Президент Шавкат Мирзиёев 22 ноябри соли 2024 бо тақдимоти пешниҳодҳо оид ба рушди фарҳанг ва санъат, аз ҷумла дастгирии минбаъдаи театрҳо ва баланд бардоштани аҳамияти онҳо дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа шинос шуд.
Ин масъала дар ҷамъомади Шӯрои ҷумҳуриявии маънавият ва маърифат, ки 22 декабри соли гузашта баргузор шуда буд, баррасӣ гардид. Масъулон дар бораи чораҳои таҳияшуда маълумот доданд.
Ҳамин тариқ, дар солҳои 2025–2030 ба нақша гирифта шудааст, ки силсилаи 32 намоишномаи марбут ба мавзӯъҳои «Қаҳрамони миллӣ» ва «Баҳри шараф ва қадри инсон» таҳия гардад.
Пешниҳодҳо оид ба дастгирии ҳамкории эҷодӣ дар офаридани асарҳои саҳнавӣ, рушди драматургия ва коргардонӣ тақдим шуданд. Аз ҷумла, пешниҳод мешавад ҷоизаи ба номи Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ барои драматургҳо ва ҷоизаи ба номи Баҳодур Юлдошев барои коргардонҳои ҷавон таъсис дода шавад, лоиҳаи эҷодии «Нигоҳ» оғоз шавад ва озмуни бастакорон дар соҳаи мусиқии академӣ баргузор гардад.
Таъкид гардид, ки бо мақсади таҳкими робитаи фарҳанг, санъат ва маориф зарур аст, ки машғулиятҳои амалӣ дар театрҳо васеъ карда шаванд ва дар мавриди гузаронидани тадқиқоти илмӣ дар бахши театр фармоишҳо ҷойгир карда шаванд.
Мактаби маҳорат барои ҳунармандон ва коргардонҳои театр, театршиносон ва санъатшиносон таъсис дода мешавад. Клубҳои мунаққидони театр ва драматургҳо бо дастгирии фаъолияти онҳо ташкил карда мешаванд. Ҳар сол театрҳои ғайридавлатӣ низ фармоиши давлатӣ мегиранд.
Дар муассисаҳои таълими ҳамагонӣ ва олӣ гурӯҳҳои ҳаваскорони театрӣ таъсис дода шуда, байни онҳо озмунҳо баргузор мегарданд. Барномаи «Театр — мактаби ҳаёт», ки ба тамошои мунтазами театр аз ҷониби ҷавонон равона шудааст, амалӣ мешавад.
Аз соли оянда рейтинги миллии гурӯҳҳои театрии Ӯзбекистон тартиб дода мешавад. Биноҳои театрҳо дар минтақаҳо бо истифода аз технологияҳои муосир таъмир ва таҷдид карда мешаванд. Театри давлатии мусиқии ба номи Муқимӣ мақоми академӣ мегирад.
Илова бар ин, дар тақдимот таъкид гардид, ки бояд барои ҳавасмандгардонии ходимони соҳа чораҳои зарурӣ андешида шаванд. Аз соли 2025 музди меҳнати кормандони соҳаи фарҳанг, санъат, иттилоотӣ-китобхонавӣ ва музейҳо зиёд карда мешавад.
Ҳавасмандии моддии кормандон бо нишондиҳандаҳои самаранокии кори онҳо (KPI) вобаста хоҳад шуд, ки чунин меъёрҳо, аз қабили пешниҳоди хидматрасониҳои фарҳангӣ ба аҳолӣ, махсусан сафари театрҳо ба минтақаҳои дурдаст, эҷоди асарҳои нав ва кашфи ҷавонони соҳибистеъдодро дар бар мегиранд.
Аз соли 2025 музди меҳнати кормандони Оркестри миллии симфонии Ӯзбекистон низ ба таври назаррас баланд мешавад. Ҷамоаи оркестр ҳамасола бо фармоишҳои давлатӣ асарҳои нави мусиқӣ таҳия мекунад, мактабҳои маҳорат барои дирижёрон ва иҷрокунандагони соҳибистеъдоди иҷрои оркестрӣ, сафари гастролии оркестр дар минтақаҳои кишвар ва хориҷ, инчунин консертҳо барои кормандони корхонаҳо ва ташкилотҳои калон ташкил карда мешаванд.
Ҳамзамон, Президент дастур дод, ки таҳсилот дар соҳаи фарҳанг ва санъат ба сатҳи нав бардошта шавад. Вазифа гузошта шуд, ки системаи ягонаи дарёфт, интихоб, таълим ва тарбияи ҷавонони соҳибистеъдод таҳия карда шавад, мувофиқати нақшаҳо ва барномаҳои таълимӣ дар системаи таҳсилоти умумӣ, беруназмактабӣ, касбӣ ва олӣ, инчунин дар муассисаҳои фарҳанг ва санъат таъмин карда шавад.