1 ноябр дар ноҳияи Навбаҳор оид ба масъалаҳои рушди иқтисодиёти вилояти Навоӣ, зиёд кардани даромади аҳолӣ ва беҳтар гардондани инфрасохтори иҷтимоӣ ҷамъомад баргузор гардид.
Президент Шавкат Мирзиёев дар аввали суханаш таъкид намуд, ки интихобот ба Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис, Ҷоғарги Кенеси Қароқалпоқистон ва шӯроҳои маҳаллии депутатҳои халқӣ, ки ба қарибӣ баргузор гардид, дар рӯҳи тамоюлҳои демократӣ гузашт ва ба шаҳрвандон барои иштироки фаъолонаашон дар он миннатдорӣ изҳор намуд.
Вилоят, ки ба шарафи ниёи бузургамон – Алишер Навоӣ номгузорӣ шудааст, бояд намунаи тарбияи маънавӣ ва рушди маърифат гардад. Дар ин ҷанбаъ сарвари давлат пешниҳод кард, ки 2025 дар вилоят Соли Алишер Навоӣ эълон карда шавад. Дар чаҳорчӯби ин ташаббус озмуни ҷумҳуриявӣ ва хониши Навоӣ баргузор гардида, барои ҷавонон китобҳо нашр ва аз рӯи осори шоир филмҳо ба навор гирифта мешаванд. Дар шаҳраки «Навоии Нав» ҳайкали муҳташам ва осорхона сохта мешавад.
Дар соҳаи иқтисодиёт нишондиҳанда ва нақшаҳо муфассал таҳлил шуданд. тӯли ҳафт соли охир дар Навоӣ 6,5 ҳазор лоиҳа ба 8 миллиард доллар татбиқ гардида, ба миқдори 27 триллион сӯм арзиши иловагӣ фароҳам оварда шуд. Шумораи соҳибкорон се баробар афзуд. Дар ин муддат иқтисодиёти вилоят аз ҷойи нӯҳум ба ҷойи сеюм баромада, ба 82 триллион сӯм расид. Соли ҷорӣ 577 лоиҳа ба 2,2 миллиард доллар татбиқ мешавад, ки 10 ҳазор ҷойҳои кории сердаромадро фароҳам меорад.
Бо вуҷуди ин, имкониятҳои назаррас барои рушд боқӣ мемонанд. Вилояти Навоӣ дар маркази кишвар ҷойгир буда, захираҳои бузурги табиӣ, инфрасохтори пешрафта ва иқтидори баланди инсонӣ дорад. Дар ҳудуди вилоят 20 фоизи захираҳои маъдании Ӯзбекистон мавҷуд аст, ки тахминан беш аз 5 триллион долларро ташкил медиҳад. Ин имкони қонеъ гардондани талаботи ҳар гуна сармоягузорро фароҳам меорад.
Дар вилоят ҳар сол ба беш аз 100 триллион сӯм маҳсулоти саноатӣ истеҳсол мешавад. Даромад ба сари аҳолӣ дар ҷумҳурӣ ҷойи дуюмро ишғол менамояд, ки барои рушди соҳибкории маҳаллӣ, савдо, соҳаи хидматрасонӣ, хӯроки умумӣ ва сайёҳӣ имкониятҳои калон фароҳам меорад.
Дар ин ҷо соле 11 миллиард киловатт соат қувваи барқ истеҳсол мешавад, неругоҳҳои барқии бодӣ ва офтобӣ, ки иқтидори умумии онҳо 5,2 гигаватт мебошад, ба қарибӣ ба кор андохта мешаванд. Ин кори бефосилаи корхонаҳои нави саноатӣ ва хидматрасониро таъмин мекунад.
Дар ин замина суоле ба миён гузошта шуд, ки ҳокими вилоят, ҳокимони 11 шаҳру ноҳия, ташкилотҳои давлатӣ ва бонкҳо, инчунин, «ҳафтгона» дар 330 маҳалла аз ин имкониятҳо то чӣ андоза самаранок истифода мебаранд.
Дар соли 2025 ба вилоят ҷалб кардани 3,7 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ба нақша гирифта шудааст, ки имкони кушодани 600 корхонаи нав ва созмон додани 15 ҳазор ҷойҳои кории сердаромадро фароҳам меорад. Ин лоиҳаҳо ба рушди на танҳо Навоӣ, балки вилоятҳои ҳамшафати он мусоидат мекунад.
Мувофиқи қонуни нав «Дар бораи қаъри замин» низоми нав ҷорӣ хоҳад шуд, ки бинобар он тамоми конҳои захираҳои стратегӣ аз арзёбии байналмилалӣ мегузаранд. Дар вилояти Навоӣ раёсати минтақавии Вазорати саноати истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ ва геология ташкил карда мешавад. Акнун раёсат масъалаҳои иҷозатномадиҳӣ, тақдими рухсатнома ва ба савдои музояда гузоштани конҳоро мустақилона ҳал хоҳад кард.
Аз ҳудуди вилоят дарёи Зарафшон ва Оқдарё, инчунин дарёҳои дарозиашон 256 километр ва каналҳои дарозиашон зиёда аз 2 ҳазор километр мегузаранд. Супориш дода шуда буд, ки дар онҳо неругоҳҳои обии хурди барқӣ сохта шаванд. Барои ин 10 миллион доллар ҷудо шуда, неругоҳи кучаки барқии обӣ дар асоси ипотекаи саноатӣ ба соҳибкорон дода мешаванд.
Дар соли оянда вазифа гузошта шудааст, ки ба Навоӣ 500 ҳазор сайёҳони хориҷиро ҷалб карда, ҳаҷми содироти хидмат то 150 миллион доллар афзун шавад. Инчунин имкониятҳои ташкил кардани нуқтаҳои савдо ва хидматгузорӣ аз конструксияҳои сабук дар шафати роҳҳо таъкид гардид.
Дар ҷамъомад ба масъалаҳои шуғл таваҷҷуҳи алоҳида дода шуд. Дар вилоят 16 ҳазор оилаи камбизоат ва беш аз 8 ҳазор нафар шаҳрвандони бекор зиндагӣ мекунанд. Қайд гардид, ки бо истифода аз иқтидори иловагӣ дар сектори иқтисодиёт онҳоро бо шуғл таъмин намудан мумкин аст. Дар назди низомҳои шуғл ва ҳифзи иҷтимоӣ мақсади дар тӯли як сол аз ҳолати камбизоатӣ баровардани 16 ҳазор оила гузошта шуд.
Таъкид гардид, ки барои ба эътидол овардани нархҳо бояд захираи маводи ғизоиро фароҳам оварда, ҳар рӯз бозорҳоро таъмин кард. Дар ин замина кишоварзӣ нақши муҳим дорад, аммо дар Навоӣ ҳамагӣ 100 ҳазор гектар замини обёришаванда мавҷуд буда, 72 фоизи онҳо бо истифодаи насосҳо обёрӣ карда мешаванд. Сарфи назар аз мавҷуд будани 9 миллион гектар чарогоҳ, саршумори чорво кам аст.
Соли оянда ба нақша гирифта шудааст, ки барои то 70 сентнерӣ баланд бардоштани ҳосилнокии пахта, нав кардани 7 ҳазор гектар боғу токзор аз Туркия ва Чин тухмӣ ва технология оварда, инчунин тамоми заминҳои обёришаванда барои кишти 10 ҳазор гектар офтобпараст ҳамчун зироати такрорӣ омода карда шавад. Тухми хӯроки чорво, гиёҳҳои шифобахш ва зираворӣ тавассути дронҳо ба чарогоҳҳо пошида, дар байни 50 ҳазор нафар сокинон тақсим карда мешаванд. Умуман дар давоми се сол ҳолати 3 миллион гектар чарогоҳ беҳтар, саршумори чорво 10 баробар зиёд карда мешавад.
Масъалаҳои вобаста ба инфрасохтор низ ба миён гузошта шуданд. Бинобар афзоиши босуръати аҳолӣ ҳудуди шаҳри Зарафшон аз ҳисоби ноҳияи Томдӣ то 2 ҳазор гектар васеъ карда, барои 150 ҳазор нафар шароит фароҳам оварда мешавад.
Дар Зарафшон, ноҳияҳои Учқудуқ ва Томдӣ ҷамъ 200 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд. Ба ин ҷо инчунин сармоягузорони зиёди хориҷӣ меоянд. Барои ба онҳо фароҳам овардани қулайӣ пешниҳод шуд, ки аз аэропорти Зарафшон истифода бурда, ба шаҳраки «Томдии Нав» барои зиёд гардондани миқдори лоиҳаҳои соҳибкорӣ шабакаи барқи иловагӣ кашида шавад.
Оид ба навсозии 18 мактаби куҳна ва низоми таъминоти оби нӯшокӣ дар ноҳияҳои дурдаст, сохтмони боғчаю мактабҳо, инчунин мустаҳкам кардани саломатии аҳолӣ вазифаҳо гузошта шуданд. Зикр гашт, ки 9 ҳазор нафар занони ба фаъолияти соҳибкорӣ шавқмандро таълим дода, онҳоро бояд бо ҷойи кор таъмин намуд.
Тайёрӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон ва иҷрои барномаи «Макони сабз» низ баррасӣ шуд.
Шахсони масъул, роҳбарони ноҳия ва соҳаҳо дар назди фаъолони вилоят ва аҳолӣ оид ба натиҷаҳои имсола ва нақшаҳои соли оянда маълумот пешниҳод намуданд.
Ба ҷамъомад роҳбарияти Қароқалпоқистон ва тамоми вилоятҳо тавассути алоқаи видеоӣ пайваст шуданд. Шахсони масъул иброз доштанд, ки дар минтақаҳои онҳо барои татбиқи самтҳои дар вилояти Навоӣ зикршуда низ имкониятҳо вуҷуд доранд ва изҳор намуданд, ки аз онҳо хулосаҳои дахлдор бароварда, тамоми талошҳоро барои баланд бардоштани самаранокӣ равона хоҳанд кард. Аз ҷумла, чораҳо оид ба тезондани лоиҳаҳо дар соҳаҳои саноат, сохтмон, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва хидматрасонӣ барои рушди иқтисодиёти вилоят ва таъмини шуғли аҳолӣ бо роҳи мусоидат ба соҳибкорӣ ва роҳнамоии касбӣ эълон карда шуданд. Нақшаҳо то охири сол ва барои соли оянда муайян гардиданд.
Бо ҳамин сафари Президент Шавкат Мирзиёев ба вилояти Навоӣ анҷом ёфт.
Зиёдулла ҶОНИБЕКОВ,
Икром АВВАЛБОЕВ,
мухбирони ӮзА.