёрат намуданд.

Олим ПАНҶИЗОДА,
мухбири «Овози тоҷик».

Вилояти СУРХОНДАРЁ.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: