Чораҳо оид ба рушди картошкакорӣ муайян а шуданд

  • Чораҳо оид ба рушди  картошкакорӣ муайян а шуданд
  • Чораҳо оид ба рушди  картошкакорӣ муайян а шуданд
  • Чораҳо оид ба рушди  картошкакорӣ муайян а шуданд

Президент Шавкат Мирзиёев бо тақдимот дар бораи нақшаҳо ва пешниҳодҳо оид ба рушди картошкапарварӣ шинос шуд.

Имрӯз талаботи мамлакати мо ба картошка қариб ба 4 миллион тонна мерасад. Зиёда аз 80 дарсади ин ҳаҷм аз ҳисоби истеҳсоли ватанӣ, боқимонда аз ҳисоби воридот таъмин карда мешавад.

Воридоти зиёд бо як қатор мушкилот дар ин соҳа ба вуҷуд омадааст. Инак, имрӯз дар 253 ҳазор гектар картошка парвариш карда шуда, аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна 163 сентнер ҳосил гирифта мешавад. Ин дар муқоиса бо дигар кишварҳо нишондиҳандаи хеле паст аст.

Мушкилоти дигар бо истифодаи тухмӣ вобаста аст. Аз сабаби маҳдуд будани дастраси ба тухмии элита ва тухмии R1 аҳолӣ ва хоҷагиҳо маҷбуранд тухмии аз хориҷа овардашуда ё пастсифати маҳаллиро кишт кунанд. Барои парвариши картошкаи тухмии серҳосил замини кишт ва гармхонаҳо, инчунин анборҳои нигоҳдории он намерасанд. Лабораторияе нест, ки касалиҳои вирусӣ ва бактериявиро санҷида, боиси паст шудани ҳосил изоҳ диҳад.

Дар рафти ҷамъомад пешниҳодҳо оид ба ҳалли ин масъалаҳои мубрам ва рушди картошкапарварӣ ва тухмии он мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

То имрӯз дар генофонди миллӣ 250 навъи картошка мавҷуд буда, 4 корхона ва муассисаи илмӣ-тадқиқотӣ ба офаридани тухмии ватанӣ аз 27 навъ шурӯъ намудаанд.

Яке аз онҳо корхонаи муштараки Ӯзбекистону Корея дар Самарқанд аст. Бо мақсади васеъ намудани имкониятҳои он, дар марҳилаи аввал ҷудо кардани 500 гектар замин дар ноҳияҳои Булунғур, Тайлоқ ва Самарқанд, инчунин 2 ҳазор гектар дар ноҳияи Бӯстониқи вилояти Тошканд, дар ноҳияҳои Бахмал ва Зомини вилояти Ҷиззах, ноҳияҳои Китоб ва Шаҳрисабзи вилояти Қашқадарё ба нақша гирифта шудааст.

Барои рушди тухмипарварӣ дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии сабзавоту полизӣ ва картошка дар майдони 4 гектар ва дар корхонаи «Green Korea Agro Invest»-и Самарқанд дар майдони 1 гектар гармхонаҳо ва анборҳои яхдон сохтан ба нақша гирифта шудааст. Лоиҳаҳои мазкур аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ шуда, давраи пурраи парвариши тухмии картошка бо усули in vitro ба роҳ монда мешавад.

Инчунин дар назди филиали самарқандии Донишгоҳи давлатии аграрӣ Тошканд маркази тухмии картошка аз рӯи принсипи “илм – таълим – истеҳсолот” таъсис дода мешавад. Лабораторияи арзишаш 4 миллион доллар барои ошкор кардани бемориҳои вирусии пинҳонӣ ва арзёбии нишондиҳандаҳои сифати картошка ба кор андохта мешавад.

Зимнан зикр гардид, ки дар натиҷаи татбиқи чунин тадбирҳо аз соли 2025 талаботи дохилӣ ба картошкаи тухмӣ пурра қонеъ гардонида мешавад.

Сарвари давлатамон ин пешниҳодҳоро маъқул дониста, ҷиҳати зиёд намудани истеҳсоли тухмии картошка ва беҳтар намудани сифати он супоришот дод.

Ба Вазорати кишоварзӣ вазифа гузошта шуд, ки ба 1700 хонавода 500 тонна тухмии элитаи картошкаро ройгон тақсим кунад ва ба картошкапарварон маблағҳои имтиёзнок ҷудо кунад.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: