Чораҳо оид ба пурзӯр намудани назорат дар таъминоти энергия муайян шуданд

  • Чораҳо оид ба пурзӯр намудани назорат дар таъминоти энергия муайян шуданд
  • Чораҳо оид ба пурзӯр намудани назорат дар таъминоти энергия муайян шуданд
  • Чораҳо оид ба пурзӯр намудани назорат дар таъминоти энергия муайян шуданд
  • Чораҳо оид ба пурзӯр намудани назорат дар таъминоти энергия муайян шуданд
  • Чораҳо оид ба пурзӯр намудани назорат дар таъминоти энергия муайян шуданд
  • Чораҳо оид ба пурзӯр намудани назорат дар таъминоти энергия муайян шуданд

Дар ҳузури Президент Шавкат Мирзиёев 6 феврал оид ба тадбирҳои ба тартиб андохтани низоми назорат дар соҳаи таъминоти энергия ҷамъомад баргузор гардид.

Дар ҷамъомад мушкилоти низоми интиқол ва ҳисобу китоб барои захираҳои энергия аз нуқтаи назари танқидӣ таҳлил карда шуданд. Сардиҳои моҳи январ равшан нишон дод, ки идоракунӣ ва назорат дар ин соҳа хеле суст шудааст. Бар хилофи ҳисоботи ташкилотҳои мутасаддӣ дар бораи он ки низоми автоматиконидашудаи ҳисоби истеъмоли қувваи барқ 92 фоиз,  баҳисобгирии автоматиконидашудаи истеъмоли гази табиӣ 98 фоиз ҷорӣ шудааст, қарзи дебиторӣ бинобар ин намудхои захираҳо ҳанӯз баланд боқӣ мемонад.

Идораҳои нохиявии таъминоти барқ ва газ барои пайваст шудан ба шабакаҳо бе ҳисобу китоб ва таҳлили дуруст иҷозат медиҳанд. Масалан, трансформаторҳои 120 маҳаллаи шаҳри Тошканд моҳе 5-6 маротиба таъмир карда мешуданд, зеро онҳо ба сарборӣ тоб намеоварданд.

Дараҷаи дуздӣ дар соҳа баланд аст. Танҳо дар моҳи декабри соли гузашта бинобар зиёда аз 12 ҳазор ҳодисаи ғайриқонунӣ истифода бурдани қувваи электр ва газ ба маблағи 600 миллиард сӯм зарар ошкор карда шуд. Аз болои стансияҳои газпуркунии автомобилӣ назорати мунтазам ҷорӣ карда нашудааст.

Бо назардошти ин, дар бораи ҷорӣ намудани низоми нави пурзӯр намудани назорат ва таъмини волоияти қонун дар соҳаи энергетика қарор қабул шуд. Вазифа гузошта шуд, ки низоми назорати энергетикӣ ба муҳлати ду сол ба тартиби фавкулоддаи кор гузаронда шавад. Оиди такмил додани фаъолияти «Ўзэнергоинспексия» ва Бюрои иҷрои маҷбурӣ, ҷорӣ кардани муносибатҳои нав ба танзими пайвастан ба  шабакаҳои қувваи барқ ва гази табиӣ супоришот дода шуданд.

Дар ҷамъомад ҳамчунин мушкилоти инфрасохтори энергетикӣ баррасӣ шуд. Аз ҷумла, вазифа гузошта шуд, ки харитаи рақамии шаҳри Тошканд бо мушаххас нишон додани ҷойгиршавии қитъаҳои замин, иқтидори инфрасохтори энергетикӣ, коммуналӣ ва иҷтимоии ба савдо гузошташаванда ба кор дароварда шавад.

Дар ҷамъомад шахсони масъул доир ба татбиқи низоми нав маълумот доданд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: