ЧОРАИ ЯГОНА – СӮЗАНДОРУ

53,2 фоизи аҳолӣ барои ваксина гирифтан бар муқобили сирояти коронавирус тайёранд

Маркази омӯзиши ҷумҳуриявии афкори умум «Ижтимоий фикр» ба мақсади муайян кардани мавқеи асосии афкори ҷамъиятӣ нисбат ба сӯзандоругирӣ аз COVID-19 ва ошкор кардани сабабҳое, ки шаҳрвандон барои сӯзандоругирӣ аз коронавирус омода нестанд, пурсиши иҷтимоӣ гузаронид.
Дар пурсиш сокинони тамоми минтақаҳои мамлакат, мардон ва занон, ҷавонону куҳансолон ширкат ҷустанд.

Пурсиши телефонӣ нишон дод, ки 53,2 фоизи шаҳрвандони кишвар ба қабул кардани ваксина аз сирояти коронавирус омода мебошанд. Онҳо дарк менамоянд, ки сӯзандоругирӣ аз COVID-19 яке аз ҷузвҳои муҳими маҷмӯи чорабиниҳои пешгирикунанда аз ин касалӣ ба шумор меравад ва сар задану паҳн гардидани сирояти коронавирусро дар байни аҳолӣ пешгирӣ менамояд.
Беш аз сеяки пурсидашудагон (36,5 фоиз) аз сӯзандоругирӣ сар метобанд.
Ҳар кадом даҳумин пурсидашуда барои ҷавоб додан ба ин савол душворӣ мекашад, ин шаҳодат медиҳад, ки вай ҳанӯз бобати бар муқобили COVID-19 сӯзандору гирифтан ё нагирифтан ба қарори қатъӣ наомадааст.
Мувофиқи натиҷаҳои пурсиши телефонӣ беш аз 17,4 фоизи аҳолии мардинаи кишвар ба ваксинагирӣ тайёранд, ки 60,7 фоизро ташкил медиҳад. Дар байни занон фоизи онҳое, ки ба қабули сӯзандору тайёранд ва онҳое, ки аз COVID-19 сӯзандору гирифтан намехоҳанд, тақрибан як хел аст: 43,3 фоиз мехоҳанд ваксина гиранд, 45,2 фоиз намехоҳанд.
Қиёси синнусолӣ собит намуд, ки шаҳрвандони 45-54-сола бештар ба гирифтани ваксина аз сирояти коронавирус майл доранд. Дараҷаи баландтарине, ки дар ин бобат байни шаҳрвандон ҳанӯз ба як қарор наомадаанд, ҷавонони аз 18 то 24-сола мебошанд, ки 28,4 фоизро ташкил медиҳад. 
Ба пурсиши: «Шумо дар тӯли чанд рӯз ният доред сӯзандоруро аз COVID-19 қабул кунед?», 37,1 фоизи шаҳрвандон дар ҳафтаҳои наздиктарин қабул кардани онро изҳор доштанд. Бинобар ақидаи 25,7 фоиз онҳо мехоҳанд сӯзандоруқабулкуниро дар тӯли моҳ оғоз намоянд. Ҳар кадом даҳумин пурсидашуда, ки мехоҳад ваксинаро қабул кунад (11,3 фоиз), изҳор дошт, ки омода аст дар мавриди ба поликлиника даъват шуданаш сӯзандоруро қабул кунад. Фоизи ночизи шаҳрвандон (1,6 фоиз) сӯзандоруқабулкуниро ба муҳлати мадид вогузор мекунанд. Ҳар панҷумин хоҳишманди сӯзандоругирӣ ба саволи ӯ кай ваксина мегирад, ба ҷавоб додан душворӣ мекашад.
Яке аз вазифаҳои асосии тадқиқот ошкор кардани сабабҳоест, ки ки бинобар он шаҳрвандон аз сӯзандоругирӣ сартобӣ мекунанд.
Мувофиқи маълумотҳои дастрасшуда 35,9 фоизи шаҳрвандон сабабҳои асосии сар тофтан аз сӯзандоругирӣ бар муқобили COVID-19-ро мушаввашӣ аз таъсири нохуби эҳтимолии ваксина ва аксуламали тиббии он маънидод карданд, ки бинобар ин аз сӯзандоругирӣ саркашӣ мекунанд.
Тавре ки пурсиши телефонӣ нишон дод, 34,2 фоиз зарурати ваксина гирифтанро бар муқобили сирояти коронавирус ҳис намекунанд ва бовар доранд, ки ба COVID-19 гирифтор намешаванд. Бинобар ақидаи ин табақаи шаҳрвандон вазъияте, ки дар олам бинобар сирояти коронавирус ба миён омадааст, аз бисёр ҷиҳат бофтаву сохтааст, зарари онро хеле муболиға мекунанд, ғайр аз ин пурсидашудагон муътақиданд, ки касалӣ ба онҳо сироят намекунад.
Дар ҷараёни гузоришҳои телефонӣ 16 фоизи шаҳрвандон, ки нисбати ваксина аз COVID-19 ақидаи манфӣ доранд, қайд намуданд, ки ваксина онҳоро ба дараҷаи зарурӣ аз коронавирус ҳифз намекунад, зеро ваксинаҳои алҳол мавҷуда аз тадқиқоти зарурӣ ва санҷишҳои клиникие, ки бехавфиву самаранокии онҳоро собит намояд, нагузаштанд.
8,6 фоизи пурсидашудагон бар онанд, ки сӯзандорукуниҳо самарабахш нестанд, онҳо бовар надоранд, ки ваксинаҳои мавҷудаи зидди коронавирус қодиранд зарари сирояткуниро дар байни аҳолӣ коҳиш диҳанд ва ҳаёту саломатиашонро ҳифз намоянд.
Умуман пурсиши телефонӣ нишон дод, ки ҳар шахси дуюмин ба ваксинақабулкунӣ эътимод дорад, онро воситаи самарабахши аксуламал ба паҳншавии сирояти коронавирус меҳисобад ва тайёр аст аз COVID-19 барои он ки худ ва наздиконашро аз сирояти ин вируси хатарнок эмин нигаҳ дорад, сӯзандору бигирад.
Ҳамзамон дар байни як қисми аҳолӣ тарсу воҳимаҳои гуногун, ки куллан беасос мебошанд, паҳн гардидаанд, ки ба хоҳишу майли онҳо барои ваксинагирӣ таъсири манфӣ мерасонанд. Дар ҷараёни пурсиш ҳамчунин гурӯҳе ошкор гардид, ки то ин дам, яъне то баргузории пурсиш вобаста ба сӯзандору гирифтан  ё худ нагирифтан мавқеи дақиқ надоранд.
Натиҷаҳои бадастомадаи тадқиқот зарурияти фаъол кардани корҳои иттилоотиеро, ки ба паси сар намудани фикру ақидаҳои зидди сӯзандоругирӣ дар ҷамъият нигаронида шудаанд, ба табақаҳои васеи аҳолӣ пешниҳод кардани маълумоти муътамаду ба санадҳои илмии санҷидашуда асоснок дар бораи ваксинаҳои дар мамлакат маъқулёфта ва истифодашаванда аз COVID-19, дар бораи дараҷаи ҳифзе, ки онҳо таъмин менамоянд, тақозо мекунад.
Натиҷаҳои баргузоршудаи пурсиши афкори умум собит намуданд, ки ҳоли ҳозир яке аз вазифаҳои асосӣ хабардоркунии босаводонаи аҳолӣ аз зарурияти ваксинатсия, барҳам додани консерватизм ва рафъи тарси баъзе шаҳрвандон аз сӯзандоругирӣ ба шумор меравад.

Л.БЕЛОГРУДОВ,
мувофиқи натиҷаҳои тадқиқоти Маркази омӯзиши афкори умуми ҷумҳуриявӣ «Ижтимоий фикр».
(ӮзА). 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: