ЧОРАҲО ОИД БА ИДОРАИ САМАРАБАХШ ВА ИСТИФОДАИ САРФАКОРОНАИ ЗАХИРАҲОИ ОБ МУАЙЯН ШУДАНД

19 сентябр Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бахшида ба масъалаҳои ислоҳсозии минбаъдаи низоми идораи захираҳои об ва баланд бардоштани самаранокии истифодаи об машварат баргузор кард.

Алҳол дар олам масъалаи норасоии об торафт тезутунд мегардад. Дар мамлакати мо  ба масъалаи мазкур эътибори махсус дода шуда, бобати истифодаи сарфакоронаи об чораҳо андешида мешаванд. Ба мақсади такмил додани низоми идораи соҳа Вазорати хоҷагии об ташкил гардид.
Мувофиқи Стратегияи рушди хоҷагии об то соли 2030-юм, ки бо супориши роҳбари давлат коркард шудааст, бобати истифодаи об ва эҳтиёт кардани захираҳои он чораҳои муҳим андешида мешаванд.
Дар машварат масъалаҳои коҳиш додани талафи об ҳангоми обёрӣ ва харҷи самарабахши маблағҳои ҷудошудаи буҷавӣ муҳокима гардиданд.
Ҳоли ҳозир барои обёрии 3,2 миллион гектар замин 46 миллиард метри мукааб об сарф мегардад, аз ин ҳаҷм танҳо 60 фоизашон то ба киштҳо мерасанд. Яке аз сабабҳои танҳо 23 фоиз будани шабакаҳои обёрӣ, ки дарозии умумиашон 180 ҳазор километрро ташкил мекунад, сарпӯши бетонӣ доштан ва он низ, инак 30-35 сол боз нав нашудани онҳост. Боз як сабаби дигар он мебошад, ки 98 фоизи майдонҳои кишт бо усули куҳна обёрӣ мешаванд, зироатҳои кишоварзӣ нодуруст кишт мегарданд. Ягон идора барои истифодаи самарабахши об, ҳисобу китоби он, истифодаи технологияҳои сарфакунандаи об дар шабакаҳои обёрӣ талаботи қатъӣ пеш намегузорад.
Вобаста ба ин зарурияти коркарди низоми такмилёфтаи ҷойгузинии зироати кишоварзӣ бо назардошти таъминоти минтақаҳо бо об ва имконияти истифодаи технологияҳои сарфакор таъкид гардид. 
Ба Вазорати хоҷагии об супурда шуд, ки аз ҳисоби ҳафт миллион доллар гранти Куриёи Ҷанубӣ дар 61 иншооти хоҷагии об низоми «Оби дуруст»-ро ҷорӣ намояд, ки имкон медиҳад дар режими вақти муайян хароҷоти обро назорат кунад. Соли оянда ин низом дар 120, то соли 2023-юм бошад, дар 300 иншоот ҷорӣ карда хоҳад шуд.
Ба Вазорати энергетика супурда шуд, ки то охири соли 2020-ум 1,7 ҳазор истгоҳҳои насосиро ба низоми назорати автоматиконидашудаи истеъмоли энергияи электр пайванд кунад. Умуман зарурияти истифодаи васеи технологияҳои замонавии иттилоотӣ таъкид гардид. 
Давр тақозо дорад, ки дар ин соҳа низ механизмҳои бозаргонӣ ҷорӣ карда шаванд. Алҳол майдонҳои кишт, боғҳо ва токзор, ҳатто киштҳое, ки даромади баланд меоваранд, аз ҳисоби давлат бо об таъмин мешаванд. Вобаста ба ин зарурияти дар соли 2020-ум ба сектори хусусӣ додани 50 иншооти хоҷагии оби 22 ноҳия зикр гардид. 
Дар машварат ба масъалаҳои рушди илм ва инноватсияҳои хоҷагии об, таъмин намудани қаробати  онҳо бо истеҳсолот эътибори махсус дода шуд.
Ба мақсади дар амал ҷорӣ намудани ихтироъҳои илмии олимони ҷавон, дар донишҷӯён ташаккул додани навгониҳои лоиҳасозӣ, рағбатноксозии инноватсияҳо барои соҳа бо ҷалби таҷриба ва мутахассисони хориҷӣ бобати дар Донишкадаи муҳандисони ирригатсия ва механизатсияи хоҷагии қишлоқи Тошканд ташкил кардани гурӯҳи лоиҳабандӣ супоришот дода шуд.
Қайд гардид, ки дар доираи татбиқсозии лоиҳаҳои бузург бояд ба иншоот кормандони илмӣ ва донишҷӯёни соҳибистеъдод барои дар амал ҷорӣ кардани ихтироъҳои илмиву инноватсиониашон ҷалб карда, ба онҳо бобати баланд бардоштани ихтисосашон дар хориҷа кӯмак расонида шавад.
Васеъ ҷорӣ кардани технологияҳои сарфакунандаи об яке аз вазифаҳои асосии соҳа ба шумор меравад. Таҳлили самаранокии чунин технологияҳо дар мисоли вилояти Фарғона нишон дод, ки харҷи фермерҳо барои таъминоти об 50 фоиз, барои пору 37, барои гармӣ 35 фоиз коҳиш ёфтааст.
Бо назардошти ин супориш дода шуд, ки соли оянда дар дусад ҳазор гектар замин технологияҳои сарфакунандаи об ва  то соли 2025-ум дар як миллион гектар майдонҳои кишт чунин технологияҳо ҷорӣ карда шаванд.
Ҳоли ҳозир дар ихтиёри ташкилотҳои хоҷагии об чор ҳазор чоҳҳои об мавҷуданд, ки ҳар кадомашон 30 гектар майдонро таъмин мекунанд, барои фаъолияти онҳо соле то 40-50 миллион сӯм харҷ мегардад. Истифодаи ғайрисарфакоронаи об аз чоҳҳо ҳангоми обёрӣ боиси коҳиш ёфтани захираи манбаъҳои зеризаминӣ мешавад. Бинобар ин ба шахсони масъул зарурияти дар соли 2020-ум гузаштани истифодабарандагони об аз чоҳҳо барои истифодаи технологияҳои сарфакунандаи об ва манбаъҳои муқобили энергия супурда шуд.
Алҳол вазифаи супоришгар ва пудратчии корҳои сохтмон, таҷдид ва ба истифода супурдани иншооти хоҷагии обро як идора – Вазорати хоҷагии об татбиқ менамояд. Ин метавонад ба рақобати солим таъсири нохуш расонад. Бинобар ин зарурияти аз низоми вазорат баровардани 57 корхонаи пудратӣ ва муттаҳид кардани онҳо ба ҷамъияти алоҳидаи саҳҳомӣ таъкид шуд. 
Дар машварат қайд гардид, ки бояд фаъолияти иттиҳодияҳои истеъмолгарони об таҷдиди назар шавад, онҳо ба сохторҳои касбӣ табдил ёбанд, ки метавонанд сармоя, грант ва маблағҳои дигарро ҷалб намоянд, соҳиби хиёбони техникаҳои махсус бошанд, ки ба фермерон хидматҳои босифат мерасонанд. 
Шахсони масъул вобаста ба масъалаҳое, ки дар машварат баррасӣ шуданд, ҳисобот доданд. 

ӮзА. 
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: